• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
10.02.2023 10:12

МАСИРИ  70-СОЛАИ  ЗИНДАГИИ ДУ ДОНИШМАНД

Имрӯз, 10 феврали соли 2023 бо дастури ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода  устодони донишгоҳ , олимони забардасти тоҷик Мансур Нӯъмонов, профессори кафедраи методикаи таълими математикаи  факултети математика ва информатика, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон  ва Абдулбоқӣ Нурзода,  доктори илмҳои педагогӣ, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ки маросими  зодрӯз доштанд, бо туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Дар ҷараёни табрикот муовини аввал, муовини ректор оид ба корҳои таълим Айнуллозода Н., муовини ректор оид ба корҳои илм Сангинзод Д.Ш.  ва раиси иттифоқҳои касабаи устодону кормандони донишгоҳ Зикирзода Ҳ. сухани табрикӣ баён карда, аз номи ректор ва раёсати донишгоҳ, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯён онҳоро ба ифтихори рӯзи таваллуд табрик карданд.

 
09.02.2023 03:22

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОН

Дар таърихи 8-уми феврали соли 2023 таҳти роҳбарии раиси Шурои олимон А. Ибодуллозода ҷаласаи навбатии Шурои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардида, як қатор масъалаҳои асосӣ, ташкилӣ ва ҷорӣ матраҳ гардиданд. Аз ҷумла, сардори Раёсати таълим И.Сулаймонов оид ба ҷамъбасти даври асосии сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2022, сардори раёсати илм ва инноватсия Идиев С. бобати вазъи иҷрои барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои солҳои 2020-2040 дар факултетҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, сардори Маркази табъу нашр, тарҷума ва баргардон Мардонзода Ҷ. оид ба фаъолияти Маркази табъу нашр, тарҷума ва баргардон дар соли 2022 ва нақшаи дурнамо барои соли 2023, Н. Абдурашитов оид ба иҷрои қарорҳои Шурои олимон гузориш ироа карданд.

 
07.02.2023 09:24

РИОЯИ ИНТИЗОМИ МЕҲНАТ ҲАТМИСТ

Дар таърихи 6 феврали соли 2023 дар факултети забонҳои романӣ-германӣ бо иштироки муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Наҳтулло Айнулозода, раиси Иттифоқи касабаи устодону кормандон Ҳобил Зикирзода ва муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Шаҳриёр Мирзозода ҷаласа баргузор гардид. Зимни ҷаласа Наҳтулло Айнулозода оид ба интизоми меҳнат ва ҷавобгарӣ нисбати вайрон кардани талаботи низоми меҳнат сухан ронда, таъкид намуд, ки талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи донишгоҳ оид ба интизоми меҳнат аз тарафи кормандону устодони факултет бояд риоя карда шавад ва агар дар ҳолатҳои вайрон гардидани меъёрҳои интизоми меҳнат аз тарафи устодону кормандон мушоҳида шавад, нисбати онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

 
07.02.2023 00:22

ШАРҲИ НУКТАҲОИ ПАЁМ ДАР ФАКУЛТЕТИ ПСИХОЛОГИЯ

Дар таърихи 6 феврали соли 2023 дар факултети психология ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Айнуллозода Наҳтулло, декани факултет Дадабоева Мадина, раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯён Раҷабов Дилшод, сармутахаcсиси шуъбаи тарбия Ҳасанов Ҳусейн, муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Носирова Гулноза ва як устодону донишҷӯён иштирок карданд. Зимни ҳамоиш нуктаҳои асосии Паём шарҳу тавзеҳ дода шуда, аз ҷумла зикр карда шуд, ки Пешвои миллат, аз ҷумла дар Паёми худ иброз доштанд, ки дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд. Инчунин гуфта шуд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам дастури муҳим ва роҳнамо барои ҳар як сокини кишвар маҳсуб ёфта, ҳар як шахси ватандӯстро водор месозад, ки дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши мондагор дошта бошад.

 

 
06.02.2023 10:38

ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲ ИСТЕҲСОЛИ МИЗУ КУРСИҲОИ ЗАМОНАВИРО БА РОҲ МОНД

Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки аз соли 2015 инҷониб фаъолияташ чашмрас набуд, имрӯз бо ташаббуси Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст истеҳсоли мизу курсиҳои замонавиро ба роҳ монд. Ректори донишгоҳ иброз дошт, ки мақсад аз коркарди мизу курсиҳои замонавӣ дар назди Парки технологии донишгоҳ ин ба хотири давра ба давра иваз намудани мизу курсиҳои куҳнаву фарсудае, ки солиёни зиёд дар чанде аз синфхонаҳои таълимӣ истифода мешаванд, мебошад.

 
03.02.2023 06:29

МУЛОҚОТИ МУОВИНИ РЕКТОР БО МАГИСТРАНТИ ХОРИҶӢ

Возможно, это изображение 3 человека, люди сидят и в помещенииДар таърихи 3 феврали соли 2023 Қурбонзода Рухшона, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо магистранти Донишгоҳи Венаи Утриш Линда Либих, ки барои тадриси забони олмонӣ ба донишгоҳ ташриф овардааст, мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ташкили маҳфилҳо барои донишҷӯён ва курси таклмили ихтисос барои омӯзгорони ҷавони шӯъбаи забони олмонӣ баррасӣ гардиданд. Зимнан пешниҳод карда шуд, ки мутахассиси соҳибзабон барои баланд бардоштани сатҳи забондонии донишҷўёни шӯъбаи забони олмонӣ кӯшиш ба харҷ диҳад ва барои тайёр намудани онҳо ба озмунҳои дохилидонишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ саҳмгузор бошад.

 
03.02.2023 05:50

ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

2-юми феврали соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур ректори донишгоҳ, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ректор, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва муовинони декан оид ба корҳои тарбиявии факултетҳо ширкат намуданд.
Ҷаласаро ректори донишгоҳ ифтитоҳ намуда, зимнан иброз дошт, ки раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамарӯза миёни донишҷӯёни факултетҳо, инчунин дар хобгоҳҳои донишгоҳ вохӯриву суҳбатҳо миёни донишҷӯён баргузор намуда, ҷиҳати дурӣ ҷустан ва огаҳӣ пайдо намудан аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ки оқибати нохуб дорад, онҳоро огоҳ менамояд.

 
02.02.2023 06:54

ПАЙОМАДИ НИКОҲИ ХЕШУТАБОРӢ НОГУВОР АСТ

Дар таърихи 2 феврали соли 2023 дар факултети психология доир ба никоҳи хешутаборӣ ва оқибатҳои он семинар баргузор гардид. Дар кори семинар муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Назарзода Нигора, мутахасссиси Маркази шаҳрии ташакули тарзи ҳаёти солим Худойдов Аҳмадҷон, декани факултет Дадабоева Мадина, профессори кафедраи психологияи умумӣ ва педагогӣ Маҷидова Бибиҳафиза, устодони кафедраи психологияи умумӣ ва педагогӣ Назарова Зебонисо ва Рустамова Зарина ширкат ва суханронӣ карданд. Зикр карда шуд, ки никоҳи хешутаборӣ пайомади нохуш дорад ва дар никоҳи хешовандони наздик хатари тавлиди кӯдакони бемор 25%-ро ташкил менамояд. Дар сурати бо писари хола, тағо, амак издивоҷ намудан ин хатар ба 46 % мерасад.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ