• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ҳисоботи кафедраи забони тоҷикӣ оид ба корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва илмӣ- методӣ дар соли 2017

Дар кафедра 16 нафар устодон кор мекунанд. Аз ин миқдор 4 нафар дорои дараҷаи илмӣ- як нафар доктори илм, се нафар номзади илм мебошанд. Рисолаҳои илмии се нафар – Саидова Ҷамила, Каримова Малика ва Ҷӯраева Хубон дар арафаи ҳимоя қарор доранд. Рисолаи Каримова Малика аз пешдифоъ гузашт.

  1. 1. Монографияҳо:

Каримова М.Масъалаҳои муносибати забони тоҷикӣ ва қирғизӣ дар лексикаи лаҳҷаи Лахш.-Душанбе: Дониш, 2017.- 180 с.

Монография ба масъалаҳои муносибати забони тоҷикӣ ва қирғизӣ дар лексикаи лаҳҷаи Лахш бахшида шудааст.Он аз муқаддима, се боб, шаш фасл, хулоса ва рӯйхати адабиёт иборат буда, дар он таъсири забони тоҷикӣ ба лаҳҷаи қирғизҳоиминтақаи Лахш пажӯҳиш гардидааст. Монография дар дасти чоп аст.

2. Китобҳои дарсӣ:

2.1. Хоҷазод С., Ализода А.Махсусияти жанрҳои радиоӣ. Китоби дарсӣ. - Душанбе: Балоғат, 2017.-336 с.

Китоб таҳаввул ва ташаккули низоми жанрҳои журналистикаи радиоро дар замони муосир дарбар мегирад. Муаллифон бо истифода аз таҷрибаи ғании амалии худ дар радио мақом, махсусият, таҳаввул ва ташаккули низоми жанрҳои журналистикаи радиоро дар давраҳои муайян бо мисолҳои мушаххас нишон додаанд.Китоб барои устодон, пажӯҳишгарон, унвонҷӯён, донишҷӯён ва кормандони ВАО пешниҳод шудааст.

2.2. Хоҷазод С., Алиев О. Забони тоҷикӣ (барои факултетҳои ғайрифилологӣ). Дастури таълимӣ.-Душанбе: Донишварон, 2017.-143 с.

Китоб нахусткӯшиш ҷиҳати  фароҳам овардани маводи назариву амалӣ аз фанни забони тоҷикӣ барои донишҷӯёни равияи табиию риёзии факултаҳои ғайрифилологӣ маҳсуб мегардад. Он тарзу услуби навишт, таҳия ва шакли тартиб додани матнҳои гуногуни тахассусиро ба донишҷӯён нишон медиҳад.

Қоидаҳои имлои нави забони тоҷикӣ, матнҳои тахассусӣ ва супоришҳо, усули таълифи ҳуҷҷатҳо барои тақвияти донишҳои назарӣ ва таҳкими фаъолияти амалии донишҷӯён мусоидат менамояд.

Китоб барои донишҷӯён, коргузорон, пажӯҳишгарон ва ҳаводорони забони тоҷикӣ  ба ҳайси маъхази муътамад ва дастури муфид хидмат мекунад.

2.3. Хоҷазод С. Забони тоҷикӣ (барои гурӯҳҳои туркманӣ). Дастури таълимӣ.- Душанбе: ДДОТ, 2017. 132 с.

Дастури таълимӣ барои навомӯзон ва донишҷӯёни гурӯҳҳои туркмании макотиби олӣ пешбинӣ шудааст. Китоб аз се фасл иборат буда, фасли аввал фарогири бахшҳои савтиёт ва имло, нутқи шифоҳӣ, хониши матнҳо, нутқи хаттӣ ва ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ мебошад, фасли дуюм матнҳои ҷолиб дар мавриди забону фарҳанг ва сарватҳои маънавии тоҷиконро дарбар гирифта,  фасли сеюм аз луғати фонетикӣ ва грамматикӣ ва луғати мухтасари муҳовара таркиб ёфтааст.

2.4. Хоҷазод С. Холдорова Д. Забони тоҷикӣ барои гурӯҳҳои туркманӣ). Дастури ёрирасони таълимӣ. -Душанбе: ДДОТ, 2017.- 87 с.

Китоб аз мавзӯъҳои дарсӣ, матнҳо барои диктант ва машқ ва луғати туркманӣ ба тоҷикӣ иборат буда, ба сифати воситаи ёрирасони таълимӣ барои навомӯзон ва донишҷӯёни гурӯҳҳои туркмании макотиби олӣ пешбинӣ шудааст.

2.5. Исматуллоев М. Забони тоҷикӣ (барои факултетҳои ғайрифилологӣ).  –Дастури таълимӣ, Душанбе: ДДОТ, 2017.-146 с.

Дастури таълимӣ матни лексияҳо, дарсҳои амалӣ, мавзӯъҳои КМРУ ва эссеҳоро дарбар мегирад.Ҷиҳати тақвияти афкори хонандагон матни диктантҳо низ дар он ҷой дода шудааст.

3. Дастури методӣ ва барномаҳои таълимии таҳияшуда:

3.1.         Хоҷазод С., Саидова Ҷ. Забони тоҷикӣ (комплекси таълимию методӣ). -ДДОТ, 2017.163 с.

Маҷмӯаи таълимию методӣ аз фанни забони тоҷикӣ ба сифати маводи омӯзишӣ барои омӯзгорону донишҷӯёни факултетҳои ғайрифилологӣ омода гардида, дар он муҳимтарин талаботи низоми кредитии таҳсилот ба инобат гирифта шудааст. Китоб бобати доро шудан ба донишҳои назарӣ, малакаҳои тахассусӣ ва салоҳиятҳои касбӣ мусоидат мекунад. Он матни лексияҳо ва дарсҳои амалӣ, номгӯи супоришҳо барои машғулиятҳои КМДРО ва КМД, мавзӯъҳои эссе, инчунин феҳристи адабиёти асосӣ ва иловагиро дар бар мегирад.

3.2. Барномаи таълимӣ аз фанни забони тоҷикӣ, 2017.- 41 с.

Барнома мавзӯъҳои дарси имлои забони тоҷикиро дарбар мегирад. Дар он мавзӯъҳои лексия, амалӣ ва КМДРУ мутобиқи соатҳо тақсимбандӣ гардида, мавзӯъҳо ба зермавзӯъҳо ҷудо шудаанд.

4. Мақолаҳои илмӣ, методӣ ва омавии банашрасидаи устодон ва донишҷӯён:

4.1.Хоҷазод С. Мавқеи радиокомпозитсия дар барномаҳои радиои Тоҷикистон /Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. № 4/5(209). -Душанбе, 2016.

Дар мақола мавқеи радиокомпозитсия дар барномаҳои радиои Тоҷикистон бо мисолҳои мушаххас нишон дода шудааст. Муаллиф ба натиҷа расидааст, ки ҳанӯз ин жанр дар барномаҳои радио мавқеи худро нигоҳ доштааст ва дар замони истиқлол бо ҷузъиёти нав мукаммал гардидааст.

4.2. Хоҷазод С. Усули таълими ҷумлаҳои содаи яктаркиба ва дутаркиба дар дарсҳои забони тоҷикӣ /Паёми донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон. № 4. -Душанбе, 2017.

Дар мақола усули таълими ҷумлаҳои содаи яктаркиба ва дутаркиба дар дарсҳои забони тоҷикӣ дар мисоли синфи 9 пажӯҳиш шудааст. Муаллиф ба хулоса расидааст, ки истифодаи усулҳои анъанавии таълим- методҳои нақл, суҳбат ва интерактивӣ барои бедор намудани шавқи хонандагон ба тадрис мусоидат менамоянд.

4.3. Хоҷазод С. Национальный язык- гордость нации //Народная газета, 4.10, 2017.

Мақола хусусияти оммавӣ дошта, накши ДДОТ ба номи С.Айниро дар рушди забони тоҷикӣ фаро мегирад.

4.4. Хоҷазод С. Нақши Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ.www.Khovar.tj, 5.10.17.

Мақола ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ бахшида шуда, дар рӯзи забон нашр шудааст.

4.5. Раҳимова Ҳамроза. Мавқеи маҷоз дар ашъори МирзоТурсунзода //Актуалные проблемы филологии.- Душанбе, 05. 2017.

4.6. Саидова Ҷамила. Хусусиятҳои услубии диалектилизмҳо дар осори Абдулҳамид Самад / Ахбори Академияи илмҳо. 2016.

4.7. Ҷӯраева Хубон. «Шоирони ҳамасри Ҳасрат ва муҳити адабии замони ӯ».

// Муҳаққиқи ҷавон».ДДОТ. -Душанбе, №15(15), 2016.

4.8.Ҷӯраева Хубон. «Титол дар ашъори Ҳасрати Ҳисорӣ». //Паёми

донишгоҳи миллӣ. -  Душанбе, №4/3, июни 2017.

4.9.Ҷӯраева Хубон. « Ишқ дар ашъориМирзо Олимҷон Ҳасрати Ҳисорӣ»

/ /Паёми донишгоҳи миллӣ.- Душанбе, № 4 , сентябри 2017.

4.10.Ҷӯраева Хубон. «Шикояту эътироз алайҳи беадолатиҳои замон

дар ашъори Ҳасрат» //Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ.- Душанбе, июли 2017.

4.11.Ҷӯраева Хубон. «Шукрона» ё сипос аз Пешвои Миллат,

Асосгузори Сулҳу Ваҳдат. //Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ. Душанбе, 2017.

5. Баргузории семинару конфронсҳо:

Дар давраи ҳисоботӣ дар кафедра як семинар дар мавзӯи       «Дастгирии сиёсати Президенти Тоҷикистон дар мавриди об» дар таърихи 26 - уми майи соли 2017 ва як «Мизи гирд» дар мавзӯи «Имлои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» дар таърихи 27-уми октябри соли равон, инчунин ду конфронс дар мавзӯи «Забони миллат- пояи миллат» дар таърихи 4-ум  ва 5- уми  октябри соли 2017 баргузор гардид. Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо кафедраи назария ва таърихи забони тоҷикӣ як конфронси донишгоҳӣ дар толори донишгоҳ рӯзи 5- ноябр доир шуд,ки  мавзӯи он «Забони миллат - ҳастии миллат» унвон дошт. Баргузории семинар конфронс ва  сӯҳбатҳои «Мизи мудаввар» мутобиқи нақшаи тасдиқшудаи кафедра идома хоҳад ёфт.

6. Омода намудани кадрҳои илмӣ ва педагогӣ:

Дар кафедра кадрҳои илмӣ бо ду роҳ омода мегарданд.

  1. Мутобиқи нақша устодони кафедра бояд рисолаҳои илмии худро дифоъ намоянд. Ҳоло рисолаҳои илмии 3 нафар-Саидова Ҷамила, Каримова Мастона ва Ҷӯраева Хубон ба итмом расидаанд. Рисолаи илмиии Каримова Мастона  «Хусусиятҳои шеваи қирғизҳои минтақаи Лахш»  муҳокима шуд,    аз пешдифоъ гузашта ба ҳимоя тавсия гардид.

2.Устодони унвондори кафедра вазифадор шудаанд, ки ба корҳои илмии шогирдон роҳбарӣ намоянд. Мудири кафедра Хоҷазод С. роҳбарии 2 унвонҷуйро ба уҳда дорад. Мавзӯи рисолаи унвонҷӯ Ҷумаев Ҷумабой «Хусусиятҳои жанрии насри замони истиқлол» ваСаидзода Сулаймон «Бозтоби чеҳраҳои таърихӣ дар асари «Чеҳраҳои мондагор»-и Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудаанд.

7. Ишитироки донишҷӯён дар озмунҳои фаннӣ ва олимпиадаҳо:

Мутобики дастури Ректори донишгоҳ ва нақшаи Раёсати илм ва инноватсия ҷиҳати муайян намудани дониши хаттӣ ва шифоҳии донишҷӯёни ДДОТ ба номи Садридди Айнӣ дар факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ давраи якуми олимпиада баргузор гардид.

Дар даври якуми ин чорабинӣ аз фанни забони тоҷикӣ донишҷӯёни факултетҳои химия, физика, технология ва иқтисодиёт ва математика ширкат варзиданд. Бояд зикр намуд, ки донишҷӯёни факултетҳои гуманитарӣ, амсоли  забон ва адабиёти рус, олмонӣ, ангилисӣ ва таърих, ки дар нимсолаи дуюми соли хониш фанни забони тоҷикиро меомӯзанд, ба олимпиада ҷалб карда нашудаанд.

Донишҷӯён дар рафти олимпиада хеле фаъол ва ба саволҳои устодон ҷавобҳои амиқ ва дуруст медоданд. Баъди саволу ҷавоб донишҷӯён маҳорати худоро дар мавриди қироати хондани шеъру порчаҳои назмӣ нишон доданд. Маълум шуд, ки баъзе донишҷӯён шеъру ҳикоя эҷод менамоянд, ки қисмате аз онҳо дар нашрияҳо интишор гардидаанд.

Дар олимпиада 16-нафар донишҷӯёни фаъол  ки ба омӯзиши забони тоҷиқӣ рағбати беандоза доранд, ширкат варзиданд. Дониши шифоҳии онҳо тавассути саволу ҷавоб ва дониши хатти онҳо бо воситаи саволномаи тестӣ санҷида шуд. Баъди баррасии натиҷаи олимпида донишҷӯёни зер чунин ҷойҳоро ишғол карданд.

  1. Асророва Муниса, Ҷӯраева Мактуба- факултети химия
  2. Қаландарова Маҳтоб, Қундузова Маликахон- факултети физика
  3. Акрами Абдуфаттоҳ, Абдувализода Исмоил- факултети технология ва иқтисодиёт.

Кафедра тасмим гирифт, ки ба хотири ҳавасманд намудани ширкаткунандагони олимпида тамоми иштирокдоронро ҷиҳати ширкат ба даври дуюми ин чорабинӣ тавсия намояд. Ҳамчунин ширкаткунандагон ҳуқуқ пайдо намуданд, ки дар маҳфили кафедра, ки бо номи «Забон донӣ- ҷаҳон донӣ» моҳе ду маротиба баргузор мегардад, иштирок намоянд. Омӯзгорони кафедра вазифадор шуданд, ки барои таҳриру такмимили шеъру ҳикоя ва мақолаҳои ширкаткунандагони олимпиада ёрмандӣ кунанд.

8. Иҷрои фармоишу қаророҳои дахлдори мақомоти соҳаи маориф ва илм:

Тамоми фармон, қарор ва дастурҳои Вазорати маориф ва Раёсати донишгоҳ сармашқи кори устодони кафедра мебошанд. Имсол кафедра аз рӯи барномаи нави таълими забони тоҷикӣ, ки онро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, фаъолияти худро ба роҳ монд.

Мутобиқи барномаи нав ҷиҳати таълими забони тоҷиқӣ дар як сместр чор кредит- як кредит лексия, ду кредит дарсҳои амалӣ ва 1 кредит КМДРО ҷудо шудааст. Дар барномаи қаблӣ лексия вуҷуд надошт. Бартарии барномаи нав дар он аст, ки тавассути дарсҳои лексионӣ донишҷуён бо таърихи ташаккули забони тоҷиқӣ ва имлои он хубтар ошно мегарданд.

Гузаштан ба низоми нави таҳсили фосилавӣ,  ки онро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешониҳод намудааст, ногузир аст. Устодони кафедра ҷиҳати омӯзиши нозукиҳои таҳсили фосилавӣ дар семинарҳо ширкат варзида, ҳоло тавассути интернет бо донишҷӯёни ғоибхон дар робитаи пайваста қарор доранд.

Тамоми дастурҳои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Раёсати донишгоҳ дар ҷаласаҳои кафедра баррасӣ гардида, мавриди амал қарор мегиранд. Аз ҷумла, бо супориши роҳбарияти донишгоҳ комплекси таълимию методӣ аз фанни забони тоҷикӣ таҳияву тадвин гардид. Тамоми устодони кафедра бо комплекси таълимию методӣ, силлабус ва барномаи корӣ  таъминанд. Ҳамин сол аз ҷониби устодони кафедра чаҳор воситаи таълимӣ аз фанни забони тоҷикӣ ба чоп расид. Кафедра дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва роҳбарияти донишгоҳ дар сафи пеш аст.

 

Мудири кафедра:                                                        Хоҷазод С.

 

 

 

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru