• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ҷонибдори сиёсати Пешвои миллатем

Солҳои 1989-1990 бо пароканда шудани сохтори муқтадири собиқ Шӯравӣ ва заиф гаштани сутунҳои ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муддате вазъи носолим ва низоъҳои дохилӣ ба миён омада, ба хоҷагии халқ хисороти зиёд ворид намуданд. Ин фоҷиаи гарон то соли 1997 давом кард, ки дар натиҷа ҳазорон нафар ҳамватанони мо аз манзили истиқоматӣ маҳрум монда, садҳо тан ҷавонони баркамол «ҳезум» бар оташи пуралангаи ҷанг гардида, даҳҳо кӯдакони дигар дар кӯчаву хиёбонҳо қурбони гуруснагии давр шуданд.

Новобаста ба ин, халқи тоҷик ба субҳи босаодат умед дошт, поёни шабро интизор буд. Ниҳоят, фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззам, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи ватандӯстӣ устуворона қадам гузошта, ҷоннисорӣ карда, чун сипар бар майдони ҷанг баромад ва ин оташи пуралангаи ҷанги шадиди шаҳрвандиро хомӯш намуд. Билохира, дари бахт ба рӯи миллати тоҷик боз шуду мамлакат рӯ ба рушду ободӣ овард. Поягузори ҳамаи ин пирӯзиҳо, Қаҳрамони Тоҷикистон, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Дар таърихи миллати  тоҷик фоҷиаи гарони даргириҳои шаҳрвандӣ чун саҳифаи фаромӯшнашуданӣ ва ҳузнангез сабт гардидааст, то ояндагонро сабақи зиндагӣ бошад.

Сиёсати хирадмандонаву давлатдории муваффақонаи фарзанди масъулиятшиносу ватанпарвари тоҷик марҳилаи нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллатамон саҳифаи наверо боз намуд. Маҳз сиёсати хирадбунёди давлатдории Пешвои миллат бақои миллатро таъмин намуда, ҷавононро ба роҳи ободкориву созандагӣ ҳидоят намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар рӯзҳои аввали Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ баҳри таъмини сулҳу субот ва пешрафти кишвари азизамон қасам ёд карданд. Бо ҷаҳду талоши ин абармарди дунёи сиёсат халқи тоҷик дар кӯтоҳтарин муддат тавонист Ватани хешро, ки дар ҳолати нестӣ қарор дошт, ба як давлати шукуфон ва ободу осоишта мубаддал гардонад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки давлати навтаъсисе, ки бо чандин азобу машаққат, бо ҷангу ҷидол аз нав эҳё шуд, фаъолияти худро аз оштии миллӣ, халъи силоҳ, авф, баргардонидани гурезагон, таъмини ҳуқуқи инсон ибтидо бахшид ва ҳамаи ин аз чашми некбинона, қалби пок, хайрхоҳӣ, ватандӯстӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлати мо, тоҷикон, буд, ки низоми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид. Воқеан, донаи умед ба шарофати хиради ин абармарди таърихӣ дар марзи дили ҳар як сокини кишвар сабзид. Аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ Пешвои миллат ба ҷавонон такя намуда, ояндаи дурахшони миллатро дар симои эшон диданд. Дар ҳар баромаду вохӯриҳои хеш Пешвои миллат ба ҷавонон ҳушдор медоданд, ки аз пайи ҷустуҷӯ шаванду ба инноватсия рӯ оваранд, зеро ояндаи давлат дар дасти онҳост.

Мо, ҷавонон, ҳамеша сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро дастгирӣ менамоем ва ҷонибдори иқдомҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем.

Саидаброр Саидӣ

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru