• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
21.05.2022 04:36

ТАДҚИҚОТИ ГУРӮҲИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Мутобиқи қарори Шӯрои ҷамъиятии ДДОМ – ҳамчун ташкилоти базавии кишварҳои узви ИДМ оид ба омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ аз 25 феврали соли 2022 қарор оид ба ташкил ва гузаронидани тадқиқоти гурӯҳии байналмилаӣ дар мавзӯи «Таҳияи меъёрҳои мувофиқашуда ва технологияҳои мониторинги сифати таҳсилоти омӯзгорӣ дар донишгоҳҳои омӯзгории кишварҳои узви ИДМ» қабул гардид.

 
21.05.2022 03:59

ВЕБИНАРИ НАВБАТИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ узви вобастаи Шурои ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москва (ДДОМ) – ташкилоти базавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба омода намудани кадрҳои педагогӣ мебошад, ки ба ҳайати он донишгоҳҳои пешқадами омӯзгории ИДМ шомиланд. Дар доираи фаъолияташ Маркази рушди таҳсилоти муттасил ва педагогикаи ҷаҳони ДДОТ ба номи С. Айнӣ  ҳармоҳа дар вебинарҳои Маркази байналмилалии таҳсилоти омӯзгории Шурои ҷамъиятии ДДОМ ширкат меварзад. Вебинари навбати санаи 19.05.2022 баргузор гардид.

 
21.05.2022 03:51

ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАЪМИНОТИ БАРНОМАВӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ

Маркази рушди таҳсилоти муттасил ва педагогикаи ҷаҳон шахсони ҳавасмандро барои иштирок дар чорабиниҳои форуми “Таъминоти барномавии истеҳсоли Федератсияи Россия барои соҳаи маориф” даъват менамояд. Иштирокчиён метавонанд дар форуми мазкур бо таъминотҳои барномавӣ барои таҳсилоти олӣ, миёна ва иловагӣ шиносоӣ пайдо намоянд. Кумитаи тадорукоти чорабинии мазкур Ҷамъияти донишгоҳҳои омӯзгории Авруосиё мебошад.

 

 
20.05.2022 08:53

НИГОҲИ МУҲАҚҚИҚОН БА ОСОРИ ЛОИҚ

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддини Айнӣ ба ифтихори солрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ зери унвони «Нигоҳи муҳақиқон ба осори Лоиқ Шералӣ» ҳамоиши пуршукуҳи илмиву адабӣ баргузор гардид. Зимни ифтитоҳ декани факултети педагогика, номзади илмҳои филология Саъдӣ Қосимов дар мавриди ҷойгоҳи устод Лоиқ Шералӣ дар адабиёти навини тоҷик сухан карда иброз дошт, ки бо шарофати Лоиқ на танҳо муҳтаво, балки дар муҳтавои шеъри солҳои ҳафтод ва ҳаштодуми садаи ХХ - и тоҷик таҳаввули ҷиддӣ ба миён омад. Мавзуъҳои гиромидошти забони модарӣ, ҳифзи он, тақвияти худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, садоқат ба меҳан, эҳёи суннатҳои миллӣ дар он солҳо аз мавзуҳои тозаи адабиёт маҳсуб мегардиданд, ки дар замони режими ҳокими вақт кам андар ками адибон ба онҳо рӯй меоварданд. Лоиқ дар он даврон бо ҷасорати бемисли адабӣ ба ин мавзуъҳо рӯй овард, барои хештаншиносӣ  ҷадал кард, аз ин рӯ, шеъри ӯро намои худшиносии миллӣ номидан ба мақсад мувофиқ аст.

 
20.05.2022 06:37

ПАЖӮҲИШИ ТОЗАИ ИЛМӢ ДАР ШИНОХТИ ШЕЪРИ ЛОИҚ

«Ҷустор дар шинохти шеъри Лоиқ» ном дорад рисолаи илмии Холмаҳмад Раҳимӣ, ки дар арафаи солрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ интишор гардид. Монография аз се боб иборат буда, дар боби аввали он  «Вазъи адабии солҳои шастуми садаи бист ва вижагиҳои давраи аввали эҷодиёти Лоиқ» муҳаққиқ қадамҳои аввалини шоирро дар ҷодаи эҷод аз он рӯзгор меҷӯяд ва таъкид бар он дорад, ки Лоиқ ҳарчанд монанди шоирони муосираш дар ҳамин гуна муҳит мезисту эҷод мекард, вале осори давраи аввали эҷодиёташ гувоҳ аст, ки ба воқеият диди хосе дошт. Ашъори дар нахустин маҷмуааш «Сари сабз» гирд омада , нишон медиҳад, ки Лоиқ  аз оғоз аз зикри сатҳию беобуранги зоҳири воқеаю рӯйдодҳо, шӯру валвалаи даъват ба кор, ба пахтачинӣ, васфи дилбазани пешвоёни сиёсӣ, тамҷиди дастовардҳоли моддиву маишии истеҳсолӣ даст кашида, дарк ва таҳлилу таҳқиқи амиқи моҳияти масъалаҳои иҷтимоиву маънавӣ ва ифшои ҳолатҳои равониву ахлоқии инсонро ҳадафи эҷодӣ қарор додааст.

 
19.05.2022 06:13

БАРНОМАИ “ШОМИ ҶАВОНӢ”-И МАНУЧЕҲР ҶАББОРӢ

18 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон барномаи консертӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” баргузор гардид. Дар барномаи консертӣ сарояндагони эстрадаи кишвар иштирок намуда, бо сурудҳои дилнишин хотири ҳозиринро болида гардониданд. Барномаи фарҳангиро мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Маҳдӣ Абдураҳмонов ҳусни оғоз бахшида, баргузории чунин барномаи фарҳангиро дар арафаи Рӯзи ҷавонон хеле саривақтӣ ва хотирмон арзёбӣ намуд.

 

 
18.05.2022 11:43

ДУШАНБЕ, 18.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 майи соли 2022 аъзои гурӯҳи  муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади халалдор сохтани вазъияти сиёсӣ-ҷамъиятӣ шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулмаро дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон, бевосита дар назди хати сарҳади давлатӣ, ғайриқонунӣ бастанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷинояткорон бо дастгирии ташкилоти байналмилалии террористӣ силоҳу лавозимоти ҷангиро  берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ дастрас карда, барои анҷом додани амалҳои террористӣ ва дигар шаклҳои иғвоангезӣ зархаридони хориҷиро ҷалб намуданд.

 
18.05.2022 11:40

ДУШАНБЕ, 18.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ноҳияи Рӯшони ВМКБ таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии созмонҳои байналхалқии экстремистӣ-террористӣ бо мақсади халалдор намудани амнияти давлатӣ, зарба задан ба пояҳои сохти конститутсионӣ, монеъ шудан ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ба таҳлука андохтани аҳолӣ бо истифода аз силоҳу лавозимоти ҷангӣ, инчунин маводи оташафрӯзи «Коктейли Молотов» ба колоннаи мошинаҳои хизматчиёни воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии КДАМ ҶТ ҳамла намуданд. Бар асари он як афсар ба ҳалокат расида, 13 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар хабар чунин омадааст:

Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша иборат аз 200 нафар бо истифода аз тамоми намуди силоҳ дар маркази ноҳияи Рӯшон дар 3 нуқта шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ ва роҳи комендатураи сарҳадиро бастанд.

Гурӯҳҳои ҷиноятӣ барои содир намудани ин амалҳо қаблан омодагӣ дида, бо ҳамин мақсад аз хориҷи кишвар силоҳу аслиҳа ворид намуда буданд.

Ҳар сокини бовиҷдони вилоят шоҳиди он аст, ки таъкидҳои чандинкаратаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷамъомадҳо, суҳбатҳо бо иштироки аҳли ҷомеа ва аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, муроҷиатҳо тавассути воситаҳои ахбори умум барои супоридани силоҳи оташфишон, даст кашидан аз муқовимати мусаллаҳона ба муқобили сохторҳои конститутсионии мамлакат аз ҷониби дастаҳои ҷинояткор беҷавоб монданд.

Оқибат онҳо ба содир кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ гузаштанд.

Бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид. Дар натиҷа 8 нафар силоҳбадаст безарар, ёздаҳ нафар захмӣ ва беш аз ҳафтод нафар аъзои фаъоли дастаи террористӣ дастгир шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки аз миёни сокинони осоишта касе осеб надидааст.

Аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ миқдори зиёди силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ, «Коктейли Молотов» мусодира гардид.

Вобаста ба қазияи мазкур аз ҷониби прокуратураи вилоят парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Айни ҳол вазъият дар ноҳия ором буда, инфрасохтори иҷтимоӣ ва нақлияти ҷамъиятӣ ба кори муқаррарӣ ва сокинони ноҳия ба фаъолияти рӯзмарраи худ оғоз карданд.

Ба боқимонда гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша қотеъона эълон карда мешавад, ки то ҳол онҳо имконияти сулҳомези супоридани ҳама гуна силоҳ ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим шуданро доранд. Фардо дер мешавад.

Аз аҳолии вилоят эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, инфрасохтори иҷтимоӣ, фаъолгардонии масири ҳаракати нақлиёти байналхалқӣ, пешгирии тамоми намуди қонуншиканиҳо ва ахиран суботи ҷомеа, дар мисоли тамоми нуқоти кишвари азизамон кумаки худро расонанд.

Танҳо давлатмеҳварӣ ва конунмандӣ асоси амният ва рушди ҷомеа аст. Ин вазифаи муқаддасро мо дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ бо мардумони баору номуси вилоят бо қотеъият ва муваффақона амалӣ мекунем. Бо ҳамин ба фаъолияти тамоми гурӯҳҳои муташаккили силоҳдори нашъаҷалоб якбора хотима мегузорем. Роҳи дигар вуҷуд надорад.

АКС аз бойгонӣ

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ