• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ҳисоботи

садорати факултети забони англисӣ

Садорати факултети забони англисӣ ба маълумоти Шумо мерасад, ки дар ҳафтаи сипаригашта омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва сиёсии зерин ширкат варзиданд:

  1. Дар санаи 7-юми ноябри соли ҷори  дар бинои асоси донишгоҳ дарси кушод дар мавзӯъи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» аз ҷониби дотсенти кафедраи «Фалсафа» Бердиев Ш. баргузор гардид, ки дар он декани факултет дотсент Бародзода Ф. К. муовини декан оид ба тарбия Шералиев С. муовини декан оид ба илм ва инноватсия Холиқов А. мудирони кафедраҳо, омӯзгорон ва   ҳама донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
  2. Дар таърихи 14-уми декабри соли ҷори дар бинои асосии донишгоҳ миёни донишҷӯёни факултети забони англисӣ чорабинии фарҳангии «Маҳфили Зарифон» гузаронида шуд. Дар ҷорабинии мазкур декани факултет Баротзода Ф.К. ва муовинони декан оид ба таълим, тарбия ва илм, мудирони кафедра, омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
  3. Дар давоми ҳафтаи сипаригардида донишҷӯи бахши дуюми факултет Тоҷова Нилуфар дар озмуни ноҳиявии хониши китобҳои Пешвои миллат, ки миёни тамоми донишгоҳу донишкада ва муасисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид, ширкат варзида сазовори ҷойи сеюм шуд.
  4. Инчунин бояд зикр намуд, ки мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида ҳафтае се маротиба дарс бо гурӯҳи олимпии факултет ва ҳафтае як маротиба маҳфилҳои илмӣ дар назди кафедраҳо баргузор мегарданд.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj