• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Геоэкология

 

Кафедраи Геоэкология


Мудири кафедра

Номзади илмҳои биология

Раҳимов Маҳмаднаврӯз Муродович

тел: (+992)93-879-78-50

Кафедра соли 1990 таъсис ёфтааст. Мақсади таъсиси ин кафедра таълими асосҳои экология ва ҳифзи табиат дар факултетҳои донишгоҳи омӯзгорӣ ва дигар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон мебошад. Аз рӯзи таъсисёби то ҳоло кафедраро дотсентон Алидодов Б. ва Вазиров К.В. сарварӣ намудаанд. Ҳоло роҳбарии кафедраро профессор Эргашев А. ба ӯҳда дорад.
Дар кафедра ҳафт нафар омӯзгор, аз он ҷумла як профессор, як дотсент фаъолият доранд. Омӯзгорони кафедра дар баробари корҳои таълиму тарбия, инчунин ба тадқиқи масъалаҳои экологӣ, ҳифз ва истифодабарии оқилонаи сарватҳои табии Тоҷикистон машғуланд. Аз оғози фаъолияти кафедра то имрӯз бо қувваи устодони кафедра зиёда аз 60 номгӯӣ корҳои илмӣ, китобҳои илмӣ, таълимӣ, илмию методӣ, илмию оммавӣ ва барномаҳои таълимӣ рӯйи чопро дидаанд. Дар заминаи таълими фанҳои кафедра ихтисоси нав географияи ҳифзи табиат кушода шуд, ки дар ҷумҳурӣ нав буда, ба таълиму тарбияи экологӣ дар мактабҳои миёна ва дигар муассисаҳои таълимӣ мусоидат мекунад.
Раванди таълиму тарбия ва иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, илмию методӣ зери роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи устодони соҳибтаҷриба анҷом меёбад.
Алъон дар кафедра профессор Эргашев А., дотсентон Мавлонӣ С., муаллими калон Қаландаров А.А. муаллими калон Идрисов Д.Р., ассистентон Гулмирзоев Қ.Ҳ., Иброҳимов Қ.А. ба таълиму тадриси шогирдон машғуланд.
Номгӯи корҳои илмӣ, илмӣ-методии омӯзгорони кафедра:
Ашуров С.А. Обуздание селевых потоков. // Изд: «Ирфон», Душанбе. 1972; Вазиров К.В. Минералогия ва петрография бо унсурҳои кристаллография (китоби дарсӣ). – Д., 1998; Вазиров К.В. Геология ва палеонтология бо унсурҳои геологияи таърихӣ (китоби дарсӣ). – Д., 2003; Эргашев А. Действие УФ - радиации на физиолого-биохимические процессы у растений в условиях высокогорья. – Д.; «Дониш», 2006; Дастури таълимӣ оиди экологияи умумӣ (муаллифон Эргашев, Идрисов, Иброҳимов), Мавлонӣ С. Шароитҳои кунунӣ ва истихрочи нафту газ.// Маҷалаи «Энергетика», №4, 2009 с.18;
Равияҳои илмии кафедра: асосҳои экологии истихроҷи канданиҳои зеризаминии Тоҷикистон (нафт ва газ), таҳқиқи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ (сел ва обхезиҳо) ва оқилона истифода бурдани сарватҳои табиии Тоҷикистон (замин ва об), таъсири омилҳои экологӣ ба маҳсулнокии биологии растаниҳои кишоварзӣ (пахта, гандум, офтобпараст, юнучқа) дар шароитҳои гуногуни иқлими Тоҷикистон мебошад.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru