• Таджикский
  • Руский
  • Английский

Географияи иқтисоди ва иҷтимои

Кафедрахо 54
There are no translations available.





Табаруков Муборакшо Искандарович
Мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
номзади илмҳои география

Тел:
E-mail:

 

Табаруков Муборакшо Искандарович 01.02.1968 дар ноҳияи Дарвоз ҷ.д. Сағирдашт ба дунё омадааст. Солҳои 1985-1992 донишҷӯи шуъбаи рӯзонаи факултети географияи ихтисоси география-биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев, соли 1998 шуъбаи аспирантураи ДДОТ ба номи  Қ. Ҷӯраев (ҳоло ба номи Садриддин Айнӣ)-ро хатм намудааст. Солҳои 1986-1988 хизмат дар сафи Қувваҳои Муссаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ, солҳои 1992-2002 ассистенти кафедраи географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии факултети  географияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, аз соли 1998 то ҳоло раиси иттифоқи касабаи омӯзгорони факултети география, солҳои 2013-2014 муовини декан оид ба корҳои таълимии факултети география, аз соли 2002 то 2018 муаллими калони кафедраи географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии факултети география, соли 2018 номзади илмҳои география, соли 2020 то имрӯз мудирии кафедраи географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро ба уҳда дорад

 


 

Кафедраи географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ

Кафедраи географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ соли 1936 ташкил шуда, саҳми олимону устодони рус ва тоҷик Танаевский В. Л. Промтов А.Н., Лолаев Н. Т., Боқиева, Лолаева Т., Пӯладов Д., Ҷӯраев Қ. Ш., Мамаҷонова М. Ю., Ҳайдарова Р. Н., Ғафоров Ш., Утаганов А., Насруллоев Ҳ., Бухариддинова А. И., Муҳаммадиев Ш., Ҷураев А., Диловаров Р. ва дигарон дар рушд ва тараққиёти кафедра назаррас мебошад.

Ҳадафи асосии кафедра саҳм гузоштан дар раванди рушди устувори илми география, географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳа мебошад.

Фаъолияти илмию таҳқиқотии кафедра ба ҳалли масоили арзёбӣ, таҳлил ва таҳияи омилҳои таъмини рушди устувори географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола, вазъи мусоиди сармоягузорию соҳибкории Тоҷикистон, рушди иқтисодию иҷтимоӣ равона карда шудааст.

Омӯзгорони кафеда


 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj