• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ВОКӮНИШИ ҶАВОНОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БА ҲУКУМАТДОРОН ВА МАРДУМИ ДӮСТУ БАРОДАРИ ЛИТВИЯ.

Таърихи ташаккули миллатҳои дунё нишон медиҳад, ки ҳар як миллат дар баробари фарзандони ватандӯсту ватанпарвар, инсондӯсту башардӯст ва созандаю бунёдкор, мутаассифона фарзандони хоину бадхоҳ ва бадсиришту ватанфуруш низ дорад, ки ҳеҷ гоҳ шукронаи соҳибдавлатӣ накарда, Ватану сарзаминашонро бо кучактарин чиз ба хоҷагонашон мефурушанд. Ин падидаи таърихиро мо ҷавонони дурандеш ва зираку ҳушёри Тоҷикистон хуб дарк кардаем ва ҳеҷгоҳ намегузорем фарзандони нохалаф кишвари биҳиштосои моро ба майдони манфиатхоҳию манфиатҷӯӣ ва бегонахоҳию бегонапарастӣ мубадал гардонанд.

 

Хоҳиши пур аз эҳтиромоти мо аз шумо мардуми гиромиқадри Литвия ва шахсони мансабдори ин кишвар аз он иборат аст, ки хоинон ва террористонро дар оғуши худ ҷой надиҳед ва замини муқаддаси Ватанатонро аз қудуми нохалафон ва террористону экстремистон покиза нигоҳ доред. Нафаре, ки ба Ватани худ хиёнат мекунад, ҳеҷ гоҳ барои шумо дӯст буда наметавонад.

Мо ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол аз даъвати расмии раиси Ҳизби террористию экстремистии наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, Мухаммадсаид Ризоӣ, узви раёсати олии хизб ва Муҳаммадчон Сафарзода, ёвари раиси хизб, ҷиҳати иштирок дар конфронс ва дидору мулоқоти расмии онҳо бо намояндагони Ҳукумати Литвия бисёр изҳори таассуф мекунем.

Амали шумо мардуми бародари Литвия ва Ҳукуматдорони ин кишвар аз он ҷиҳат барои мо нангин аст, ки ин муносибати шумо инъикоскунандаи пуштибонӣ аз душманони мардуми шарафманди Тоҷикистон ва халалдор кардани сулҳу Ваҳдати миллии тоҷикон аст.

Шумо, агар воқеъан аз ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирин дифоъ кардан хоҳед пас бояд мусоидат бар он кунед, ки терроризму экстремизм ва террористону экстремистон ба монанди Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамроҳони ӯ дастгир шуда, тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Маҳз бо ҷурми терроризму экстремизм имрӯзҳо даҳҳо миллион сокинони сайёра дар муҳоҷирати иҷборӣ дур аз Ватани худ қарор доранд ва дар шароитҳои вазнинтарин зиндагӣ карда истодаанд. Садҳо ҳазор кӯдакони бегуноҳ фавтида истодаанд. Мо ҳамагон шоҳиди ҳол ҳастем, ки ҳамарӯза аз ҳисоби муҳоҷирини иҷборӣ чиқадар шаҳрвандони бегуноҳ ва махсусан кӯдакон дар баҳр ғарқ шуда ба ҳалокат расиданд ва расидаистодаанд. Сабаби аслии ин ҳама дастгирии баъзе аз давлатҳои дунё аз террористону экстремистон мебошад.

Мо хоҳони амнияти сартосарӣ дар тамоми дунё ва волоияти ҳуқуқу озодиҳои мардуми осоиштаю бегуноҳ ҳастем. Мо терроризм ва экстремизмро дар ҳама шаклҳо ва сатҳҳояш маҳкум менамоем ва дар роҳи мубориза ба он тамоми ҳастияморо дареғ намедорем. Террорист миллат, давлат, дин, мазҳаб ва виҷдону имон надорад, дар ҳар давлате бошад барои он манбаи хавфноки хатар маҳсуб меёбад.

Мо аз амнияти миллии худ ҳамеша пуштибонӣ намуда, манфиатҳои миллию давлатии худро бо тамоми ҳастиямон дифоъ месозем. Мо Ватани соҳибистиқлолу озод ва гаҳвораи сулҳи дунёро дӯст медорем ва замини муқаддаси  онро пок аз қадами террористону экстремистон нигоҳ медорем. Мо ин амалро барои худ шарафи бузург ва рисолати аввалиндараҷа медонем. Барои мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон фарзандоне, ки ба Модар – Ватани худ хиёнат карда, андешаю ғояҳои ғаразноки хоҷагони хориҷии худашонро дар Ватани ободу осудаи мо амалӣ кардан мехоҳанд муборизаи беамон мебарем. Мо тибқи Конститутсияи кишвари худ ва санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон амал намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсонро муқаддас мешуморем ва намегузорем, ки ҳеҷ як хиёнаткор ва террористу экстремист ҳуқуқу озодиҳои мардуми шарифи Тоҷикистонро поймол созад.

Шумо низ агар дар асл ва дар ҳақиқат ба мардуми осоиштаи дунё заррае эҳтиром дошта бошед пас террористонро бояд маҳкум кунед ва нагузоред, ки онҳо дар озодӣ барои мардуми осоишта хатарҳои нав ба навро эҷод намоянд!.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj