• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
08.11.2022 11:27

МАҲФИЛИ “ХИРАДМАНД” БО ШИРКАТИ МУҲАММАД ҒОИБ

Дар таърихи 8-уми ноябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  маҳфили “Хирадманд” бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб баргузор гардид. Маҳфилро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Дониёр Сангинзод ҳусни оғоз бахшида, зикр намуданд, ки Муҳаммад Ғоиб муаллифи зиёда аз 40 асар, аз ҷумла «Турнаҳо», «Роҳи деҳа», «Фарёди ёдҳо», «Меҳри гиёҳ», «Хоки ватан», «Гавҳари меҳр», «Нури дида», «Боми сипеҳр», «Гумгаштапайдо», «Роҳи каҳкашон», «Пойгаҳ», «Ватани Наврӯз», «Фархундапай», «Шоҳи Ҳамадон », «Сад ғазал», «Поси ошноӣ», «Парчами нанг», «Девон» «Каъбаи дил», «Подарок» (бо забони русӣ), «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» ва ғайра мебошанд. Ҳамчунин якчанд очерку новеллаҳои телевизионӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Драмаҳои машҳури "Шоҳи Ҳамадон", "Мири Кабир","“Имоми Аъзам","Арвоҳзада","Зиндамаргон", "Волидони беворис", филмномаҳои "Гумгаштапайдо", "Пуштаи хандақпеч", "Ҳасрати дидор","“Вафодор" ва ғайра зодаи эҷоди ӯянд.

 
08.11.2022 11:03

Аз 1-ум то 3-юми ноябри соли 2022  намояндагони Донишгоҳ дар конфронси байналмилалии таълимӣ таҳти унвони ”Ҳамкорӣ баҳри нигоҳдошт ва таҳкими мероси маънавии халқи рус”, ки аз ҷониби Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М. Акмулла ташкил карда шуда буд, иштирок намуданд. Дар конфронси мазкур Самиев Б. – профессори кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносӣ, Байдуллоев А. – дотсенти кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷума, Карабаев Б. – директори маркази рушди таҳсилоти муттасил ва педагогикаи ҷаҳон ширкат намуда, оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккул ва рушди фарҳанги Авруосиё, муҳити таълимӣ ва тафаккури иҷтимоии ҷавонон, саҳми волидайн дар раванди ташаккулёбии маънавию ахлоқии шахсият маърӯза карданд.

 
08.11.2022 08:14

РЕКТОР: ЛАБОРАТОРИЯҲОИ ТАЪЛИМИРО БО ТАҶҲИЗОТИ МУОСИР ТАЪМИН МЕНАМОЕМ!

Имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ бо иштироки муовинони ректор, деканону сардорони раёсатҳо ҷаласаи корӣ баргузор намуд.

Дар ҷаласаи корӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ масъалаҳои назорат ва одилона ҷамъбаст намудани озмунҳо, вазъи хориҷ ва барқорории донишҷӯён, назорати сарбории омӯзгорон, назорати донишҷӯёне, ки стипендия мегиранд, назорати мактубҳои воридотӣ, таъмини лабораторияҳоро бо лавозимоти таълимӣ, озмуни “Фалаксароён” ва баргузор намудани озмунҳои нав дар миёни донишҷӯёнро мавриди баррасӣ қарор дод.

 
07.11.2022 05:56

ПОКИЗАГӢ ШИОРИ КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ

Имрӯз баҳри покизагиву ободкорӣ дар атрофи биноҳои таълимӣ ва бинои асосии раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шанбегӣ баргузор карда шуд.

Дар шанбегии мазкур кормандони раёсати илм ва инноватсия, маркази бақайдгирӣ, факултети технология ва соҳибкорӣ ширкат намуда, атрофи биноҳои таълимӣ ва асосии Донишгоҳро тозаву покиза намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи ректори Донишгоҳ мунтазам чунин шанбегиҳо дар Донишгоҳ ҳар ҳафта баргузор карда мешавад.

 
07.11.2022 05:52

ҒОЛИБИ ОЗМУН ДАР НОМИНАТСИЯИ ШОИРӢ

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» баргузор гардида истодааст, ки он аз рӯйи номинатсияҳои эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қироати беҳтарини шеър дар васфи пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, суруди беҳтарини гурӯҳӣ дар васфи пойтахти кишвар доир мешавад.Озмуни мазкур дар се давр баргузор гардида, моҳҳои сентябр — октябр дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, дигар ташкилоту муассиса ва корҳонаҳо, даври дуюм – нимаи дуюми моҳи октябр дар сатҳи ноҳияҳо бо иштироки ғолибони даври якум барпо шуда, даври сеюм (шаҳрӣ — асосӣ) – нимаи аввали моҳи ноябр бо иштироки ғолибони даври дуюм баргузор мегардад.

 
07.11.2022 05:50

ҚАБУЛИ РЕКТОР: ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДОНИШҶӮЁН ВАЗИФАИ МОСТ!

Имрӯз аз ҷониби ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода қабули шаҳрвандону донишҷӯён баргузор гардид.

Сарвари Донишгоҳ ҳамаи арзу шикояти муроҷиаткунандагонро шахсан шунида, дар доираи талаботи қонун ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Илова бар ин, ректори Донишгоҳ зимни қабули донишҷӯёну шаҳрвандон иброз дошт, ки барои ҳалли мушкилоти донишҷӯён мебояд онҳоро дастгирӣ ва ба роҳи дуруст роҳнамоӣ намуд.

 
07.11.2022 05:48

ОМӮЗГОРОНИ ЛУҒАТДОН НИЗ ҲАВАСМАНД КАРДА МЕШАВАНД

Баҳри ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии омӯзгорону кормандон аз ҷониби ректори Донишгоҳ тасмим гирифта шуд, ки вобаста ба кӯшишу талоши онҳо мукофоти пулӣ дода шавад.

Омӯзгороне, ки аввалин шуда то рӯзҳои 18-19-уми ноябр 400 вожаи аз ҷониби Вазорати маориф ва илм пешниҳодшударо бо иловаи 2 ғазали муқарраршуда азбар менамоянд, бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

 
04.11.2022 11:15

30 СОЛИ ҲАМБАСТАГИИ ҶАВОНОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии шаҳри Душанбе дар робита бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар арафаи 30- солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани конфронсҳои илмӣ-амалӣ таҳти унвони “30 соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат” омодаву тасдиқ гардидааст ва марбут ба ин дар таърихи 4 ноябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур Дилошӯб Розиқзода, муовини сардори раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулзод Махкам Ҷума, муовини сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Давлатшоҳ Маҳмудов, устоди кафедраи халқи тоҷики донишгоҳ, Ҳабибулло Сатторӣ, сармуҳаррири нашрияи “Омӯзгори ҷавон”, Давлатшо Каримов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ  дар боби мавзӯи мадди назар суханронӣ намуда, зикр карданд, ки Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи сарнавиштсози халқи тоҷик буда, ба арсаи сиёсат абармардеро овард, ки чархи тақдири ин миллати куҳанбунёдро тағйир дод.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ