• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
30.06.2022 04:09

СИТОДИ НАВБАТӢ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ ДОНИШГОҲРО БАРРАСӢ НАМУД

Имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ ҷаласаи ситодро аз баррасии масъалаҳои ҷараёни имтиҳони сессияи навбатии шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, фаъолияти боғи агробиолабораторӣ ва Маркази касбомӯзии донишгоҳ дар шаҳри Норак оғоз намуд. Ректори донишгоҳ муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ва деканони факултетҳоро вазифадор намуд, ки раванди иштироки донишҷӯёнро дар дарсҳои иловагӣ (триместр) таъмину назорат намоянд.

 
29.06.2022 04:09

РУШДИ ИЛМИ ДОНИШГОҲ АЗ МАСЪУЛИЯТИ ОМӮЗГОР ВОБАСТА АСТ

Имрӯз Дониёр Сангинов, муовини тозатаъйини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор дар толори Шӯрои олимон ҷаласаи корӣ оид ба шиносоӣ бо ҳайати кормандони бахшу сохторҳои қисми илми донишгоҳ баргузор намуд. Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ зимни ҷаласа бо фаъолияти масъулини бахшҳову сохторҳои қисми илм шинос шуда, ҳар як масъули ин ё он бахшро барои риояи интизоми меҳнат ва фаъолияти босамари корӣ баҳри рушди илми донишгоҳӣ вазифадор намуд.

 
29.06.2022 04:00

ДАСТГИРИИ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДА ВА РОҲБАРОНИ ОНҲО

Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ роҳбарон ва донишҷӯёне, ки дар даври хотимавии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, ба туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ барои ғолибони ҷойи 1-ум 4 ҳазор сомонӣ ва ба роҳбаронашон 5 ҳазор сомонӣ, барои ғолибони ҷойҳои 2-юм 2 ҳазор сомонӣ ва ба роҳбаронашон 3 ҳазор сомонӣ ва барои ғолибони ҷойи 3-юм 1500 сомонӣ ва ба роҳбараш 2500 сомонӣ тақдим намуд.

 
26.06.2022 06:41

ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОН БАҲРИ ОБОДИСТ

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки ҳамаи кормандону омӯзгорон шанбегии умумӣ баргузор гардид, ки ҳадаф аз он покиза намудани гирду атрофи таълимгоҳ, нарм кардани бехи дарахтон, тозакориҳо дар ҳудуди гулзорҳои атрофи биноҳои таълимӣ ва беҳтар намудани симои пойтахт мебошад. Дар шанбегии дастаҷамъона ҳайати кормандони раёсат, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ иштирок намуда, гирду атрофи биноҳои таълимӣ, атрофи майдончаҳои назди бинои асосиро ба тартиб оварда, алафҳои хушкида ва ҳалқагулҳои атрофи донишгоҳро тозаву озода карданд.

 
25.06.2022 05:43

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: ДАР ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ 4 МУОВИНИ РЕКТОР ВА 4 ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТ ИВАЗ ГАРДИД!

Имрӯз дар асоси фармоиши муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ як қатор тағйиротҳои кадрӣ дар сатҳи роҳбарикунанда, аз қабили 4 муовини ректор ва 4 декани факултетҳои химия, биология, забони англисиву русӣ ба амал омад.

Муаррифии кадрҳои тозатаъйин бо иштироки Наврӯз Мирзозода, сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

 
22.06.2022 04:19

РЕКТОР: КАБИНЕТҲОИ ФАННӢ ВА  ТАҲХОНАҲОИ БИНОҲО ТАЪМИРУ ТАҶДИД МЕШАВАНД

Бо мақсади бартараф намудани супоришҳои назоратӣ ва беҳтар намудани шароити таълим, инчунин тармиму таҷдид ва муҷаҳҳаз намудан бо лавозимоти муосири корӣ дар кабинетҳои фаннӣ ҷаласаи ситоди назди ректор баргузор гардид.

Ибодуллозода Аҳлиддин, ректори донишгоҳ зимни ҷаласа иброз намуд, ки мақсади асосии мо беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани иқтидори илмӣ, беҳтар намудани шароити таҳсил барои донишҷӯён мебошад. 

 
20.06.2022 11:23

МУЛОҚОТИ ИБОДУЛЛОЗОДА БО ДОКТОРАНТОН АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD)

Имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ бо мақсади татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди маориф ва илм бо докторантон аз рӯи ихтисос (Phd) вохӯрӣ баргузор намуд. Маврид ба ёдоварист, ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шумораи докторантон 82 нафарро ташкил намуда, дар курсҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм таҳсил менамоянд. Ректори донишгоҳ зимни вохӯрӣ шахсан бо ҳар як докторант суҳбат намуда, доир ба мақолаҳои чопкардаашон ва дар кадом сатҳ қарор доштани рисолаҳои илмияшон пурсон шуда, ба докторантоне, ки дар курси ниҳоӣ қарор доранд, муҳлати мушаххас барои дифои рисолаҳояшон пешбинӣ намуд.

 
20.06.2022 07:01

МАҚОМУ  ИФТИХОРИ МО ЗИ ИЛМ АСТ!

Боиси ифтихор аст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар сабқати ҷумҳуриявӣ, ки 38 муассисаи таҳсилоти  олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд, дар бахши фанҳои табиатшиносию риёзӣ дар ҷумҳурӣ ба мақоми 2-юм  сазовор дониста шуда, аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома ва як адад принтери замонавӣ қадрдонӣ карда шуд.

Соли ҷорӣ даври хотимавии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст...»  дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доир гардид.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ