• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
09.01.2023 08:48

РЕКТОР: ПЕШРАВӢ АЗ ДУРУСТИИ КОР ВОБАСТА АСТ!
Имрӯз, 9-уми январи соли 2023 бо ширкати Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи назоратӣ дар толори Шӯрои олимон баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ ҷаласаро аз пурсиши ҳисоботи ҳафтаинаи масъулин ва деканони факултетҳо оғоз намуда, зимнан аз бемасъулиятии деканони факултетҳои психология, забони русӣ, география, забони англисӣ, химия ва маркази техникӣ ҷиҳати дар муҳлати пешбинишуда пешниҳод накардани ҳисобот ёдовар шуд.
Ҳамзамон Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ аз мушкилоти соҳаҳои мазкури самти илму таълим, аз ҷумла, нақшаҳои инфиродӣ, саоатҳои таълимӣ, мақолаҳои омӯзгорон, ҳолати иштироки магистрону унвонҷӯён дар дарсҳо, таҳсилоти фосилавӣ, таҳлилу баррасии раванди имтиҳонот, назорати қатъии раванди баргузории имтиҳонҳо, махсусан донишҷӯёни шакли таҳсили рӯзона, интизоми донишҷӯёну омӯзгорон, изҳори нигаронӣ намуда, масъулинро ҷиҳати таҳти назорати ҷиддӣ қарор додани масъалаҳои мазкур ва инчунин атрофи масъалаҳои муҳими дигар низ дастур дод.
 
07.01.2023 06:25

ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

Дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-038 – и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар таърихи 5 январи соли 2023 омӯзгори кафедраи ботаникаи факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  Сафармади Мирзовалӣ рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Аломатҳои биоморфологии топинамбур (HELIANTHUS TUBEROSUS L.) дар шароити водиҳои Кӯлобу Ҳисор” зери роҳбарии доктори илмҳои биология Қурбоналӣ Партоев аз рӯи ихтисоси 03.02.01-Ботаника бомуваффақият ҳимоя намуд.

Раёсати донишгоҳ Сафармади Мирзовалиро ҷиҳати ҳимояи рисолаи номзади илм  табрику таҳният намуда, дар корҳои минбаъдаи ӯ комёбиҳои назаррасро таманно дорад.

 
06.01.2023 08:28

ШАРҲИ НУКТАҲОИ МУҲИМИ ПАЁМ ДАР КАФЕДРАИ ҲУҚУҚ

Дар таърихи 6 январи соли 2023 бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вобаста  ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии кишвар  ироа гардида буд, ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҷараёни  баргузории ҳамоиш муовинони ректор оид ба корҳои таълимӣ ва илмӣ Айнуллозода Н. ва Сангинзод Д. Ш., инчунин як зумра устодону донишҷӯён ширкат намуданд. Ҳамоишро мудири кафедраи мазкур номзади илмҳои таърих Аламов Ҳ. оғоз намуда, қайд кард, ки Паёми солонаи Роҳбари давлат аҳаммияти бисёр муҳимми сиёсӣ ва рамзӣ дошта, худи ҳастии давлатии миллат ва истиқлолияти сиёсии давлатро ифода мекунад. Новобаста аз чигунагии мазмуни сиёсату барномаҳои Паём, худи аз тарафи роҳбарияти кишвар мустақилона муайян ва озодона эълон шудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, моделу шеваи давлатдорӣ, низоми арзишҳои интихобшуда ва тарзу марҳилаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар маҳз маънои худмуайянкунии давлатӣ ё истиқлолияти сиёсии кишварро дорад. Яъне, худи Паём хоси давлати мустақилест, ки моҳият ва самтҳои сиёсатгузориро худ мустақилона муайян мекунад. Сипас, профессори кафедра Раҷабов С. баромад намуда, доир ба нуқтаҳои муҳими Паём ибрози андеша намуд ва ҳамзамон ёдовар шуд, ки  ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоссатан Пешвои миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ бесобиқаанд.

 
06.01.2023 04:19

ТАРҒИБИ ҒОЯҲОИ ПАЁМ ВАЗИФАИ МОСТ
Тибқи дастури ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, муҳтарам Аҳлиддин Ибодуллозода ҷиҳати омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар таърихи 23 декабри соли 2022 таҳти унвони “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” оғоз аз ибтидои соли нави милодии 2023 дар ҳама хобгоҳҳои донишҷӯён гузаронидани вохуриҳо ба нақша гирифта шудааст. Муқаррар шудааст, он устодону кормандоне, ки дар баргузории Паём бевосита иштирок намудаанд, дар боби муҳтавои нуктаҳои Паёми Сарвари давлат маъруза ироа кунанд. Дар ҳамин асос дар таърихи 05 январи соли 2023 муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш. ва сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия Мусомирова З. дар аснои мулоқот бо донишҷӯёни хобгоҳи №6 вобаста ба он масоиле, ки аз Паём сарчашма мегирад, хусусан доир ба рушди соҳаи маорифи кишвар ҳарф зада, аз ҷумла ин суханони Пешвои муаззами миллатро қайд намуданд: “Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад.Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад.”
 
06.01.2023 04:16

ИҚДОМИ НАВБАТИИ РЕКТОР: ҒОЛИБОНИ ОЗМУН МИНБАЪД БО ТАҲСИЛИ РОЙГОН ВА ҶОИ КОР ДАР ДОНИШГОҲ ТАЪМИН МЕШАВАНД!
Дар асоси тасмим ва иқдоми навбатии Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ минбаъд донишҷӯёне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, дар зинаи таҳсилоти магистратура тариқи буҷавӣ ба таҳсил ҷалб карда шуда, баъд аз хатми зинаи мазкур дар донишгоҳ ба кор таъмин карда мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки ин тасмими ректори донишгоҳ дар заминаи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй гирифта шудааст.
 
03.01.2023 12:24

ҲИСОБОТИ СОЛОНАИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРИИ ПОЙТАХТ

Дар таърихи 3 январи соли 2023 ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки ҳайати профессору устодон, садорати факултетҳову мудирони кафедраҳо ва роҳбарони зерсохторҳо дар ҳузури намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳисоботи ректори донишгоҳ Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло оид ба натиҷаи фаъолияти донишгоҳ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 шунида шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар раванди баромади хеш ректори донишгоҳ доир ба ташкили раванди таълим, тарбия, илм, иқтисоду хоҷагидорӣ ва пешрафту камбудиҳои дар ин самтҳо ҷойдошта маълумоти муфассал дод. Ҳамзамон барои беҳтар намудани сифати таълим ва баланд бардоштани иқтидори илмӣ дар соли 2023 ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар фарҷом як қатор устодону донишҷӯёне, ки дар озмунҳову олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гашта буданд, бо ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 
31.12.2022 05:46

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТӢ

Дар таърихи 30 декабри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати Донишгоҳ баргузор шуд. Ректори Донишгоҳ, муҳтарам  Ибодуллозода Аҳлиддин иттилоъ доданд, ки тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 1824 аз 30 декабри соли 2022 бо дастрасии моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва банди 11 Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси пешниҳоди роҳбари муассисаи мазкур Қурбонзода Рухшона Қурбон ба вазифаи муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ таъйин гардид. Лозим ба зикр аст, ки хонума Қурбонзода Рухшона Қурбон то ин замон вазифаи декани факултети филологияи тоҷики донишгоҳи мазкурро ба уҳда дошта, дар замони иҷрои вазифаи зерин дар рушди соҳаи маориф ва дастовардҳои муассиса саҳми бориз гузоштааст.

 
31.12.2022 03:02

РЕКТОРИ СОЛ – РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРИИ ПОЙТАХТ
Чӣ тавре, ки пайки тоза расид, тибқи назарсанҷии таҳиякардаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj дар миёни ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, муҳтарам Аҳлиддин Ибодуллозода бо гирифтани раъйи бештар (10753 овоз) ҳамчун “Ректори сол” шинохта шуд. Лозим ба зикр аст, ки овоздиҳӣ тариқи сомонаи Pressa.tj аз 14 то 30-юми декабри соли 2022, соати 12:00 идома ёфт. Лоиқи қайд аст, ки ҳамасола барои дарёфти чеҳраҳои сол аз рӯи 10 номинатсия пурсиш мегузаронанд. Ҳадаф аз он муайян кардани раисон, вазирон, соҳибкорон, бонкирҳо, сарояндагон, блогерҳо, адибон, ректорҳо, ҳунармандон мебошад, ки дар тӯли сол соҳиби дастовардҳо шудаанд. Баъдан, барои интихоби ягона аз даҳгона дар сомонаи Pressa.tj овоздиҳии онлайнӣ сурат гирифт.
 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ