• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

ИДЕОЛОГИЯИ  ИФРОТГАРОӢ ДАР МУҲИТИ ҶАВОНОН

«Миллате, ки ба анъанаҳо, урфу одатҳои аҷдодӣ ва ойинҳои миллии хеш ифтихор надоранд, наметавонанд аз неъмати бебаҳои Истиқлол баҳра гирад, дар бунёди давлат ва давлатдории навин саҳм гузорад.

Миллати тоҷик дар натиҷаи пайравӣ аз анъанаҳои миллӣ, урфу одатҳои наҷиби мардумӣ соҳиби ҳурмат ва эҳтироми оламиён гардидааст.

Тоҷиконро ҳамчун миллати сулҳпарвар, соҳиби тамаддун ва фарҳанги бузури миллӣ бо анъанаҳои нек, урфу одатҳои  созандаву хайрхоҳона  мешинохтанд ва мешиносанд».

Э.Раҳмон

 

Ифротгароӣ  падидаи бисёр хатарноки иҷтимоӣ мебошанд. Дар солҳои охир дилбастани ҷавонони сабукфикр ва бемаърифат ба ифротгароӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон тақвият ёфтааст.  Ин падидаи хатарнок–ифротгароӣ  омили аслии нооромӣ, бесуботӣ ва беназмӣ дар дилхоҳ ҷомеа мегардад..

Таҳлил ва баррасии иттилооти ҳамарӯзаи моҳворавӣ ва баҳсу мунозираи ҷавонони диндор дар сомонаҳои интернетӣ, ба монанди «Одноклассники», «Фейсбук», «Ютуб» ва инчунин ба дигар саҳифаҳои шахсӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки сафи ҷавонони ифротманиш ва тундгаро рӯз то рӯз меафзояд. Албатта, тақвият ёфтани ин падидаи номатлуб дар ҷомеаи имрӯзаи мо дар замони муосир боиси нигаронӣ аст.

Мусаллам аст, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон  созмонҳои гуногуни ҷавонон ба вуҷуд омадаанд, чун Иттифоқи ҷавонон, Ҷамъияти ҷавонони эҷодкор, Ҷамъияти ҷавонони ҳуқуқдон, Маркази экологҳои ҷавон ва қайра.  Бояд гуфт, ки ҳадафи меҳварии ин созмонҳои ҷавонон, пеш аз ҳама, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ, тарбия дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи истиқлолият, тақвият бахшидан ба иқтисоди солими миллӣ ва пешгирии ҷавонон аз ҳамагуна навъи ҷиноят ва ҷинояткорӣ мебошад. Ин созмонҳо барои такомули шахсияти ҷавонон судманд ва  муҳим ҳастанд.

Мутаассифона, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он бисёре аз  навҷавонон ва ноболиғони дар муҳоҷирати иҷборӣ қарордошта ногузир дар зери ғояҳои ифрот ва тундгароии динӣ афтода буданд. Миссионер ва мубаллиғони ҳаракатҳои моҳияти экстремистӣ ва террористӣ  доштаи шабакаи ал-Қоида, Салафия, Байъат, ал-Ҷиҳод, Ансоруллоҳ ва Ҳаракати Исломии Ӯзбакистону Ҳизб-ут-Таҳрир, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон,  Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва Рофизиён аз ин фурсат истифода бурда, ба баҳонаи таълими дини мубини ислом ҷавонони тоҷикро дар ҳавзаҳои идеологӣ ва мафкуравии худ ба камол расониданд.

Аксари ҷавононе, ки маълумоти диниро андар хориҷи кишвар назди ифротманишон ва тундгароёни хилофатсоз сабақ омӯхтаанд, имрӯз худ аз мубаллиғони аршади ғоя ва ақидаи ифрот ва тундгароии динӣ гаштаанд. Илова ба ин, тоифаи мубаллиғ мағзи дигар ҷавонони сабукфикр ва бехабар аз улуми диниро бардурӯғ ва ғаразнок дар зери шиорҳои «ҷиҳоди исломӣ» ва «амри маъруф ва наҳйи мункар» шустушӯ намудаанд. Ҳамин аст ки ҷавонони дорои мафкураи ифротӣ  дошта аз қабул ва шинохти дини мубини ислом, ки сарчашмаи сулҳу субот ва маҳзари покию иффат ва махзани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мебошад, оҷиз ва маҳрум мондаанд. Дар баробари ин, ифротгароёни мутаассиб бо тавсия ва супориши хоҷагони хориҷӣ ва дохилияшон низоми демократӣ ва дунявӣ доштани сохтори конститусионии давлатҳоро  куфр ва бидъат ҳукм намуда, талош доранд, ки ҷавонони мусалмонро дар рӯҳияи ватанбадибинӣ ба воя расонанд.

Ҷавонон ояндаи миллат ва давлатанд. Ҷавонони солимақл, соҳибистеъдод ва ҳушманд ифтихор ва сармояи хушбахтӣ ва саъодадмандии ҷомеа мебошанд. Аммо ҷавонони ифротгаро ва тундхӯйи симтезаҷӯ доғи дили падару модарон, дарди сари ҷомеа ва омили хушунат, низоъ ва фитнаҳои навбатӣ хоҳанд гашт.

Аз ҳамин лиҳоз ҷавонони ифротманиш ва тундхӯйи ситезаҷӯйи бемазҳаб  талош доранд, ки маориф ва фарҳанги асили исломиро барои расидан ба хадафҳои қаразноки нопок ва пуросеби гурӯҳии худ  якҷониба  ва барғалат дар ососи барномаҳои террористӣ ва экстремистӣ доштаашон шарҳу баён созанд

Дар зери парчами таълими динӣ дар рӯҳияи ифротгароӣ ва тундгароӣ тарбият намудани ҷавонони ноогоҳ ва камхабар аз улуми исломиро дар хориҷи кишвар бештар мушоҳида мекунем. Аз ҷумла он афроде, ки маълумоти диниро дар хориҷ аз кишвар гирифтаанд, нисбат ба забони форси тоҷикӣ, фарҳанг ва маорифи миллӣ ва мазҳабии сокинони кишварамон нафрати зиёд доранд, арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти роиҷи ҳанафимазҳабони диёрамонро бидъат ва ширк муаррифӣ намуда, бегонапарастӣ ва худбадбиниро бардурӯғ аз номи Худо ва аз номи Паёмбари ислом (с) таблиғу ташвиқ мекунанд.

Мусалмоне, ки хотираи таърихияшро пос намедорад ва онро дар асоси таълимоти хоҷагони хориҷияш бидъату ширк муаррифӣ месозад, дигар истиқлолияти энергетикӣ, истиқлолияти молию илмӣ, истиқлолияти амниятӣ, амнияти озуқаворӣ ва бехатарии мазҳабӣ барояш арзиш ва қимат надорад. Таърихи тамаддуни башарӣ гувоҳӣ ва шаҳодат медиҳад, ки худшиносӣ ва ифтихории миллии ҷавонон пойдевор ва асли бақои миллат аст.

Ҳ. Бедилов, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj