• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
08.04.2024 11:18
There are no translations available.

ҶАЛАСА: НАЗОРАТИ ҶИДДӢ СИФАТИ ТАЪЛИМРО БЕҲТАР МЕГАРДОНАД!
Возможно, это изображение 7 человекРектори донишгоҳ бо иштироки муовинон, деканони факултетҳо ва сардорони шуъбаҳо ҷаласаи корӣ баргузор намуда, дар ҷаласа масъалаҳои назорати донишҷӯёне, ки то ҳол ба дарсҳо дер меоянд, ҳолати ҳозиршавии таҷрибаомӯзон тибқи роҳхат ба мактабҳо, назорати холҳои донишҷӯён, назорати ҷиддии ҳолати дарсшинии омӯзгорон, масъалаи китобхонаи донишгоҳ, назорати барнома ва нақшаву мавзуъҳои талимии омӯзгорон, осорхонаи таърихии донишгоҳро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар идомаи ҷаласа ректори донишгоҳ масъулинро вазифадор намуд,
 
08.04.2024 11:14
There are no translations available.

 

ТОЗАНАШР:
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТ
Дар рисола роҷеъ ба мафҳуми Ваҳдат, паҳлуҳои гуногуни он, азму талошҳои Пешвои муаззами миллат бобати бештар ва амиқтар ба мардум, билхосса ҷавонон фаҳмондани моҳият ва арзишҳои башарии ваҳдати миллӣ маводи муътамад ва арзишманд фароҳам омадааст. Китоб аз силсилаи мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ва публитсистӣ мураттаб гардида, бобати ғанӣ гардидани ҷаҳони маънавии хонанда нақши муҳим мегузорад ва доир ба ба ҷанбаҳои назарӣ ва амалии ваҳдати миллӣ, нақши ваҳдати миллӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти Тоҷикистони соҳибистиқлол маълумоти муътамад медиҳад. Ҳамчунин дар мақолаҳои ҷудогона Паёмҳои Пешвои миллат аз лиҳози хронологӣ ташреҳ гардида, нақши онҳо дар рушди тадриҷии тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол илман асоснок шудаанд.
Китоб барои сиёсатшиносон, муаррихон, устодон ва шогирдони донишгоҳҳо,
 
05.04.2024 13:12
There are no translations available.

 

ТОЗАНАШР:
ХИРАДОИНУ МЕҲРОФАРИН
Возможно, это изображение 1 человек и текстМақолаҳои меҳрбори шогирдону ҳамкорони омўзгори собиқадор ва забоншиноси номдор, шахси зиндагиафрўзи баор ва инсони батолеи хушрўзгор Ҳотам Саидов дар китоби «Хирадоину меҳрофарин» гирд омадаанд. Дар қисмати «Шукуфаҳои меҳр» чакомаҳои хомаи олимони номдор ва шогирдони қадрдон сифатҳои неки устодро васф менамоянд. Аз мутолиаи мақолаҳои «Омўзгори варзида, деҳқони асил», «Гавҳари гаронарзиш», «Зи илмаш гул кунад, ҳар ҷо гиле ҳаст» ва «Шукуфти гули меҳр» симои муҳташами ин инсони комил ва омўзгори асил дар зеҳни хонанда падид меояд.
Бахши «Башорати малоҳат» силсилаи мақолаҳои методии устоди мушфиқу меҳрубонро дар худ ѓунҷонида, ки дилбохтагони рози дониш аз онҳо як ҷаҳон дониш мегиранд ва маъниҳои бикр мечинанд.
«Ҷилои лаҳзаҳо» роҳи паймудаи устоди гавронмояро тавассути аксҳои нодир бозтоб додааст.
 
05.04.2024 13:10
There are no translations available.

 

ВОХӮРӢ БАҲРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН
Возможно, это изображение 5 человек, помост и текст5-уми апрели соли равон бо ибтикори раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш-вохӯрии муштарак дар мавзӯи “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” бо донишҷӯёну омӯзгорон баргузор намуданд.
Дар ҳамоиши мазкур Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нушервони
 
05.04.2024 13:00
There are no translations available.

КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ

Возможно, это изображение 5 человек, помост и текстИмрӯз дар донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии ҳайати профессорону омӯзгорон, аспирантон, магистрантону унвонҷӯён ва донишҷӯён дар мавзуи “Терроризм ҳамчун омили таҳдидкунандаи пойдории давлатҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ” бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 оғоз шуд. Дар сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Ибодуллозода Аҳлиддин таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз 28 декабри соли 2023, соли 2024-ро “Соли

 
05.04.2024 12:58
There are no translations available.

ТОЗАНАШР:
МЕТОДҲОИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ МАТЕМАТИКӢ
Возможно, это изображение текстКитоби дарсии номзади илмҳои физика-математика, дотенти кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Маҳкамов Мамадҷон бо номи «Методҳои ҳалли масъалаҳои математикӣ» ба тозавгӣ интишор гардида, барои донишҷӯёни тахассусҳои математика, информатика ва физика пешбинӣ шудааст. Он методҳои ҳалли масъалаҳои математикиро дар бар гирифта, дорои маводи назарӣ, таснифоти методҳои ҳал ва супоришҳои амалӣ барои кори мустақилонаи донишҷӯён мебошад.
Китоб барои истифодаи тарзҳои гуногуни ҳалли масъалаҳо ва унсурҳои таърихи математика дар раванди таълими фанни мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти миёна ва умумӣ имкон фароҳам меорад.

 
05.04.2024 12:54
There are no translations available.

ТОЗАНАШР:
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ПЕШВОИ НАВРӮЗ»
Возможно, это изображение 1 человек и текстБо чунин унвон маҷмуаи мақолаҳо бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби кафедраи Назария ва амалияи забоншиносии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба чоп расид.
Маҷмуа аз се қисм иборат буда, дар қисмати аввал, ки «Аксҳо ифшогари рози Наврӯз» ном дорад,силсилааксҳои раванди ширкати Пешвои миллат ва адибону аҳли ҳунару фарҳанг дар чорабиниҳои наврӯзӣ гирд омадаанд.
«Пешвои миллат-Пешвои Наврӯз» ном дорад бахши дуюми китоб, ки саҳми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳё ва густариши доманаи ин ҷашни фархунда дар даврони истиқлол фарогир аст.
Бахши сеюми китоб бо номи «Наврӯз ва масоили дигари он» аз 22 мақолаи гуногунмуҳтавои олимону пажуҳишгарон иборат буда, дар онҳо оид ба ҷанбаҳои гуногуни ин ҷашни қадима ва мардумитарини тоҷикон ибрози назар шудааст.
Маҷмуа бобати рушанӣ андохтан ба паҳлуҳои то кунун таҳқиқнашудаи Наврӯзи байналмилал ба хонанда ёрмандӣ мекунад.
 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ