• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

НИҚОБИ СИЁСӢ

(ҷавоб ба тарқиботҳои интернетии зидди давлат, ҳукумат ва шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби хоинони Ватан навишташуда)

Чеҳраҳои таърих, дин ва адабиёту фарҳанги башарият дар тули мавҷудияти ҳаёт ҳамеша ба инсонҳо тарқиб намудаанд, ки беҳтарин ганҷина ва дурдонаи ҷавҳари одамият посу гиромӣ доштан ва хизмати содиқона намудан ба Модар ва Ватан аст. Ин падида имрӯз низ моҳияти худро гум накардааст ва шоистатарин амали инсонӣ маҳсуб меёбад. Зарфияти ин амал дар он аст, ки он бояд бениёз бошад. Яъне хизмат кардан ба Модар ва Ватан бояд холисона ва бениёз бошад ва бар ивази он чизе тамаъ карда нашавад. Инсонҳо ба тарзҳои гунонгун ба Модар ва Ватани худ хизмат

намуда, қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандии хешро иҷро менамоянд. Аммо тавре медонем дар ҳама давру замон буд ва ҳаст тоифаи мардумон, ки ба ҷои роҳи рост роҳи каҷ, ба ҷои сухани дурусту саҳеҳ сухани бофтаю дурӯқ, ба ҷои амали шоистаю нек амали зишту фасод ва ба ҷои хизмати арзандаю бениёз намудан ба Модар ва Ватан «хизмати» дурӯқини пардапуш дар симои миллатдӯстӣ, масъулияти ватандорӣ, инсондӯстӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва фарҳангсолорӣ менамоянд. Ин тоифа дар фаъолияти худ манфиатҳо ва ҳадафҳои стратегии дигар давлат, шахсият ва созмону ташкилотҳоро инъикосу амалӣ менамоянд ва зери паноҳу пуштибонии онҳо қарор доранд. Самт ва усули асосии кору фаъолияти ин гурӯҳ иқвоангезӣ, ҷудоиандозӣ, тарқиби андешаҳои зиддидавлатӣ, калону воҳиманок нишон додани камбудиҳои ҷомеа ва сӯистифода аз тамоми муқаддасот бар ивази амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ ва ба ин васила забти ҳокимият мебошад. Ин тоифа дар роҳи бунёдкориву созандагӣ танҳо бо забон амал намуда, аз дин, оин , имон, виҷдон, номус ва номи муқаддаси миллату давлат сӯистифода менамоянд ва худро «дилсузи» башарият нигоришта, гӯё ҳамеша қамхору мададгори аҳли ҷомеа мебошанд. Аммо дар асл ботин ва зоҳири онҳо бо ниқоби сиёсӣ пушонида шудааст ва дар зери он бозиҳои сиёсие нуҳуфтаанд, ки аз онҳо бӯи хуни мардуми бегуноҳ, ятимшавии ҳазорон тифлон, ашки чашм ва андуҳи гарони ҳазорон модарон ва оташи ҷанг дар замини муқаддаси Ватан ҷойгир аст.

 

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар фазои Ватани соҳибистиқлоли мо низ чунин як гурӯҳ аз фаъолияти пардапӯши худ ба фаъолияти озоду ошкоро гузашт. Ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи манфиатхоҳӣ ва қудратталабии ин тоифа мардуми шарифи Тоҷикистон ба бадбахтӣ ва ваҳшонияти қайриинсонӣ гирифтор гардид. Хушбахтона бори каҷ ба манзил намерасад. Дар бахт ва ҳастии миллати фарҳангсолори тоҷбарсари мо Худованд дар ҳамаи давраҳои таърихӣ қамхору мададгор аст. Ин дафъа низ Худованд бар сари мардуми шарифи Тоҷикистон Сарвари муаззам ва ҳифзкунандаи имону дин, фарҳангу адабиёт, раъиятпарвару мардумӣ ва сулҳпарвару ваҳдатсолор Эмомалӣ Раҳмонро роҳбар гардонид. Чун бузургии Худо дар бахшояндагӣ ва меҳрубонии Ӯст, дар ботини Эмомалӣ Раҳмон низ ин хислатҳо нуҳуфта аст. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин тоифаро новобаста аз ҳамаи амалҳои зишти қайриинсонияшон авф намуданд ва бо умедҳои зиёд чун фарзандони як модар дар бари худ дар мансабҳои гуногуни давлатӣ ҷой карданд. Волоияти қонунро таъмин намуда, ба ҳуқуқу озодиҳо, махсусан ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандон арҷгузорӣ намуданд. Имкон дода шуд, ки ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ фаъолияти худро дар чорчубаи қонун ба роҳ монда, фаъолияти сиёсӣ баранд. Ба эътиқоди динии мардум низ арҷгузорӣ карда шуда, имконияти фарох фароҳам оварда шуд, ки тамоми фароизи динӣ иҷро гардад. Соли бузургдошти пешвои мазҳаби Ҳанафӣ Имоми Аъзам Абӯҳанифа таҷлил карда шуд. Қуръони Карим бо забони тоҷикӣ ва хатти криллӣ баргардонида шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд маротиба бо аъзоёни ҳукумат ва аҳли оилаи худ Хонаи Худоро зиёрат намуда, дуои хайр дар ҳаққи мардуми шарифи Тоҷикистон ва ободию осудагии кишвар карданд. Шумораи масҷидҳо дар кишвар аз шумораи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёд гардид.

Аммо тавре мегӯянд «оқубат гургзода гург шавад, гарчӣ бо одамӣ бузург шавад». Тоифае, ки дар боло зикраш кардем фаъолияти худро бо таъсис додани ҳизби сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба роҳ монда, гӯё пуштибон аз дину мазҳаб ва имони мардуми мусулмон буданд. Ин тоифа аз муқаддасоти динӣ, имони мардум ва номи Худованду китоби муқаддаси Ӯ Қуръон сӯистифода намуда, мехостанд соҳиби тоҷу тахт ва қудрат гардида, ҳадафҳои хоҷагони хориҷии худро амалӣ намоянд. Онҳо худро «қамхори» мардум ва «ҳимоятгари» ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нишон медиҳанд. Дар фаъолияти сиёсии худ онҳо иқвоангезиро пеш гирифта, мардумро гумроҳу шурангез менамоянд. Баъди мақлубиятҳо дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ – Интихоботи аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон аъзоёни ин ҳизби террористӣ, махсусан роҳбарияти он роҳи муборизаи сиёсии берун аз чорчубаи қонунро шадиду зиёда гардониданд. Дар расонаҳои хабарии манфиатҷӯ андешаҳои носолими иқвоангезонаю фасоди худро паҳн намуда, мехостанд мардум ба шур биёяд. Ин ҳама иқвоангезию гумроҳсозии мардум кам будааст, ки моҳи сентябри соли 2015 табадулоти давлатиро пеш гирифтанд. Ин хиёнати онҳо ба Ватан ва мардуми шарифи кишвар низ онҳоро ором нагузошт. Имрӯзҳо ба воситаи расонаҳои хабарии хориҷӣ, шабакаи интернет, созмонҳои гуногун, шахсиятҳои ва давлатҳои алоҳида бар зидди давлат, ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон туҳматҳои беасосу хиёнаткорона мезананд ва сокинони кишварро боз ба ҷанги шаҳрвандӣ даъват менамоянд.

Бояд фаромӯш накард, ки ягон шахс, давлат ва созмони бегона бе манфиати шахсии худ ин ё он давлат ва ҳизбро дастгирӣ намекунад. Вақте, ки шахсиятҳо, созмонҳо ва кишварҳои хориҷӣ аз ҲНИТ пуштибонӣ мекунанд бояд мардуми шарифи Тоҷикистон дар хотир гиранд, ки ҲНИТ ҳизби сиёсии давлат, созмон ва шахсони хориҷӣ мебошад, ки бо ба сари қудрат омадан Тоҷикистонро бозичаи дасти онҳо мегардонид.

Агар аъзоёни ҲНИТ ватандӯст мебудан онҳоро сокинони Ватан дастгирию пуштибонӣ мекарданд, на хоҷагони хориҷияшон.

Агар маблақгузору хоҷагони ин ҳизб хориҷиён намебуданд онҳоро имрӯз пуштибонӣ намекарданд.

Агар созмонҳои хориҷӣ ва давлатҳои алоҳида роҳбар ва маблақгузорӣ ин ҳизб намебуданд, пас сарчашмаи даромади ҳизб аз куҷо буд.

Агар аъзоёни ҲНИТ сулҳхоҳу ваҳдастсолор мебуданд дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ рӯй намедод.

Агар аъзоёни ҲНИТ имони комил медоштанд ва бузургии Худову китоби муқаддаси Ӯ Қуръонро эҳтиром мекарданд пас барои ба мақсадҳои нопоки худ расидан ва қонеъ гардонидани талаботи нафси худ аз номи Худо ва Қуръону Пайқомбар сӯистифода намекарданд.

Борҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, хоса донишмандон ва олимони соҳаи дини кишвар хоҳиш карданд, ки аз номи ин ҳизби сиёсӣ калимаи муқаддаси «Ислом» гирифта шавад, аммо роҳбарияти ин ҳизб сухани мардумро қадр накард ва андешаю фикри шаҳрвандонро ба назар нагирифт.

Нишонаҳои асосии ҳизби террористӣ ва экстремистӣ будани ҲНИТ.

  1. Маблақгузор ва пуштибони тамоми ҳизбҳо ва созмонҳои террористию экстремистии дунё давлатҳо, созмонҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд на мардуми кишвар. Мисол гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ», «Ҳиз – ул_ таҳрир», «Толибон», «Бародарони мусулмон», «Ал – қоида», «ҲНИТ» ва қайраҳо.
  2. Ҳамаи ҳизбҳо ва созмонҳои террористӣ ва экстремистие, ки дар боло зикр кардем аз номи муқаддаси Ислом сӯистифода мекунанд, аз ҷумла ҲНИТ.
  3. Ҳамаи  ин ҳизбҳо иқвоангезӣ, гумроҳсозӣ ва тарсу ваҳшониятро пеш мегиранд на муттаҳид шудан бо ҳукумат ва мардуми кишварҳоро, аз ҷумла ҲНИТ.
  4. Онҳо ҳамеша ҳамкорӣ менамоянд бо расонаҳои хориҷии созмонҳои махсус ва давлатҳои алоҳида, на бо расонаҳои хабарии миллӣ, аз ҷумла ҲНИТ.
  5. Онҳо дар худ ҳадафҳо ва манфиатҳои стратегии дигар давлатҳо ва созмону шахсиятҳои хориҷиро дар бар гирифта, амалӣ менамоян, аз ҷумла ҲНИТ. Нишонаҳои дигар низ мавҷуд аст.

Қувватов Сайдулло – аспиранти кафедраи сиёсатшиносии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj