• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Thursday, 15 February 2024 04:44
There are no translations available.

ПЕШГИРИИ ГАРАВИШИ ҶАВОНОН БА САФИ ГУРӮҲҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ ВА ТЕРРОРИСТӢ ВАЗИФАИ ҲАМАГОН АСТ!
Возможно, это изображение 4 человека, помост, Овальный кабинет и отдел новостейДар асоси нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ рўзи 14.02.2024 дар толори асосии донишгоҳ бо ширкати кулли магистрантон, инчунин муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод, сардори Раёсати илм ва инноватсия Зайдуллозода Саида, мудири шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ Кенҷаев Фаридун ва корманди раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, лейтенанти калон Табаров Шаҳриёр ҷаласа баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии
 
Tuesday, 13 February 2024 13:21
There are no translations available.

 

МУСОБИҚАИ ШОҲМОТ МИЁНИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОН ОҒОЗ ШУД
Возможно, это изображение 3 человека и шахматыИмрӯз, 13-уми феврали соли равон, дар асоси нақшаи чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ мусобиқаи шоҳмотбозӣ миёни омӯзгорону кормандон оғоз гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дар мусобиқаи мазкур шоҳмотбозони факултетҳо ва раёсати донишгоҳ миёни ҳамдигар сабқат намуда, ғолибон бо мукофотҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
Эзоҳ: Аз садорати факултетҳо ва воҳидҳои сохторӣ дархост карда мешавад, ки иштироки намояндагони худро дар мусобиқа, ки мутасаддии он
 
Tuesday, 13 February 2024 13:16
There are no translations available.

Машғулияти ҳуқуқӣ

КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАВФНОКИ ҶОМЕА

Возможно, это изображение 5 человек и помост

13 феврал дар толори бинои асосии донишгоҳ мутобиқи нақшаи тасдиқгардида хониши ҳуқуқӣ дар мавзуи “Омилҳои сиёсию ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ” (дар асоси таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон)баргузор гардид.
Машғулиятро мудири кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Қозиён Шариф Қозӣ доир намуда иброз дошт, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси олам ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва рушду суботи иҷтимоиву иқтисодии давлат эътироф гаштааст. Мавҷудияти коррупсия, паҳншавӣ ва афзӯдани он пояҳои давлатдориро заиф гардонида, нуфӯзи давлатро дар арсаи байналмилалӣ коста

 
Tuesday, 13 February 2024 13:10
There are no translations available.

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ
(бахшида ба соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”)

Дар суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш санаи 1-уми сентябри соли 2023 такид намуда буданд, ки: “Рушди босуръати техникаву технологияҳои муосир, ҷаҳонишавии низоми маориф, омезиш ва ба ҳам наздикшавии фарҳангу тамаддунҳо моро водор месозад, ки зимни татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф ҷиҳати ворид гардидан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ хеле эҳтиёткор бошем. Дар ин раванд, мо бояд беҳтарин унсурҳои низоми маорифи ҷаҳони мутамаддинро интихоб намуда, пас аз таҳлилу омӯзиши дақиқ аз

 
Tuesday, 13 February 2024 13:03
There are no translations available.

 

СОЛҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ДАР ДОНИШГОҲ ОҒОЗ ГАРДИДААСТ!
Возможно, это изображение текст «до после»Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ соли 1931 таъсис ёфта, биноҳои таълимии он маротибаи охир солҳои 1980 мувофиқ бо талаботи ҳамондавра таъмири асосӣ ва ҷорӣ гардида буд.
Лозим ба ёдоварист, ки баъди солҳои тулонӣ, ки саҳн, зинаҳо ва роҳравҳои факултетҳои химия, география, биология, педагогика, забон ва адабиёти рус, Китобхонаи донишгоҳ, кафедраҳои умумидонишгоҳӣ дар ҳоли фарсудагӣ қарор доштанд, аз оғози соли 2024 бо ибтикори ректори донишгоҳ таъмири онҳо ба роҳ монда шудааст.
 
Monday, 12 February 2024 13:06
There are no translations available.

НАҚШИ ШУРОИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ ДАР РУШДИ ИЛМӢ ВА ТАЪЛИМИИ ДОНИШГОҲ
(бахшида ба соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”)
Шурои илмӣ-методии донишгоҳ мақоми доимии экспертӣ ва машваратӣ мебошад, ки бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти илмӣ, илмӣ-методӣ ва таълимии донишгоҳ, таъмини сифати баланди маводҳои илмӣ, илмию методӣ, таълимӣ ва адабиёти дигар таъсис дода мешавад. Шурои илмӣ-методӣ мақоми коллегиалии машваратӣ ва тавсиявии роҳбарикунанда, маркази муҳокимаи масъалаҳои илмӣ, методӣ ва таълимии фаъолияти донишгоҳ ва ташкили коркардҳои илмию методӣ аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии пешбурди фаъолияти Шурои илмӣ-
 
Monday, 12 February 2024 09:57
There are no translations available.

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ОМИЛИ МУҲИМИ ТАЪМИН ВА РИОЯИ ИНТИЗОМИ МЕҲНАТ (бахшида ба соли маъфрифати ҳуқуқӣ)

Ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи мамлакат чун пайки неку шодӣ ва пайѓоми созандагӣ ироа мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2023 дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари таҳлили самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибрози дигар нуктаҳо, инчунин пешниҳод намуданд, ки ба хотири истиқбол аз љашни сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
 


Page 6 of 295
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в