• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
29.11.2022 02:52

ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ РОМАНӢ-ГЕРМАНӢ

Дар таърихи 28-уми ноябри соли 2022 дар факултет забонҳои романӣ-германӣ бахшида ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар гурӯҳи 110, ихтисоси забони муосири олмонӣ-тарҷумон дарси кушоди тарбиявӣ баргузор карда шуд. Дар дарси кушод декани факултет Қувватова С.М., раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯён Раҷабов Д., мудири бахши кор бо занону бонувон Далатзода М., мутахасиси шуъбаи тарбия Исломзода Ф., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Каримов Д. ва як зумра устодону донишҷӯён ширкат намуданд.
Дарсро Мадиева У., сарпарасти гурӯҳ ҳусни оғоз бахшид. Баъдан донишҷӯён барномаи омода намудаи худро, ки аз маърӯза, сурудхонӣ ва саҳначаи тарбиявӣ иборат буд, пешкаши ҳозирин намуданд.

 
29.11.2022 02:45

ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ТАЪРИХ ВА ҲУҚУҚ
Тибқи ҷадвал дар таърихи 28-уми ноябри соли 2022 дар факултети таърих ва ҳуқуқи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҳисоботи солонаи илмии факултет шунида шуд. Ҷаласаи ҳисоботиро декани факултет профессор А. Ҳусайнов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро муаррифӣ кард. Сипас, муовини декан оид ба корҳои илм н.и.т., дотсент А. Умаров ҳисоботи солонаро ироа карда, дар бораи бурду бохти факултет дар бахши маълумоти муфассал дод. Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д. Ш. доир ба камбудиҳои ҷойдошта эродҳои хешро ба садорати факултет расонда, барои ислоҳи онҳо маслиҳатҳои судманд дод. Ҳамчунин, сардори раёсати таълим Сулаймонов И., мудири бахши табъу нашр Ҷ. Мардонзода ва сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия З. Мусомирова вобаста ба роҳҳои бартараф намудани камбудиҳо изҳори андеша намуданд.
 
28.11.2022 10:38

МАЪЮБОНУ ИШТИРОКДОРОНИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД!
Имрӯз бо иштироки муовинони ректор, аъзои раёсат ва деканони факултетҳо ҷаласаи кории назди ректори Донишгоҳ баргузор гардид.
Дар ҷаласа ректори Донишгоҳ масъалаҳои риояи интизоми меҳнат, таҷрибаомӯзӣ, ташкили ихтисосҳои нав, омодагии магистрон ҷиҳати ҳифзи вожаҳои серистеъмоли забонҳои русиву англисӣ, тақсимоти дурусти соатҳои таълимиро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамзамон дастур дод, ки маъюбону иштирокдорони озмунҳои ҷумҳуриявӣ бояд аз ҷониби раёсати муассиса дастгириву қадрдонӣ карда шаванд.
 
28.11.2022 10:32

БАРРАСИИ ҲИСОБОТИ СОЛОНАИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ ФАКУЛТЕТИ ГЕОГРАФИЯ

Тибқи нақша дар таърихи 28 ноябри соли 2022 дар факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи ҳисоботӣ баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба корҳои илми донишгоҳ, профессор Сангинзод Д.Ш., сардори раёсати илм ва инноватсия Идиев С., сардори раёсати таълим Сулаймонов И., мудири бахши табъу нашр Мардонзода Ҷ.,  садорати факултет, мудирони кафедраҳо ва як қатор омӯзгорон-аъзои шурои олимони факултет  ширкат варзиданд.

Ҷаласаи ҳисоботиро декани факултет Қаландаров А. ифтитоҳ намуд, Сипас ҳисоботи солонаи фаъолияти илмии факултет аз тарафи муовини декан оид ба корҳои илмӣ Имомов А. ироа гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Вобаста ба нуқсу камбудиҳои ҷойдошта эроду музокираҳо пешниҳод гардиданд.

 
26.11.2022 08:58

БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯ

Тибқи супориши ректори Донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода дар факултетҳои донишгоҳ ҷалсаи ҳисоботи солонаи бахши илм баргузор гардида истодааст. Ҳамин тавр дар таърихи 26 ноябри соли 2022 ҷаласаи ҳисоботӣ дар факултети химия баргузор карда шуд. Дар он муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д., сардори раёсати илм ва инноватсия Идиев С., сардори раёсати таълим Искандаров С., садорати факултет, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорон иштирок карданд. Декани факултет Муродов Д. ҳисоботи солонаи бахши илми факултетро ироа намуда, оид ба дастоварду камбудиҳо маълумоти муфассал дод. Сипас, аз тарафи ҳайати комиссия ба масъулини факултет барои боз ҳам равнақ донади илм дар факултет ва инчунин ҳарчи зудтар бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда маслиҳатҳо дода шуданд.

 
26.11.2022 05:18

ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Дар таърихи 25-уми ноябр дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" ҷамъбаст гардид. Дар озмуни мазкур 3 нафар донишҷӯ аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ширкат намуда, 2 нафари онҳо аз рӯи номинатсияи география сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд: Садриддинов Озодбахт, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси геогрфия сазовори ҷойи якум ва Зиёев Ҳузуриддин, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси география-биология сазовори ҷойи 2-юм.

 
25.11.2022 08:33

ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР РОҲПАЙМОӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Субҳи 24 ноябри соли 2022 аз «Майдони Истиқлол»-и шаҳри Душанбе то майдони Парчами давлатӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паради идона ва роҳпаймоӣ таҳти унвони «Парчам – рамзи ҳувВияти миллӣ ва иттиҳоди миллати тоҷик» бо иштироки роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории ТоҶикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Инчунин дар роҳпаймоии идонаи имрӯза ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ зиёда аз 10 000 нафар иштирокчиён, аз ҷумла кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, варзишгарон, сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

 
25.11.2022 08:28

МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи дастури ректори муассиса, муҳтарам Аҳлиддин Ибодуллозода бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон ва кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ нимаи дуюми рӯзи 24-уми ноябри соли равон мусобиқаи футбол дар байни чаҳордаҳ дастаи донишҷӯйписарони факултетҳо оғоз гардид. Дар маросими оғози мусобиқа муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ, муҳтарам Айнуллозода Наҳтуллло, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Давлатшо Каримов, мудири бахши таҳлил, робита ва кор бо ҷомеа Шараф Алланазаров, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён Дилшод Раҷабов, мудири кафедраи тарбияи кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ Намозов Тошқул, чаҳордаҳ дастаи факултетҳо ва як қисмат мухлисони  футбол иштирок доштанд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ