• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
14.05.2022 07:21

ДАР ДОНИШГОҲ ШӮРОИ НАВИ ДИССЕРТАТСИОНӢ ТАЪСИС ЁФТ

14 майи соли 2022 дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ бо иштироки профессорон, устодон ва дигар меҳмонон ҷаласаи муаррифии Шӯрои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) –доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D011900 - Забони хориҷӣ: ду забони хориҷӣ (забонҳои русӣ ва англисӣ) ва 6D011900 - Таълими касбӣ ва оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рўи ихтисосҳои 13.00.02 - Назария ва методикаи таълиму тарбия ва 13.00.08 - Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ, ки таъсиси он бо фармоиши раиси КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Розиқзода аз 8 апрели соли 2022 ба тасвиб расид, баргузор гардид.

 
14.05.2022 05:45

 

ТАДҚИҚОТИ ГУРӮҲИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Мутобиқи қарори Шӯрои ҷамъиятии ДДОМ – ҳамчун ташкилоти базавии кишварҳои узви ИДМ оид ба омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ аз 25 феврали соли 2022 қарор оид ба ташкил ва гузаронидани тадқиқоти гурӯҳии байналмилаӣ дар мавзӯи «Таҳияи меъёрҳои мувофиқашуда ва технологияҳои мониторинги сифати тањсилоти омӯзгорӣ дар донишгоҳҳои омӯзгории кишварҳои узви ИДМ» қабул гардид.

Дар тадқиқот 13 донишгоҳҳои омӯзгории кишварҳои узви ИДМ ширкат варзида, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ низ иштирокчии фаъоли ин чорабинии байналмилаӣ мебошад. Аз ҷониби ДДОТ ба номи С. Айнӣ пур кардани пурсишномаҳо барои кормандони маъмурию роҳбарикунанда (зиёда аз 15 нафар) ва донишҷӯён (беш аз 450 нафар) то 31 маи соли 2022 ба нақша гирифта шудааст. Пурсиш бе қайди ном гузаронида мешавад.

Пурсишнома (Анкета) барои:

кормандони маъмурию роҳбарикунанда

донишҷӯён

Фаъол бошед!

 
13.05.2022 12:06

АЁДАТИ ОМӮЗГОРИ СОБИҚАДОР

12 майи соли 2022 раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ Раҷабмоҳ Қосимова, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ Дилшод Раҷабов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Маъдӣ Абдураҳмонов ва намояндагони дафтари матбуоти донишгоҳ барои аёдат ба хонаи омӯзгори собиқадори донишгоҳ муаллими калони кафедраи методикаи таълими забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик Ҳотам Саидов рафтанд. Омӯзгори собиқадор Ҳотам Саидов аз таҷрибаи омӯзгории 62-солаи хеш ёдовар шуда, қайд намуд, ки касби омӯзгорӣ беҳтарин касб мебошад. Зеро ман 62 соли ҳаёти хешро сарфи ин касби пуршараф кардааму аз ин касби интихобкардаи хеш ҳеҷ гоҳе пушаймон нестам. Имрӯз ман бо шогирдони тарбияткардаи худ ифтихор мекунам.

 
13.05.2022 11:58

МИЗИ МУДАВВАР ТАҲТИ УНВОНИ “ОИЛАИ СОЛИМ-ҶОМЕАИ СОЛИМ”

13 майи соли 2022 бо ибтикори бахши кор бо занони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори шурои олимони донишгоҳ мизи мудаввар дар мавзӯи “Оилаи солим-ҷомеаи солим” баргузор гардид. Дар мизи мудаввар мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар н. И. Сомонӣ Лайло Шарипова, устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Сабоҳат Амонова, мутахассиси КИ ҲХДТ дар н. И. Сомонӣ Моҳпарӣ Мародбекова, мудири бахши кор бо занони донишгоҳ Басгул Туманова, раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ Дилшод Раҷабов ва сармутахассиси қисми тартияи донишгоҳ Ҳусейн Ҳасанов иштирок ва суханронӣ карданд.

 
13.05.2022 09:53

РАФТИ ИМТИҲОНОТИ ДАВЛАТӢ ДАР ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ

Шурӯъ аз 10 майи соли 2022 дар гурўҳҳои шакли таҳсилоти фосилавии факултетҳои донишгоҳ имтиҳоноти давлатии хатм барои соли таҳсили 2021-2022 оғоз гардид. Зимни боздид аз рафти қабули имтиҳоноти давлатии хатм ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ, муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусалом Мирзозода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, дотсент Ҷамила Мӯсоҷонзода ва сардори раёсати таълим, дотсент Наҳтулло Айнуллозода бо устодону хатмкунандагон суҳбати самимӣ анҷом дода, таъкид карданд, ки раванди имтиҳонот  бояд шаффофу озод ва дар синфхонаҳои назорати видеоидошта гузаронида шаванд. Ҳамзамон роҳбарияти донишгоҳ ба хатмкунандагон дар супоридани имтиҳонҳо муваффақиятҳо хостанд.

 
12.05.2022 11:52

ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

4 майи соли 2022 се нафар донишҷӯ ва як нафар магистри факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти роҳбарии устоди факултет Маъруф Ҷумаев дар олимпиадаи байналмилалии интернетӣ аз фанни химия, ки аз тарафи Донишгоҳи байналмилалии нафту гази Ҷумҳурии Туркманистон ба номи Яхшигелди Какаев ташкил шудааст, иштирок намуданд. Олимпиадаи мазкур дар шакли фардӣ аз рӯи ду категория гузаронида мешавад. Категорияи якум барои донишҷӯёне мебошад, ки фанни химияро меомӯзанд, ва категорияи дуюм барои онҳое аст, ки фанни химияро намеомӯзанд.  Аз рӯи категорияи якум ширкат варзида, дар натиҷа се нафарашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

 
12.05.2022 11:25

ҶАВОНОН – НЕРУИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

Мусаллам аст, ки ҳамасола дар кишвари азизамон – Тоҷикистон 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Дар заминаи ғамхориву дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумати кишвар солҳои охир дар доираи Рӯзи ҷавонони кишвар силсилаи чорабиниву маросимҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ ва маърифатӣ доир мегарданд. Ҳамин гуна чорабинӣ 12 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Адбулло Раҳмонзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, гирандагони стипендияи Президентӣ, стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!”, “Илм – фурӯғи маърифат”, ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ аз донишгоҳ ва омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.

 
12.05.2022 04:46

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ “ФРАНКОФОНИЯ”

11 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар чорчӯбаи ҳафтаи фарҳанги фаронсавӣ “Франкофония” дар Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ, ки аз тарафи донишҷӯёни бахши фаронсавии донишгоҳ омода карда шудааст, баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран, атташеи фарҳангии сафорат Эва Тозйе, намояндаи Дафтари ҳамкории Шветсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муаттара Баширова, директори маркази фарҳангии “Бохтар” Дина Миллер, раиси Ассотсиатсияи омӯзгорони забони фаронсавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадшариф Шоев, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок варзиданд. Чорабиниро мудири кафедраи забони франсавии донишгоҳ Султонзода Соқибой ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро ба ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ дод.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ