• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

МУРОҶИАТНОМАИ ҶАВОНОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БА ДОДГОҲИ ОЛӢ ВА МАРДУМИ ДӮСТУ БАРОДАРИ ЮНОН.

Мо ҷавонони дурандеш ва зираку сулҳхоҳи Тоҷикистон хатари терроризму экстремизмро дар ҷаҳони муосир бо тамоми ҳастиямон дарк намуда, хоҳони решакан кардани ин вабои ваҳшоният дар асри 21 мебошем. Мо хоҳони амнияти сартосарӣ дар тамоми дунё ва волоияти ҳуқуқу озодиҳои мардуми осоиштаю бегуноҳ ҳастем. Мо терроризм ва экстремизмро дар ҳама шаклҳо ва сатҳҳояш маҳкум менамоем ва дар роҳи мубориза

ба он тамоми ҳастияморо дареғ намедорем. Террорист миллат, давлат, дин, мазҳаб ва виҷдону имон надорад, дар ҳар давлате бошад барои он манбаи хавфноки хатар маҳсуб меёбад. Мо пуштибонии Додгоҳи олии Юнонро аз террористи хавфнок Мирзораҳим Кузов машҳур бо лақаби Шоҳнаими Карим комилан маҳкум менамоем ва хоҳишманди онем, ки ин гунна шахсони ба амнияти ҷаҳонӣ хатарафзо дар назди қонун одилона ҷавоб гӯянд. Мо аз амнияти миллии худ ҳамеша пуштибонӣ намуда, манфиатҳои миллию давлатии худро бо тамоми ҳастиямон дифоъ месозем. Мо Ватани соҳибистиқлолу озод ва гаҳвораи сулҳи дунёро дӯст медорем ва замини муқаддаси  онро пок аз қадами террористону экстремистон нигоҳ медорем. Мо ин амалро барои худ шарафи бузург ва рисолати аввалиндараҷа медонем. Барои мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон фарзандоне, ки ба Модар – Ватани худ хиёнат карда, андешаю ғояҳои ғаразноки хоҷагони хориҷии худашонро дар Ватани ободу осудаи мо амалӣ кардан мехоҳанд сарчашмаи ваҳшоният маҳсуб меёбанд ва мо бар муқобили онҳо муборизаи беамон мебарем. Мо тибқи Конститутсияи кишвари худ ва санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон амал намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсонро муқаддас мешуморем ва намегузорем, ки ҳеҷ як хиёнаткор ва террористу экстремист ҳуқуқу озодиҳои мардуми шарифи Тоҷикистонро поймол созад.

Шумо низ агар дар асл ва дар ҳақиқат ба мардуми осоиштаи дунё заррае эҳтиром дошта бошед, пас террористонро бояд маҳкум кунед ва нагузоред, ки онҳо дар озодӣ барои мардуми осоишта хатарҳои нав ба навро эҷод сохта, ҳуқуқу озодиҳо ҳазорону миллионҳо одамонро поймол созанд ва ҷони даҳҳои дигарро аз байн баранд!.

Баходури Абдулло ҷавон аз ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Қарори Додгохи олии Юнон доир ба озод намудани яке аз террористони барои давлату миллати мо хавфнок Мирзораҳим Кузов, лақабаш Шоҳнаими Карим боиси нигаронии мо ҷавонони Тоҷикистон аст. Имрӯз яке аз мушкилотҳои асосии ҷаҳони муосир зиёд гардидани хатарҳои террористию экстремистӣ мебошад, ки давлатҳои Аврупо, махсусан Юнон дар якчанд соли охир чандин маротиба гирифтори содиршавии амалҳои террористӣ гардид, ки шаҳрвандони зиёди бегуноҳ ҳалок гардиданд. Мо, аз ин бояд хулоса кунем. Террорист дар ҳар куҷое набошад ва дар ҳар давлате тавлид наёфта бошад ӯ хатар барои тамоми давлатҳои дунё ва барои тамоми насли инсоният аст. Мо амали Додгоҳи олии Юнонро пуштибони аз терроризми байналмилалӣ медонем ва онро комилан маҳкум мекунем. Мо ба додгоҳи Юнон гуфтанием, ки онҳо ҳамчун шахсони масъули соҳаи ҳуқуқи инсон бояд ҳуқуқуқу озодиҳои мардуми осоиштаро зери хатар нагузоранд ва террористонро пуштибонӣ намуда, дар озодӣ нагузоранд. Ин кори шумо маънои хатар эҷод кардан ба ҳаёти осоиштаи мардуми бегуноҳро дорад.

Расулов Абдулҳафиз ҷавон аз ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Пуштибонии баъзе давлатҳои Аврупо ва созмонҳои аврупоӣ аз ъзоёни ҳизби террористию экстремистии мамнӯъи ҲНИТ бори аввал набуда, нишонаи дастгирии террористон ва терроризм мебошад. Имрӯз мубориза бо терроризму экстремизми байналхалқӣ бояд дастаҷамъона бошад ва ба хотири манфиатҳои алоҳидаи худ давлати Юнон ва Додгоҳи олии он бо озод намудани Мирзораҳим Кузов барои мардуми шарифи Тоҷикистон хатар эҷод накунанд ва амнияти Тоҷикистонро зери хатар набаранд. Тоҷикистон ҳеҷ як фарзанди содиқу бовафо  ва ватандӯсташро дар хориҷ намондааст, ҳамаи онҳоро дар оѓуши худ гирифта, ҳимоя менамояд, вале фарзандони хоинаш аз шарм ва тарси хиёнати кардаашон дар мулки бегона паси хоҷагони худ аз модар- Ватани худ ва миллати бузурги худ паноҳ ҷӯста, бар зиддӣ манзилу макон ва модари меҳрубони худ санги маломат мепартоянд.

Додгоҳи олии Юнон ва мардуму ҳукумати он бояд хуб дар хотир гиранд, ки нафароне, ки ба мода рва Ватану миллати худ хиёнат мекунанд ва бадхоҳи мардуми худ ҳастанд, ҳеҷ гоҳ нисбати мардуму миллат ва давлати дигар хайрхоҳу некандеш нестанд, балки манбаи хавфу хата рва таҳдид ба амнияти давлати онҳоро дар оѓушгиранда ҳастанд.

Каримов Давлатшоҳ ДДОТ

Мо ҷавонони Тоҷикистон амали Додгоҳи олии Юнонро оиди озод намудани Мирзораҳим Кузов машҳур бо лақаби Шоҳнаими Карим қатъиян маҳкум менамоем. Мо Ватани худ – Тоҷикистони озоду ваҳдатқаринро дӯст медорем ва хоинони модар – Ватани худро бо ҳукми қонун маҳкум дидан мехоҳем. Мо ояндаи худро дурахшону тинҷу осуда ва ори аз хатари терроризму экстремизм дидан мехоҳем. Агар Додгоҳи олии Юнон ва мардуми ин кишвар воқеъан инсондӯст бошанд ва ҳуқуқу озодиҳои инсонро эҳтиром намоянд пас онҳо бояд пеш аз ҳама амнияти миллиардҳо мардуми осоиштаи дунёро фикр кунанд, на манфиати як террорист ва як ҳизби террористию экстремистиро.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru