• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

ТАРБИЯТГАРИ  ҶАҲОНИ МАЪНАВИИ ИНСОН

Китоб волотарин ганҷинаи инсоният аст. Он дастуру раҳнамои беқараз, ки ҳамагонро ба пиндору рафтору кирдори нек ҳидоят менамояд ва ҷодаҳои зиндагиро мунаввар мекунад. Китоб аҳли башарро аз ҷаҳолат эмин медорад, он торикиро маҳв бинмуда, рӯшанӣ меофарад ва аз ин ҷост, ки фармудаанд:

Бе китоб, эй дӯстон, бунёди мо норавшан аст,

Тираву торик ҳамчун хонаи беравзан аст.

Тарқиби аҳамияту моҳияти китоб, тавзеҳу баррасии он ва ба сӯи ин қаламрави хирад ҳидоят намудани мардум амалест некӯву пурсавоб. Камоли хушнудист, ки ин анъанаи нек  имрӯзҳо идома меёбад. Давлати озоду навбунёди мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба китобу  китобхона, ба илму дониш таваҷҷӯҳи хоса зоҳир месозад. Ин аст, ки дар маркази шаҳри Душанбе бинои зебо ва муҳташами Китобхонаи миллӣ қомат афрохт.

Беш аз ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китоб ва илму дониш, таълиму тарбият ва маориф эътибори ҷиддӣ медиҳад ва аз ҷавонон пайваста даъват ба амал меорад, ки донишу маърифат омӯзанд ва дар ҷомеа мақоми хешро пайдо намоянд.

Дар робита бо ин Сардори давлат таъкид намудааст: «Сарчашмаи илму дониши дунё китоб аст,  Китоб бояд ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири зиндагӣ роҳнамои шумо бошад. Ҳар фарде, ки илм талаб кунад, оқилу хирадманд, ҳалиму меҳрубон мешавад ва ақлаш равшану амалаш пешрав мегардад, дар вуҷудаш меҳру вафо ва некиву накӯкорӣ падид меояд, ки ҳамаи ин арзишҳои фарҳангиву ахлоқиро бо сабру таҳаммул метавон ба даст овард».

Шавқи китобхонӣ дар кӯдак бояд аз хонавода ибтидо бигирад. Кӯдак чун мебинад, ки падару модар ё дигар аъзои хонавода ба хондани китобе ё маҷаллаву рӯзномае  машқул ҳастанд, кӯшиш мекунад ба онҳо пайравӣ намояд ва ин рафтор оҳиста - оҳиста ба як амали муқаррариву ҳамешагӣ табдил меёбад.

Аммо на ҳамаи волидон ба таълиму тарбияи фарзандон, аз ҷумла ба тарзи китобхонии онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд. Дар натиҷа, баъзе бачаҳо умуман китоби бадеиро ба даст намегиранд, дар бораи асари бадаӣ тасаввурот надоранд, ба моҳияти он сарфаҳм намераванд. Ин падидаи номатлуб буда, имрӯзҳо ҳамаро ба ташвиш овардааст. Агар бачаҳо аз китобу китобхонӣ дур монанд, ин аввал зарар ба ояндаи онҳо ва сипас зарар ба ҷомеа хоҳад буд, чаро ки ҷомеаи инсонӣ бо нури дониш, ақлу хирад ва маърифату маънавият рушд меёбад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки омилҳои аз китобхонӣ дур шудану паст гардидани сатҳи донишандӯзии  кӯдакону наврасон ва ҷавонон аз инҳо иборатанд:

-   бетарафии  бархе аз падару модарон нисбат ба ояндаи фарзанд;

-   мавҷуд набудани шароити таълим  ва китобҳои бадеӣ дар хона;

-   мунтазам ба китобхонӣ ҳидоят нашудани кӯдакону наврасон аз

тарафи падару модарон ва омӯзгорон;

-   ба тамошои телевизор ё дискҳои гуногун бештар машқул шудан;

-  истифодаи бемавриди шабакаи интернетӣ;

- аз меъёр зиёд истифода кардани телефони ҳамроҳ;

-  дар сатҳи паст қарор доштани ҳамкории эҷодӣ ва муносибати

маънавии  омӯзгору хонанда;

- дар сатҳи паст қарор доштани самти тарбиявии  баъзе аз фанҳои

таълимӣ.

Яке аз вазифаҳои асосии омӯзгорон аз он иборат аст,ки ба  шогирдон таҳлили асари бадеӣ ва арзёбии онро ёд диҳанд. Дар ин маврид суҳбатҳои хоса ва мубоҳисаву мунозира бо шогирдон, маҳфилҳо ва конфронсҳо таъсири зиёд дошта, чунин судҳоро ба бор меоранд:

-шогирдонро аз шуқлҳои беҳуда ва зараровар (телефонбозӣ, бозиҳои компютерӣ, қартабозӣ  ва қайра) бозмедорад;

- зарари иҷтимоию маънавии хислатҳои бад, аз ҷумла, бекорӣ,  бадахлоқӣ,  ҷоҳилӣ, ҳарисӣ, дурӯқ, хиёнат, бешармӣ ва қайраро фаҳмида, аз ин гуна одатҳо рӯй хоҳанд  гардонд;

-шогирдони мактабҳо адлу инсоф, хайрхоҳӣ,  ба якдигар дасти мадад дароз кардан, ватанпарварию башардӯстӣ ва қайраро  меомӯзанд;

-китоб ба хонандагон имкон медиҳад, ки аз нобаробариҳо, бемуродиҳо, шикастҳо, нокомиҳо  ноумед нашаванд, роҳи ҳалли ҳар  гуна  мушкилотро  ёд гиранд, дар ҳар ҳолат пирӯз ва мубориз бошанд.

Барои ба китоб ва илму дониш рӯй овардан, таълиму тарбияти    ҷавонон пайваста даъват ба амал овардан зарур аст, ки донишу маърифат омӯзанд ва дар ҷомеа мақоми хешро пайдо намоянд.

Имрӯз бояд сифати таълими  педагогикаи ниёгон ва фарҳанги  хонаводагии миллӣ,  махсусан дар донишгоҳҳои олии омӯзгорӣ баланд бардошта шавад.

Наврасону ҷавонон дар рӯҳияи шуҷоату мардонагӣ, ватандӯстию хештаншиносӣ,  ҳушёрии сиёсӣ, оштинопазирӣ нисбат ба фишору зуроварӣ, зуҳуроти номатлуб, кӯшишу қайрат барои ташкили оилаи солим, дастовардҳои меҳнатӣ, масъулияти адои хизмати  аскарӣ ва иҷрои қарзи ҳарбӣ ҷиҳати ҳимояи Ватан  тарбия карда шаванд.

Конференсияҳои илмию адабӣ,  мизи мудаввар бо хонандагон дар мавзӯи “Китоб – ганҷи бебаҳо ” ва китобҳои  хондашуда  саволу ҷавоб баргузор  намудан зарур аст.

Шоир ва файласуфи тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ аввал ба илм ҳамчун «тоҷи сари ҷумла ҳунарҳо» баҳо дода, баъд гаштаю баргашта гӯшрас менамояд ки умр кӯтоҳ асту «илм фаровон». Бинобар он бикӯш, аз ҳамон илми чун уқёнус дар давоми ин умри кӯтоҳ баҳрае бубар.

Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,

Қулфкушои ҳама дарҳост илм.

Вале по сӯи дониш беҳ дар ин роҳ,

Ки илм омад фаровон, умр кӯтоҳ.

Иматова Л.М.- мудири кафедраи педагогикаи

умумидонишгоҳии ДДОТ ба номи С.Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj