• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ҳисоботи

кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳӣ

Мутобиқи банди 3.1. и қарори Шӯрои олимон аз 28.09.2017, № 2/3 “Дар мавриди тасдиқи нақшаҳои инфиродии омӯзгорон”  маълум менамоем, ки тибқи қарори  ҷаласаи кафедра аз 28.08.2017 нақшаҳои инфиродии 11 нафар кормандони тасвибӣ ва 4 нафар ҳамкорон (дар маҷмӯъ 15 нафар) саривақт тасдиқ карда шуданд.

Дар робита ба банди 2­ и  қарори Шӯрои олимон аз 28.09.2017, № 2/7 “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” дар кафедра нақшаи чорабиниҳо таҳия шудааст. Дар ҳамаи ҷаласаҳои кафедра зарурияти ин қонун таъкид мегардад. Илова бар ин як маҳфили “Забон донӣ, ҷаҳон донӣ” ба ҳамин масъала бахшида шуд, ки дар он 16 нафар аъзои маҳфил ширкат намуданд. Оид ба иҷрои банди мазкури қарори Шӯрои олимон кафедра тасмим гирифтааст, ки пайваста чорабиниҳо доир намояд. Моҳи марти соли 2018 баргузории “Мизи мудаввар” дар назар аст.

 

Оид ба банди 2­ и  қарори Шӯрои олимон аз 31.10.2017, № 3/3 “Дар хусуси таҳлили фаъолияти таълимии ҳафтаинаи омӯзгорон дар давраи рейтинги якум” иттилоъ медиҳем, ки натиҷаи рейтинги давраи якум дар ҷаласаи кафедра, ки 27.10.17 доир шуд,  баррасӣ шуд. Маълум гардид, ки натиҷаи рейтинги ин давра дар факултети география ба воқеият рост намеояд. Бо супориши Раёсати таълими донишгоҳ савияи дониши донишҷӯёни ин факултет тариқи диктант санҷида шуд. Натиҷаи диктант нишон дод, ки аз 48 нафар донишҷӯ 36 нафар баҳои ѓайриқаноатбахш гирифтанд. Устодони кафедра Ҷӯраева Хубон ва Нуъмонзода Марям огоҳонида шуданд, ки дар сурати такроран роҳ додан ба камбудиҳо нисбати онҳо табирҳои интизомӣ андешида хоҳад шуд. Ҳамзамон вазъи қайди мавзӯъҳо дар журнали электронӣ пайваста аз ҷониби мудири кафедра назорат мешавад, дар моҳи октябр аз ҷониби устодон дарсшиканӣ ба мушоҳида нарасидааст. Навбатдорӣ дар кафедра ҷавобгӯи талабот буда, ҳолати навбатдорӣ дар дафтари махсус қайд мегардад.

Оид ба банди 2­ и  қарори Шӯрои олимон аз 31.10.2017, № 3/1 “Дар бораи гузаронидани мониторинг  ҷиҳати муайян намудани сатҳи саводи донишҷӯёни курси якум”.

Бо мақсади муайян намудани дониши хаттии  донишҷуёни курси 1-уми забон ва адабиёти рус, технология ва иқтисодиёт, биология аз фанни забони тоҷикӣ бо супориши Раёсати донишгоҳ  аз онҳо диктант гирифта шуд. Натиҷаи диктант бозгӯи он аст, ки саводи хаттии донишҷӯёнҳанӯз ҷавобгӯйи талабот набуда, донишҷӯён ҳангоми навиштани диктант асосан дар имло ва аломатҳои китобат иштибоҳ мекунанд.

Дар курси якуми факултети биология 186 нафар, технология ва иқтисодиёт 195 нафар, забон ва адабиёти рус 273 нафар таҳсил менамоянд, ки дар маҷмӯъ шумораи умумии онҳо ба 464 нафар мерасад. Ҳангоми навиштани диктант аз 464 нафар 412 нафар ши ркат дошт, ки 88,8%-ро ташкил медиҳад.

Натиҷаҳои диктант ба тариқи зайланд:

 

Факултетҳо

Баҳои  2

Баҳои 3

Баҳои  4

Баҳои 5

 

 

Технология ва иқтисодиёт

72

60

11

9

 

Биология

34

39

39

14

 

Забон ва адабиёти рус

46

61

20

7

 

Ҷамъ

152

160

70

30

 

 

Агар ин нишондодро бо фоиз нишон диҳем чунин натиҷа ба даст меояд:

Баҳои 2- 152 нафар- 36, 9%

Баҳои 3- 160 нафар – 38,8 %

Баҳои 4-70 нафар - 17%

Баҳои 5-30 нафар -7, 3%

Сатҳи азхудкунӣ 63, 1%-ро ташкил медиҳад. Агар ин нишондодро ба ҳамин давраи соли гузашта муқоиса намоем 10- дарсад кам аст. Сатҳи азхудкунии фанни забони тоҷиқӣ соли гузашта 73%- ро ташкил медод.

Вобаста ба  банди 2­ и  қарори Шӯрои олимон аз 31.10.2017, № 3/2 “Дар бораи баргузор намудани маҳфилҳо дар аудитроияҳои дорои назорати видеоӣ”.

Дар назди кафедра маҳфили “Забон донӣ, ҷаҳон донӣ” амал менамояд. Рӯзи 18.11.17 дар аудиторияи №77 ҷаласаи навбатии маҳфил дар мавзӯи “”Нақши “Ёддоштҳо” дар шинохти шахсиятҳои таърихӣ” доир шуд. Оид ба аҳамияти ин шоҳасар, персонаж ва қаҳрамонҳои он мубодилаи афкори созанда сурат гирифт. Навқаламон шеърҳои худро қироат намуданд.

Дар хусуси банди 3 и қарори Шӯро аз 31.10.17, №3/2 “Оид ба натиҷаи маҳфилҳо, семинарҳои илмиву назариявии кафедраҳо”.

Нақшаи баргузории маҳфилҳо, семинарҳои илмиву назариявии кафедра бо имзои муовини Ректор оид ба илм Н.Убайдуллоев тасдиқ гардида, дар ҷузвдони махсус мавҷуд аст. Дар давраи ҳисоботӣ дар кафедра як семинар дар мавзӯи       «Дастгирии сиёсати Президенти Тоҷикистон дар мавриди об» дар таърихи 26 - уми майи соли 2017 ва як «Мизи гирд» дар мавзӯи «Имлои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» дар таърихи 27-уми октябри соли равон, инчунин ду конфронс дар мавзӯи «Забони миллат- пояи миллат» дар таърихи 4-ум  ва 5- уми  октябри соли 2017 баргузор гардид. Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо кафедраи назария ва таърихи забони тоҷикӣ як конфронси донишгоҳӣ дар толори донишгоҳ рӯзи 5- ноябр доир шуд,ки  мавзӯи он «Забони миллат - ҳастии миллат» унвон дошт. Баргузории семинар, конфронс ва  сeҳбатҳои «Мизи мудаввар» мутобиқи нақшаи тасдиқшудаи кафедра идома хоҳад ёфт.

Мудири кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳӣ          Хоҷазод С.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj