• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
29.03.2024 11:01

 

ДДОТ: ОҒОЗИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ - ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ"
Возможно, это изображение 9 человек, люди учатся и текстШуруъ аз имрӯз дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ комиссияи донишгоҳӣ ҷиҳати баргузории даври донишгоҳии Озмуни “Илм-Фурӯғи маърифат” таъсис ёфта, ба кори худ оғоз намуд.
Маврид ба зикр аст, ки озмуни мазкур аз рӯи 7 наминатсия аз 29-уми март то 5-уми апрели соли ҷорӣ миёни донишҷӯёни донишгоҳ идома ёфта, тибқи хулосаи комиссия ғолибони даври донишгоҳии озмун ба даврҳои минбаъда роҳхат мегиранд.

 

 
28.03.2024 08:54
ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ МЕҲВАРИИ ПАЁМ ДАР ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз дар толори Шурои олимони донишгоҳ вохӯрии прокуррори Маркази ягонаи иттилоотҳ оид ба пешгирии терроризм, экстремизм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷибекзода Зафар Мадатбек бо беш аз сад нафар ҷавонон, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДОТ ба номи Садриддин Айнҳ баргузор гардид.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳҳ муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимҳ Н. Айнулозода кушода, таъкид дошт, ки вохӯрии мазкур дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилҳ ва хориҷии ҷумҳурҳ”
 
20.03.2024 11:22

НАФАСИ ТОЗАИ НАВРӮЗ МУБОРАК БОШАД!

Ба сарзамини куҳанбунёду ҷавонниҳоди мо боз Наврӯзи оламафрӯзи муборакқадами пурофайз омад ва аз насими тароватноку атрогини он табиат дигарбора ҷавон ва сабзҷон мегардад. Воқеан, дар иди Наврӯз баробаршавии шабу рӯз як падидаи табиист. Аз ҷониби дигар, табиат зинда мегардад. Олами пир ҷавон мешавад. Кӯҳу даман сабзпӯш, дашту чаман гулпӯш мегарданд. Дар замири инсонҳо низ неруҳои покиву озодагӣ, хайру сахо, меҳру вафо рӯ мезананд. Инсон дар баробари табиат худро бори дигар ҷавону сабзҷон эҳсос мекунад. Бо омади ин фасли фархундаи гулбадоман табиат аз нав эҳё мешавад, муҳити атроф қабои сабз ба сар мекунад, инсон дар вуҷуди хеш неруи тозаро эҳсос менамояд. Чун фасли баҳор бо Наврӯз ҳамқадам аст ва Наврӯз ба баҳор накҳати тозаи мукаттар ато мекунад, аз ин рӯ, мардум онро

 
19.03.2024 08:36

МУАЛЛИФОНИ КИТОБ ВА ДАСТУРҲОИ ТАЪЛИМӢ БОЯД НАМУНАИ ИБРАТ БОШАНД!

Имрӯз таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба илм, раиси Шурои илмӣ- методии донишгоҳ ҷаласаи навбатии Шурои илмӣ-методӣ доир шуд. Роҷеъ ба «Вазъи омодагии донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ» сардори раёсати илм ва инноватсия Зайдуллозода  С. гузориш дод. Таъкид шуд, ки дар ин маврид ҳайати корӣ ташкил гардида, аллакай беҳтаринҳо ба озмуни ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.
Оид ба «Санҷиши вазъи корҳои илмию методӣ, илмӣ ва сифати тайёр кардани мутахассисон дар кафедраҳои умумидонишгоҳӣ» мудири шуъбаи омоданамоии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ Кенҷанев Ф. маълумот дод. Номбурда натиҷаи санҷиши гурӯҳи кориро ба самъи ҳозирон расонд. Гуфта шуд, ки дар баъзе кафедраҳои умумидонишгоҳӣ вазъи корҳои илмӣ ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ нестанд.
 
19.03.2024 03:04
САФО ОРАД БА ОЛАМ ҶАШНИ НАВРӮЗ
Возможно, это изображение 11 человек и текст18-уми марти соли 2024 ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар саҳни бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо як шукуҳу шаҳомати хоса бо оростани хони наврӯзии 14 факултети донишгоҳ баргузор карда шуд.
Дар ҳамоиши ҷашни Наврӯз Сафирони фавқулода ва мухтори якқатор ҷумҳуриҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикстон таъйин шудаанд ширкат намуда, аз хони наврӯзии оростаи масъулини Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дидан намуданд.
 
18.03.2024 05:09

ДДОТ: ТОҶИКОНА МЕПУШЕМ!
Возможно, это изображение 14 человек и текстДар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан, либоси зебои миллӣ, атласу адрасу чакан ва баланд бардоштани фарҳангу маданияти либоспушӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ пушидани либоси миллӣ дар миёни омӯзгорону донишҷӯён бештар гардидааст.

 
15.03.2024 04:48

ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ МЕҲВАРИИ СУХАНРОНИИ  ПРЕЗИДЕНТ  ДАР МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН, НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИНИ МАМЛАКАТ ДАР ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ

Дирӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар партави  суханронии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат вохӯри бо кормандони илм баргузор гардид. Сараввал вазъи корҳои илмӣ, мушкилот ва пешомади соҳа мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор дода шуд. Таъкид шуд, ки рушди илм ҳамвора дар суҳбату мулоқотҳои Пешвои миллат таъкид мегардад ва дар суханронии Президент дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимогни дини мамлакат низ бори дигар зикр шуд, ки «Мо бояд хонем, илм омӯзем, илмҳои дақиқу риёзиро рушд диҳем, техникаву технологияҳои навтаринро аз худ кунем, кадр тарбия кунем ва заҳмат
 
15.03.2024 04:38

 

ХУШХАБАР: САФИ УНВОНДОРОНИ ДОНИШГОҲ МЕАФЗОЯД!
Бо дастгириҳои ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки муҳаққиқону омӯзгорон рисолаҳои худро муваффақона дифоъ намуда буданд, якбора рисолаи 4 нафари онҳо бо фармоиши раиси КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, аз 05.03.2024, №35, 36, 37 тасдиқ гардид.
Аз ҷумла: Максумова Шаҳноза Уктамовна, омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои география;
Имамбердиева Саломат Менгликуловна, омӯзгори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ;
 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ