• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Бо бадхоҳони миллат чӣ бояд кард?

Солҳои охир баъзе кишварҳои хориҷӣ, ба мисли Лаҳистон маҳалли мухолифини нохалафи тоҷик шудаанд. Дар миёни онҳо аъзои собиқ ҲНИТ, Гурӯҳи 24 ва дигар афроди сиёсӣ ҳастанд, ки баъди баста шудани  ин созмонҳо дар Тоҷикистон ба хотири дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ ба хориҷа рафтанд. Ин гурӯҳҳо дар гузашта дар Туркия, Олмон ва Лаҳистон борҳо намоишҳои  эътирозӣ ташкил карда, аз ҳукумати Тоҷикистон риояи ҳуқуқи инсон ва озодии маҳбусони сиёсиро талаб карданд. Ин навбат ба гуфтаи ташаббускорони эътироз, дар Варшава онҳо бори аввал бо чеҳраҳои боз ҳозир шуда, бо шиору овезаҳо озод шудани, ба гуфтаи онҳо, маҳбусони сиёсиро талаб мекардаанд. Ҳадафи нопоки онҳо ба ҳеҷ куҷо рост намеояд. Бадхоҳони миллату давлати тоҷик дар ҳама давру замон буданду ҳастанд, вале мо аз онҳо заррае ҳам бим надорем ва агар барои Ватан ҷон лозим шавад, фидояш мекунем:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Марҷона Одинаева, донишҷӯи факултаи забони англисӣ

Тоҷикистон кишварест ободу зебо. Дар ҳақиқат, мисли ин кишвари афсонавиро дар ҳеҷ ҷо пайдо кардан мумкин нест. Аммо бархе аз душманони худиву бегона мехоҳанд ин ҷумҳуриро ноором созанд. Ин гуна одамон шахсоне ҳастанд, ки дар хориҷи мамлакат паноҳ гирифта, иғво меангезанд ва дар Тоҷикистон ҳеҷ тарафдору ҳамақидае надоранд. Онҳо ҳамагӣ чанд нафари ангуштшуморанд, ки аз бадхоҳону кинаварон ва хоҷагони хориҷӣ маблағи ҳангуфт ба даст оварда, «обро лой карда» кайфу сафо намуда гаштаанд. Онҳо, ки худро ғамхору дилсӯз ва дӯстдори миллат меҳисобанд, на парвои миллат доранду на давлат. Мо, ҷавонон, бо дастгирии Президенти мамлакат ва ҳамбастагӣ бо ҳам намегузорем, ки кишварамон аз нав ба майдони ҳарбу зарб табдил ёбад. Мо барои ҳифзи сулҳу субот, зиндагии орому осоишта, ки имрӯз ба мо даст додааст, тамоми неруву қудрати худро сарф мекунем ва агар лозим шавад, ҷони худро дареғ намедорем.

Манучеҳр Қосимов, донишҷӯи факултаи география

Мо, ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ, қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошем. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки барои нест кардани бадхоҳони миллати худ андеша намоем. Мо дар замоне қарор дорем, ки раванди ҷаҳонишавӣ таҳдидҳои зиёд дорад. Сарзамин ва ё кишваре, ки дар навбати аввал ба таълиму тарбия, рушди маърифатнокӣ ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намекунад, ба сатҳи баланди инкишоф расиданаш дар гумон аст. Имрӯз қисми зиёди ҷавонон моҳияти Ватан ва ватандӯстиро хуб дарк кардаанд. Дар баробари ин, як зумра мушкилоте низ мавҷуд аст, ки бартараф кардани онҳо зарур ва ҳатмӣ мебошад. Ин мушкилот майли баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона ва гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои ифротгароист. Афсӯс мехӯрам, ки дар чунин як сарзамини биҳиштосо бархе аз ҷавонон раҳгум мезананд ва ба падару модари худ, ба Ватан носипосӣ мекунанд. Аз ин лиҳоз, барои нест кадани бадхоҳони миллат бояд сарҷамъу муттаҳид бошем.

Робия Абдулҳақова, донишҷӯи факултаи забон ва адабиёти рус

Хоинони давлату миллат бар он ҳадафанд, ки халқи баъди беш аз 1000 соли бедавлатӣ соҳиби давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гардидаро дубора сарнагун созанд. Ҷои таассуф аст, ки дар қатори душманони хориҷӣ баъзе фарзандони ин миллат низ даст ба амалҳои ғайриинсонӣ зада, обрӯи халқи тоҷик ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар дохили давлату  берун аз он мерезанд. Тавре Ҳофизи Шерозӣ мефармояд:

Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,

Ки бо ман ҳар чӣ кард, он ошно кард.

Миллат ин гуна фарзандони бешарафашро ҳеҷ гоҳ намебахшад. Номи ин гуна ашхос дар таърих бо хати сиёҳ сабт мешавад ва халқ онҳоро бо нафрат ёд мекунад. Дар ин шумор метавон чанде аз пантуркистонро ном гирифт, ки ба миллати тоҷик хиёнат кардаанд ва ҳар касе ҳувияти миллӣ дорад, ба онҳо нафрин мекунад. Бадхоҳони давлату миллати тоҷик набояд ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд.

Гулсара Муҳаммадиева, донишҷӯи факултаи химия

Бо мақсади пешгирии фаъолияти ифротгароӣ соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ» қабул карда шуд, ки мақсади он, пеш аз ҳама, риоя ва ҳимояи  ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини як порчагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба муқобили ифротгароӣ ва бадхоҳони миллат бояд ҳама дастҷамъона мубориза баранд. Давлат, пеш аз ҳама, бояд шароити иҷтимоию иқтисодиеро, ки ба тавлиди ифротгароӣ ва амалӣ гаштани амалҳои нопоки бадхоҳон мусоидат менамояд, бартараф намояд, фаъолияти ғайриқонунии ифротгароёнро пешгирӣ кунад, ҷомеа бошад, бояд бо ёрии иттиҳодияҳои ҷамъиятию динӣ, ВАО бар зидди ифротгароӣ истодагарӣ кунад. Аз ин рӯ, мо-тоҷиконро мебояд чун ангуштони як даст муттаҳид гашта, нагузорем, ки пойи нохалафи душман ба ин сарзамини зархез бирасад.

Осия Имомова,

донишҷӯи соли 1-уми факултаи таърих

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj