• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Сиёсати давлатии ҷавонон дар сохтори муассисаҳои олии таълимӣ.

Тибқи моддаи 41 – и Конститутсия (Сарқонун) – и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурӣ ҳар шахс но вобаста аз миллат, нажод, ҷинс, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва ғайраҳо ҳуқуқи таҳсил карданро дорад.

Вобаста ба ин дар Тоҷикистон тамоми шароитҳо барои таҳсил дар муассисаҳои олии таълимӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳар як шаҳрванд ҳақ дорад, ки дар ин зиннаи таҳсилот чӣ ба таври ройгон ва чӣ ба таври шартномавӣ вобаста ба хоҳиши худ таҳсил намояд. Ин аз мавҷудияти заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва пуштибонии ҳамаҷонибаи давлату ҳукумати Тоҷикистон аз насли ҷавони кишвар ҷиҳати таҳсили онҳо дар ин зинаи таҳсилот шаҳодат медиҳад.

Сиёсати давлатии ҷавонон дар сохтори муассисаҳои олии таълимӣ яке аз зинаҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аҳамияти баланди стратегӣ ва ҳаётӣ дорад.

Тоифаи асосии ҷомеа – зиёиён, ки рушду тараққиёт, амният, сулҳу ваҳдат ва мавқеи дилхоҳ давлат дар сатҳи ҷаҳонӣ аз онҳо вобаста аст маҳз дар ҳамин зинаи таҳсилот камол меёбанд.

Субъекти асосии дар амал тадбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавонон дар сохтори муассисаҳои олии таълимӣ ин шуъбаҳои кор бо ҷавонони донишгоҳҳо мебошанд, ки фаъолияти худро дар асоси Конститутсия (Сарқонун) – и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои ҶТ «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олӣ ва олии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Низомномаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи миллии тарбия», низомномаҳои муассисаҳои олии таълимӣ ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуӣ ба роҳ мемонанд.

Мақсад аз таъсиси ин шӯъбаҳо пеш аз ҳама таъмин намудани амалишавии сиёсати давлатии ҷавонон ва ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии дар боло номбурда дар ин зинаи таҳсилот мебошад.

Вобаста ба ин шӯъбаҳои кор бо ҷавонон дар таҳияи ҳуҷатҳои вобаста ба тарбияи ҳамаҷонибаи донишҷуён дар сохтори донишгоҳҳо саҳмгузорӣ менамоянд.

Дар мисоли мушаххас фаъолияти кунунии Шӯъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии омӯзгории тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро мегирем.

Шӯъбаи кор бо ҷавонони ДДОТ ба номи С. Айнӣ тибқи Низомномаи он бо мақсади дар амал тадбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон дар ин Донишгоҳ таъсис дода шудааст, ки баҳри амалӣ гардонидани иқтидори эҷодии донишҷӯён, рушди ҳамкорӣ, мустаҳкам гардонидани дустӣ, ягонагии ҷавонон ва донишҷӯён, ҳифзи ҳуқуқи донишҷӯён новобаста аз нажод, милат, эътиқоди динӣ, вазъи иҷтимоӣ ва мавқеи сиёсӣ барои тайёрии касбӣ ва маълумот, ҷалб намудани ҷавонон ва донишҷӯён ба идора ва роҳбарии ташкилотҳо ва итиҳодияҳои ҷавонон, тарбияи ҷавонон ва донишҷӯён дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, забон ва урфу одати милатҳое, ки дар Донишгоҳ таҳсил менамоянд, ташкил кардани шӯро, иттиҳодияҳо ва созмонҳои ҷавонон ва донишҷӯён ва ғайраҳо фаъолият менамояд.

Барои ба мақсадҳои боло расидан аз ҷониби Шӯъба ҳамасола чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, иттилоотӣ, фароғатӣ, варзишӣ ва озмунҳо гузаронида мешавад.

Бо мақсади амали гардонидани иқтидори эҷодии донишҷӯён бо ташаббуси Шуъба ҳамасола озмунҳои «Донишҷӯи беҳтарин», «Эҷодкор», «Иншои беҳтарин» дар мавзӯҳои гуногун, «Беҳтарин донандаи компютер», «Беҳтарин мақола» дар мавзӯҳои гуногун ва ғайраҳо гузаронида мешавад, ки дар онҳо донишҷӯён фаъолона иштирок менамоянд.

Барои ҷалби донишҷӯён ба тарзи ҳаёти солим, зебоипарастӣ, ва тарбияи онҳо дар руҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва миллатҳои дигари дар донишгоҳ таҳсилкунанда, Шӯъбаи кор бо ҷавонони ДДОТ ба номи С. Айнӣ ҳамасола нақша чорабиниҳои алоҳидаро таҳия намуда амали мегардонад. Тибқи ин нақша чорабиниҳо мусобиқаҳои варзишии вазнбардорӣ, давидан ба дарозӣ, футболи хурд, тениси рӯи миз, волейбол, маҳфили иттилоотӣ – фарҳангии «Худшиносии миллӣ», озмуни «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ», «Шоми дӯстӣ» ва ғайраҳо гузаронида мешаванд. Ҷиҳати баланд бардоштани зиракии сиёсӣ ва қобилияти роҳбарии донишҷӯён дар донишгоҳ маҳфили «Парлумони ҷавонон» фаъолият менамояд, ки донишҷӯёни зиёдеро муттаҳид намудааст. Ғайр аз ин дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ махфилҳои доимоамалкунандаи гуногуни фарҳангӣ, илмӣ, сиёсӣ ва эҷодии донишҷӯён бо номҳои гуногун фаъолият менамоянд. Дар ДДОТ ба номи Садриддин Айни «Маркази дастгирии донишҷӯён» фаъолият менамояд, ки донишҷӯёни эҷодкори ҳамаи факултетҳо дар он фаъолият менамоянд ва роҳбарии онро худи донишҷӯён бар душ доранд.

Сиёсати давлатии ҷавонон дар сохтори муассисаҳои олии таълимӣ маҳз ба воситаи гузаронидани чунин чорабиниҳо ва фаъолияти маҳфилҳое, ки дар боло зикрашон рафт тадбиқ мегардад.

Аз ин бар меояд, ки барои тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар сохтори муассисаҳои олии таълимӣ заминаи боэътимод мавҷуд аст.

Вале ҳануз камбудиҳои зиёде дар ин самт мавҷуданд, ки ҳалли онҳо шарт ва зарур мебошад. Мушкилоти асосӣ дар тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ин зинаи таҳсилот то имрӯз ин фаро гирифта натавонистани тамоми ҷавонони дар донишгоҳ таҳсилу фаъолияткунанда мебошад. Ин номукамалӣ ва ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ набудани сиёсати давлатии ҷавононро дар сохтори муассисаҳои олии таълимӣ нишон медиҳад, ки дар натиҷаи тағйиротҳои куллии дар ин соҳа ба даст омада ва дигар омилҳо ба вуҷуд омадаанд:

  1. Ба сохти бисёрзинагӣ гузаштани таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
  2. Ҷаҳонишавии таҳсилоти олӣ.
  3. Дар ин зинаи таҳсилот тоифаи асосии ҷомеа ба камол мерасад.
  4. Сиёсати давлатии ҷавонон дар сохтори муассисаҳои олии таълимӣ маблағгузории мунтазамро дар асоси механизмҳои содагардонидашуда талаб менамояд.

Тавре медонем мактабҳои олии Ҷумҳурӣ ба сохти бисёрзинагии таҳсилот гузаштаанд, ки дар Донишгоҳ ба ғайр аз донишҷӯён магистрҳо низ таҳсил менамоянд. Магистрҳо донишҷӯёни курсҳои болоии Донишгоҳ ба ҳисоб мераванд ва иштироки онҳо дар тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар сохтори муассисаҳои олии таълимӣ аҳамияти баланд дар рушди сарвати инсониро доро мебошад. Иштироки онҳо дар ин раванд натанҳо боиси аз ҷиҳати илмӣ боз ҳам мукамал шудани сиёсати давлатии ҷавонон мегардад, балки боиси ба сатҳи стандарти ҷаҳонӣ баровардани сиёсати давлатии ҷавононро дар ин зинаи таҳсилот таъмин менамояд. Чунки магистрҳо донишҷӯёне мебошанд, ки натанҳо дониши хубу аъло доранд, балки ба раванди тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон пурра шинос мебошанд. Мутаасифона то имрӯз дар донишгоҳҳои Ҷумҳурӣ, ки ба сохти бисёрзинагии таҳсилот гузаштаанд, магистрҳо қариб аз тамоми чорабиниҳои донишгоҳӣ, ки боиси амалишавии сиёсати давлатии ҷавонон дар сохтори мактабҳои олӣ мегардад берун мондаанд. Сабаби асосии ин омил ин дар мавҷуд набудан ё худ коркард нашудани механизми ҷалби онҳо ба тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар мактабҳои олӣ мебошад. Дар ин самт дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ модели алоҳида омода шуда истодааст.

Бо ҷаҳонишавии таҳсилоти олӣ ва гузаштани мактабҳои олии Ҷумҳурӣ ба низоми кредитии таҳсилот, ки низоми ҷаҳонии таҳсилот мебошад дар назди шуъбаҳои кор бо ҷавонони донишгоҳҳо талаботҳои нав гузошта мешавад.

Дар донишгоҳҳо новобаста аз он, ки раванди таълим дар кадом сатҳ мегузарад он аз рӯи стандартҳои ҷаҳонии таҳсилот сурат мегирад. Вобаста ба ин мутахассисон дар донишгоҳҳо тибқи талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ омода карда мешаванд, ҳарчанд ин талабот дар бисёр мавридҳо ғайриқаноатбахш ба даст меояд.

Вобаста ба ин талаботҳо ва стандартҳои ҷаҳонӣ, сиёсати давлатии ҷавонон низ дар сохтори мактабҳои олӣ бояд ҷавобгӯ ба талаботҳои ҷаҳони муосир таҳия ва амали карда шавад. Тибқи ин талабот ба сиёсати давлатии ҷавонон дар ин зинаи таҳсилот ҳамчун самти стратегии рушди сармояи инсонӣ муносибат намудан лозим мебошад, ки талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ ва тамоми соҳаҳои фаъолияти инсонӣ ба он мунтазам баланд мешавад.

Ҷараёни ҷаҳонишавии таҳсилоти олӣ донишҷӯёнро маҷбур месозад, ки дониши баланди сатҳи ҷаҳонӣ дошта бошанд ва бо ҳамсолони худ дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ рақобат карда тавононанд. Вобаста ба ин донишҷӯёнро зарур аст, ки имкониятҳо ва қобилиятҳои зеҳниву ҷисмонии худро сари вақт дар амал тадбиқ намуда, мавқеи худро дар ҷомеа ёбанд. Донишҷӯёне, ки ба ин имкониятҳо дастрасӣ пайдо намекунанд ба мушкилотҳои зиёде дар роҳи дарёфти мавқеи худ дар ҷомеа мегарданд, ки дар бисёр мавридҳо сабаби ба корҳои ғайри қобили қабул даст задании онҳо мегардад. Барои ин субъектҳои кор бо ҷавонони тамоми зиннаҳи дахлдорро зарур аст, ки механизми замонавии дар амал тадбиқ намудани имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии донишҷӯёнро таҳия намуда, дар амал тадбиқ намоянд. Ҳангоми таҳияи сиёсати давлатии ҷавонон дар сохтори муассисаҳои олии таълимӣ омилҳои зерин бояд ба назар гирифта шаванд:

Таҳсилоти олӣ зинаи баланд ва асосии таҳсилот мебошад, ки бо доштани он шахс имконияти кору фаъолиятро дар тамоми сохторҳои идораи давлативу хусусӣ вобаста ба равияи худ пайдо менамояд. Масъулияти пешпурди сиёсати давлатӣ низ дар тамоми соҳаҳо бар души ҳамин тоифаи аҳоли меистад. Яъне меҳвари тамоми гуррӯҳои иҷтимоии аҳолиро ҳамин тоифа ташкил менамояд. Ҳамчунин пешрафту тараққиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ва муаррифиву нигоҳдошти мавқеи он дар сатҳи ҷаҳонӣ низ аз ҳамин тоифа вобастагӣ дорад.

Даргоҳе, ки ин гуррӯҳи аҳолӣ камол меёбад ин муассисаҳои олии таълимӣ мебошанд. Дар сурате, ки ин тоифаи аҳолӣ аҳамияти баландтарини ҳаётиро дар рушду тараққиёти ҷомеа дошта бошад, пас сиёсати давлатии ҷавонон дар сохтори ин муассисаҳо чигуна бояд бошад?

Сиёсати давлатии ҷавонон дар сохтори муассисаҳои олии таълимӣ ин зиннаи аз ҳама асосии сиёсати давлатии ҷавонон буда, аҳамияти баландтарини стратегӣ, ҳаётӣ ва рушди сармояи инсониро доро мебошад, ки дар асоси талаботҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ, ва бо дар назардошти таҳавулотҳои замони имрӯз таҳия ва амали карда мешавад.

Яъне сиёсати давлатии ҷавонон дар сохтори муассисаҳои олии таълимӣ ин як қисми сиёсати давлатии ҷавонон мебошад, ки тақдири ояндаи миллату давлат аз бисёр ҷиҳат ба сатҳ ва сифати амалишавии он пайвастагии ногусастанӣ дорад. Маҳз ба ҳамин хотир президенти Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳои хеш аз тарбияи мутахассисони дорои дониши замонавӣ ва маҳорати баланди касбиву аз ҷиҳати сиёсӣ зирак, ки Ватани азизамон ба онҳо эҳтиёҷ дорад таъкид менамоянд.

Бо дарназардошти ин талаботҳо субъектҳои тадбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавононро дар сохтори муассисаҳои олии таълимӣ зарур аст, ки ҷавонон – дониҷӯёнро дар доираи принсипҳои зерин омода намоянд:

- тарбияи мутахассисони аз ҷиҳати касбӣ, равонӣ ва сиёсӣ устувор, ки қобилияти касбии худро дар шароити гуногунии моликият ва ноустувории иқтисодиву сиёсии ҷаҳони муосир тадбиқ карда тавонад.

- тарбияи зиёиёни аз ҷиҳати сиёсӣ зираку ҳушёр ва дорои дониши сатҳи баланди касбӣ, ки қобилияти ба ҷомеа таъсиррасонӣ низ дошта бошанд.

- тарбияи мутахассисони дорои ахлоқи ҳамидаи инсониву касбӣ.

Тавре медонем дар асри XXI сармояи асосӣ иттилооти наву тоза мебошад, ки бе дастрасӣ ба он шахс рушди мунтазами маънавии хешро таъмин карда наметавонад. Имрӯз донишҷӯёни тоҷик имконияти комили дастрасӣ ба тамоми сарчашмаҳои иттилоотиро доранд, ки дар рушди ҳамаҷонибаи онҳо мусоидати фаъол менамояд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонон – донишҷӯён зери таъсири сарчашмаҳои иттилоотии ҷаҳони муосир ба воя мерасанд, ки мутаасифона бисёре аз онҳо тарғибкунандаи маълумотҳои ғайри қобили қабул ва ба мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ расонанда мебошанд.

Аз ин рӯ ҳангоми таҳияи сиёсати давлатии ҷавонон дар сохтори муассисаҳои олии таълимӣ ба мушкилотҳои гуногуни маънавию ҷисмонӣ, ки бо таъсири равандҳои шоу бизнес, ВАО, интернет, шабакаҳои виртуалӣ ва телевизионӣ, ки баъзан аз доираи ахлоқи инсонӣ берун фаъолият менамоянд аҳамияти аввалиндараҷа додан зарур мебошад.

Умуман сатҳи амалишавии тамоми ҳадафҳои стратегии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расидан ба зиндагии шоиставу арзанда дар бисёр ҳолатҳо аз сатҳи амалишавии сиёсати давлатии ҷаонон дар сохтори муассисаҳои олии таълимӣ вобастагии зиёд дорад, ки президенти Ватани азизамон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ин нуқтаро дар паёми навбатиашон ба Маҷлиси олӣ 26.04.2013 махсус таъкид намуданд.

Дар шароити ниҳоят печидаи ҷаҳони муосир ва таҳаввулоти босуръати солҳои охир такмилу тақвият бахшидан ба фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, таъмин намудани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва бо ҳамин роҳ фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як фарди ҷомеа ҳадафи асосии мо мебошад.

Вазифаи муҳимтарини мо ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ниҳоят шахсияте мебошад, ки қобилияти шинохти равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро дошта бошад.

Бинобар ин, мо раванди таълиму тарбияро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор дода, ҳамаи тадбирҳои заруриро дар ин самт амалӣ гардонида истодаем.[1]

Шукронаи хоки Точикистон дорем,

Химмат ба рахи саодати он дорем,

Дар чодаи бунёди диёри падари-

Мо такя ба неруи чавонон дорем!

 

Қувватов Сайдулло Мудири Шӯъбаи кор бо ҷавонони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru