• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Ҷаласаҳои навбатии бахшҳои конференсия дар донишгоҳ

photo 383.jpg - 5.65 MbҶаласаҳои навбатии бахшҳои конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодон ва  донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, ки бо ибтикори Раёсати илм ва инноватсия дар доираи «Ҳафтаи илм» ва бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021)» зери унвони «Илму маърифат - омили муҳими рушди ҷомеа», ки санаи 16-уми апрели соли  ҷорӣ  ба кори худ оғоз бахшида буд, идома ёфтанд.

Ҷаласаҳо асосан дар бахши илмҳои филологӣ, аз ҷумла филологияи тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ ва забонҳои романӣ-германӣ баргузор гардиданд.

Дар бахшҳои конференсия тибқи барномаи он 156 маърӯзаи илмии устодон ва 133 маърӯзаҳои илмии донишҷӯён баррасӣ гардиданд. Марӯзаҳои илмӣ дар бахши филологияи тоҷик, аз ҷумла «Вожаҳои туркишудаи суғдӣ дар забони тоҷикӣ», «Рехтаҳои фразеологӣ дар гӯйишҳои минтақаи Кӯлоб», «Настаълиқ ва анвои хатти форсии арабиасос: умумият ва тафовутҳо» ва ғайра аз қабили ин маърӯзаҳо ба шумор мераванд. Дар бахши забони англисӣ, романӣ-германӣ, забон ва адабиёти рус низ мақолаҳои ҷолиби диққат ва дорои моҳияти баланди илмӣ пешниҳод ва баррасӣ карда шуданд.

Маърӯзаҳои аз тарафи донишҷӯён пешниҳодгардида низ дар ин бахшҳо баррасӣ гардиданд, ки дорои моҳияти баланди илмӣ буданд ва дар онҳо масъалаҳои рушди деҳот, рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳлил карда шуда, мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Бештари маърӯзаҳои устодон ва донишҷӯён, дар бахшҳо муҳокима карда шуданд, мавриди баҳси тулонии илмӣ қарор гирифтанд.

Раёсати илм ва инноватсияи

ДДОТ ба номи С. Айнӣ

photo  384.jpg - 5.70 Mbphoto  387.jpg - 6.06 Mbphoto  385.jpg - 5.85 Mbphoto  386.jpg - 6.16 Mb photo  388.jpg - 5.91 Mb photo  389.jpg - 5.63 Mb photo  394.jpg - 6.40 Mb photo  395.jpg - 5.45 Mb

photo  390.jpg - 4.78 Mb photo  391.jpg - 5.76 Mb photo  392.jpg - 5.83 Mb photo  393.jpg - 5.61 Mb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj