• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Тарбия

«Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020»

Қисми тарбия 06.12.2017 дар толори бинои асосии донишгоҳ вохӯрӣ бо намояндагони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алиев Муллоалӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бухориева Сафаргул ва Қумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муродзода Муҳсин баргузор гардид, ки дар вохӯрии мазкур муовини ректор оид

ба таълим Қосимов С., муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Бобокалонова Р., деканони факултетҳо ва зиёда аз 400 нафар донишҷӯён ширкат варзиданд.

 

Мақсад аз баргузории вохӯрии мазкур ҷиҳати татбиқи  фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.11.2016, №776 дар бораи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ва бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба эктремизм ва терроризм  барои солҳои 2016-2020» (аз 17.01.2017, №143) дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дар байни устодон ва донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз тарафи муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Бобокалонова Раъно гузориши оморӣ доир ба иҷрои нақша- чорабиниҳои Донишгоҳ дар соли 2017 оид ба «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» пешниҳод карда шуд.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru