• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ҷавонон ва ҳифзи Ваҳдати миллӣ

Ваҳдат калимаи арабӣ буда, маънои ягонагӣ, воҳидро дорад. Бузургии Худо, Модар, Падар, Замин, Ватан, Офтоб ва дигарҳо дар он аст, ки онҳо ягона мебошанд. Набудани яке аз инҳо маънои набудани ҳаётро дорад. Мазмуни аслии ваҳдат низ ҳамин аст. Мо инсонҳо бояд ягона бошем – яъне муттаҳиду ҳамбаста чун як тан. Вақте муттаҳид мешавем пуриқтидору бузург ва ба ҳама амали накӯю шоиста дастёб мегардем. Ваҳдат ё ягонагӣ аз рукнҳои дӯстӣ, тартибу низом, рафоқат, ҳамбастагӣ, эҳтироми ҳамдигар ва арзиши олӣ доштани инсон иборат аст. Ҳамрадифи калимаи «ваҳдат» «сулҳ» аст. Сулҳу ваҳдат инкоркунандаи ҷангу низоъ ва нооромию душманист. Ваҳдат дар ҷомеа бисёре аз хислатҳои манфии инсонӣ кинаю адоват, бадбинӣ душманӣ, бадхоҳӣ, ҷангу низоъ, нобаробариҳои иҷтимоӣ ва қашоқию дилшикастагиро аз байн мебарад. Инсонҳо хушбахту хушрӯз мегарданд. Ояндаи ҷомеа ва ҳаёти давлатдорию давлатсозӣ, ки дар дасти мо ҷавонон аст инро мо бояд хуб дарк кунем. Таърихи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ гӯвоҳи он аст, ки мо бо сабабҳои субъективию объективӣ дар фосилаи муайни вақт аз ягонагӣ даст кашидем ва ба гурӯҳҳо ҷудо гардидем. Ҷудо гардидани мо ба гурӯҳҳо бадбахтии гаронеро ба сарамон овард, ки ба хуну рӯҳ, тану ҷисм, хотираю таърих, сарвату боигарӣ, забону фарҳанг ва ба тамоми сириштамон неши ҷонкоҳ зад. Ҷудоии мо моро заиф сохт, муҳтоҷи кӯмаки дигарон кард, модаронамонро аз фарзандони ҷавони худ маҳрум сохт, хонаамонро хароб, дӯстону наздикон ва ҳамватанонамонро гуреза сохт ва наздик буд, ки бо тамоми ҳастиямон моро маҳв созад. Аммо вақте ба ҳам омадем, ба ваҳдат рсидем, сулҳ бастем пуриқтидор ва бузург шудем. «Ваҳдат барои мо як вожа ё калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст Иттиҳоди миллӣ ҳамеша бар ҷангу ҷидол ва нифоқу ҷудоӣ пирӯз мегардад. Аз ин рӯ, вазифаи ҷонӣ ва қарзи имониву рисолати инсонии ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарасти миллати мо таҳкими дӯстиву бародарӣ, сулҳу созиш, тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият мебошад. Мо бояд Ватани худро самимона ва аз таҳти дил дӯст дорем ва барои ободиву шукуфоии он пайваста талош варзем».[1]

Таърихи пурифтихори гузаштаи мо пайваста ҷангу низоъро дар ҷомеа маҳкум намуда, сулҳу ваҳдат ва ҳамзистию ҳамгироии одамонро дар доираи ҳусни тафоҳум тарғиб ва васф намудаанд. Адабиёти оламшумули мо сар то по васфи сулҳу ваҳдат ва дӯстию рафоқат менамояд. Шоҳномаи дурдонаи Фирдавсии бузург ҳама васфи сулҳ мебошад ва ҷангро шадидан маҳкум менамояд. Ҳамзамон шоири сулҳсарои маъруфи мо Мирзо Турсунзода натанҳо бо эҷоди худ васфи ин арзиши муқаддаси инсонӣ намудааст, балки дар амал намунаи беҳтарини дӯстии халқҳоро нишон додаст. Ин бесабаб нест. Мо ҷавонон бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати мо таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда мебошад. Сулҳдӯстии мо дар тӯли тамоми таърихи чандинҳазорсолаамон нишондиҳандаи ақлу хирад ва сабру таҳаммули гузаштагонамон аст, ки ин далели қотеи фарҳанги қадима ва суннатҳои созандагии миллати мост ва мо ҷавонон инро бояд омӯзем, дар сиришти худ ҷой диҳем ва дар зиндагии ҳамарӯзаамон истифода намоем.

Равандҳои сиёсӣ дар ҷаҳон имрӯз нишон дода истодаанд, ки давлатҳои алоҳида бо як хатогии хурди сиёсӣ сулҳу ваҳдат ва таъмини амниятро дар дохили кишварашон аз даст дода, ба майдони ҷанг ва бархурди манфиатҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯ табдил ёфта истодаанд. Ин омилҳои сиёсӣ ба мо ҷавонон ҳушдор медиҳанд, ки роҳу усулҳои ҳифз ва таҳкими абадияти сулҳу ваҳдати миллиро дар кишварамон омӯзем ва сулҳу ваҳдатро дар ватанамон ҷовидонӣ нигоҳ дорем. Пеш аз ҳама бояд таҳлилгари сиёсию идеологӣ бошем ва ба равандҳои сиёсӣ аз нуқтаи назари таҳлилӣ баҳои дурусту ҳақонӣ дода тавонем. Мо бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки дигар дар роҳи давлатдорию давлатсозӣ ҳақу ҳуқуқи хатто карданро умуман надорем. Мо ба ҳамаи мақсаду ҳадафҳоямон танҳо дар ҳамон сурате мерасем, ки сулҳу ваҳдат дар кишварамон пойдору ҷовидон бошад. Бе пойдории сулҳу ваҳдат мо ҳатто як пора нон ёфта наметавонем. Мо наметавонем аз ҷони худ ва шарафу номуси худ ҳифз кунем. «Ҷомеа ё миллате, ки ғояи ваҳдати миллӣ надорад, ҳамеша эҳтимолияти ба бӯҳрони сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гирифтор шуданаш мавҷуд аст».[2]

Ғояи ваҳдати милли барои мо ҷавонон мероси пурарзиши маънавии гузаштагонамон мебошад. Гузаштагони мо ин арзиши муҳими инсониро эҷоду ташаккул додаанд ва ҳамчун ҷавҳари ҳастии инсон барои мо тарғибу васф кардаанд. Имрӯз ҳаёти ҷавонии мо хеле ширину рангин аст. Орзуҳои зебо дорем. Ҷавонӣ мекунем. Ҳаловати зиндагиро ба сар дорем. Ин ҳама дар фазои сулҳу ваҳдат ва амнияти миллӣ дастёб гардидааст. Сулҳу ваҳдат ва амнияти имрӯзаро барои мо офариданд ва барои офаридани он офарандагонаш ҷонбозиҳо намуда, аз баҳри ҷони худ гузаштанд. Яъне ба хотири пойдории давлат, ҳастии миллат ва хушбахтии мо ҷавонон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хираду кордонии азалӣ ва ҷонфидоӣ сулҳу ваҳдат офарид. Мо хушбахтем. Ваизфаи мо таҳким ва абадан пойдор нигоҳ доштани сулҳу ваҳдат аст, то ки наслҳои ояндаи миллат низ мисли мо тавонанд хушбахт гарданд, ҷавонӣ кунанд. Миллат хушбахт гардад ва давлати соҳибистиқлоли мо ҷовидонӣ монад. Ин рисолати мост. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи беҳтарини сулҳофариро ба ҷаҳониён манзур намуд. Ӯ нишон дод, ки фарзанди як миллат наметавонад душмани якдигар бошад, фарзанди як миллат бояд якдигарро бахшад, ягона бошад ва дастаҷамъона ватанашро обод созад. Ӯ исбот намуд, ки тамоми кинаю адоват, душманию бадхоҳи, ҷангу низоъ ва зиддиятро бо заковати миллӣ бахшидану авф намудан ва таҳммулпазирию гузашт кардан аз байн бурдан мумкин аст. Инро мо ҷавонон бояд омӯзем.

«Мо бояд як асли ниҳоят муҳимро ба назар гирем: миллати мо дар сурате номдор, давлати мо дар сурате пешрафта ва ҳар фарзанди тоҷик дар сурате сарбаланд мегардад, ки мо ба қадри ваҳдати ҷовидонаи халқи худ расем ва барои устувору пойдор нигоҳ доштани он ҳамеша талош намоем. Барои ин пеш аз ҳама нангу номус, сатҳи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ зарур аст. Вазифаи муқаддаси мост, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллиамонро ҳамеша таблиғу ташвиқ намоем, ба насли ҷавон фаҳмонем, ки он дар кадом шароит, бо чӣ мушкилот ва бо чӣ гуна қурбониҳо ба даст омадааст».[3]

Ҳар як ҷавони бонангу номус бояд зарурати таърихӣ ва рисолати аслии худро дар он бинад, ки ваҳдат ва ризоияти миллӣ дар Ватани мо Тоҷикистон пояндаву ҷовидон бошад ва сарфи назар аз мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, зери ин сиёсат муттаҳид шуда, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва созандагиву ободкорӣ дар кишвар фаъолона ширкат намояд.

«Мо бояд ҳамтақдиру ҳаммаром будани худро бо миллати хеш дар сатри аввали хотираамон сабт созем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихору пуштибонӣ намоем.

Дар робита ба ин, ба шумо, ҷавонони азиз муроҷиат менамоям, ки ин дастоварди бузурги таърихӣ - ваҳдати миллиро гиромӣ доред, онро эҳтирому эҳтиёт кунед, ояндабину дурандеш бошед, парчами ваҳдатро баланд бардоред, ба Ватани маҳбубамон содиқу вафодор бошед ва ҳар порчаи сарзамини аҷдодиро чун ҷони худ азизу чун модар дӯст доред».[4]

Мо ҷавонон бояд дар сатри аввали хотираи худ ҷой диҳем, ки ҳануз дар сароғози бунёди давлатдории миллии худ қарор дорем ва ҳадафи асосии мо бунёди давлати тараққикардаи миллӣ мебошад. Миллати кӯҳанбунёди мо дар тулии ҳазорсолаи бедавлатӣ орзуҳои зиёдеро дар дил парвариш намудааст, ки имрӯз вақти амалӣ намудани онҳо фаро расидааст. Амалӣ намудани ин ҳама орзуҳо дар ҷодаи давлатдорию давлатсозӣ ба души мо ҷавонон вогузор аст, ки ин кори бениҳоят пурифтихор ва пуршараф аст. Аммо ҳамаи орзуҳои мо танҳо дар фазои сулҳу осоиш ва танини ваҳдати миллӣ амалӣ карда мешаванд. Мо бояд миллати сарбаланди худро ҳатман ба орзуҳояш расонем ва руҳи гузаштагони худро шод гардонему заҳмати кашидаи онҳоро қадр намоем. Дар ин ҷода ғояи ваҳдати миллӣ ва бунёди давлати пешрафтаи миллӣ ду сарчашмаи асосии идомаи ташаббусҳои ватансозию ватандории мо мебошанд.

«Ташаккули ғояи ваҳдату ягонагӣ яке аз вазифаҳои умдаи ҳар як миллати соҳибдавлат мебошад, зеро бе андешаи устувори ваҳдати миллӣ ва дақиқ муайян кардани ҳадафу роҳи таърихии ҳар як халқ идомаи ҳаракати огоҳонаи он ба сӯи дастовардҳои шоистаи сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ мушкил ва ҳатто ғайриимкон аст. Зуҳури падидаи ваҳдати миллӣ аслан марбут ба ташаккули давлати миллист, зеро маҳз дар доираи давлати миллӣ зарурати ба даст овардани эҳсоси умумияти ягонаи сиёсии мардум, ки дар як воҳиди маъмурӣ зиндагӣ доранд, боло меравад. Бинобар ин, ваҳдат хусусияти миллиашро танҳо дар доираи ташаккули давлати миллӣ пайдо мекунад ва мавриди татбиқ қарор мегирад. Яъне нақши давлат дар таҳкими ваҳдати миллӣ меафзояд, зеро он ба таъмини рушди иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ ва пешрафти фарҳанги миллӣ манфиатдор аст. Аз ин рӯ, ғояи сиёсиву мафкуравии мо ваҳдат, ягонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободии Ватани азизамон мебошад».[5]

Сайдулло Қувватов


[1] Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон

[2] Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон

[3] Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон

[4] Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон

[5] Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru