• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Friday, 13 May 2022 11:58
There are no translations available.

МИЗИ МУДАВВАР ТАҲТИ УНВОНИ “ОИЛАИ СОЛИМ-ҶОМЕАИ СОЛИМ”

13 майи соли 2022 бо ибтикори бахши кор бо занони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори шурои олимони донишгоҳ мизи мудаввар дар мавзӯи “Оилаи солим-ҷомеаи солим” баргузор гардид. Дар мизи мудаввар мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар н. И. Сомонӣ Лайло Шарипова, устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Сабоҳат Амонова, мутахассиси КИ ҲХДТ дар н. И. Сомонӣ Моҳпарӣ Мародбекова, мудири бахши кор бо занони донишгоҳ Басгул Туманова, раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ Дилшод Раҷабов ва сармутахассиси қисми тартияи донишгоҳ Ҳусейн Ҳасанов иштирок ва суханронӣ карданд.

 
Friday, 13 May 2022 09:53
There are no translations available.

РАФТИ ИМТИҲОНОТИ ДАВЛАТӢ ДАР ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ

Шурӯъ аз 10 майи соли 2022 дар гурўҳҳои шакли таҳсилоти фосилавии факултетҳои донишгоҳ имтиҳоноти давлатии хатм барои соли таҳсили 2021-2022 оғоз гардид. Зимни боздид аз рафти қабули имтиҳоноти давлатии хатм ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ, муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусалом Мирзозода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, дотсент Ҷамила Мӯсоҷонзода ва сардори раёсати таълим, дотсент Наҳтулло Айнуллозода бо устодону хатмкунандагон суҳбати самимӣ анҷом дода, таъкид карданд, ки раванди имтиҳонот  бояд шаффофу озод ва дар синфхонаҳои назорати видеоидошта гузаронида шаванд. Ҳамзамон роҳбарияти донишгоҳ ба хатмкунандагон дар супоридани имтиҳонҳо муваффақиятҳо хостанд.

 
Thursday, 12 May 2022 11:52
There are no translations available.

ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

4 майи соли 2022 се нафар донишҷӯ ва як нафар магистри факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти роҳбарии устоди факултет Маъруф Ҷумаев дар олимпиадаи байналмилалии интернетӣ аз фанни химия, ки аз тарафи Донишгоҳи байналмилалии нафту гази Ҷумҳурии Туркманистон ба номи Яхшигелди Какаев ташкил шудааст, иштирок намуданд. Олимпиадаи мазкур дар шакли фардӣ аз рӯи ду категория гузаронида мешавад. Категорияи якум барои донишҷӯёне мебошад, ки фанни химияро меомӯзанд, ва категорияи дуюм барои онҳое аст, ки фанни химияро намеомӯзанд.  Аз рӯи категорияи якум ширкат варзида, дар натиҷа се нафарашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

 
Thursday, 12 May 2022 11:25
There are no translations available.

ҶАВОНОН – НЕРУИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

Мусаллам аст, ки ҳамасола дар кишвари азизамон – Тоҷикистон 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Дар заминаи ғамхориву дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумати кишвар солҳои охир дар доираи Рӯзи ҷавонони кишвар силсилаи чорабиниву маросимҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ ва маърифатӣ доир мегарданд. Ҳамин гуна чорабинӣ 12 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Адбулло Раҳмонзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, гирандагони стипендияи Президентӣ, стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!”, “Илм – фурӯғи маърифат”, ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ аз донишгоҳ ва омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.

 
Thursday, 12 May 2022 04:46
There are no translations available.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ “ФРАНКОФОНИЯ”

11 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар чорчӯбаи ҳафтаи фарҳанги фаронсавӣ “Франкофония” дар Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ, ки аз тарафи донишҷӯёни бахши фаронсавии донишгоҳ омода карда шудааст, баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран, атташеи фарҳангии сафорат Эва Тозйе, намояндаи Дафтари ҳамкории Шветсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муаттара Баширова, директори маркази фарҳангии “Бохтар” Дина Миллер, раиси Ассотсиатсияи омӯзгорони забони фаронсавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадшариф Шоев, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок варзиданд. Чорабиниро мудири кафедраи забони франсавии донишгоҳ Султонзода Соқибой ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро ба ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ дод.

 
Thursday, 12 May 2022 04:11
There are no translations available.

ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АДАБӢ БАХШИДА БА 90-СОЛАГИИ МУЪМИН ҚАНОАТ

11 майи соли 2022 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 90-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, профессор Абдунабӣ Сатторзода,  директори Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ Баҳром Раҳматов, ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Олим Бухориев  ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.

 
Tuesday, 10 May 2022 07:20
There are no translations available.

СЕМИНАР ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ФАРҲАНГИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИИ ДОНИШҶӮЁН

10  майи соли 2022 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки устодону донишҷӯйёни донишгоҳ ва намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон” семинари омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани фарҳанги зиддикорупсионӣ дар байни донишҷӯёни донишгоҳ  баргузор гардид. Семинарро муоивни ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷ. Мӯсоҷонова ҳусни ифтитоҳ бахшид.

 


Page 70 of 303
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в