• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Тоҷикистон-Парчамат поянда бод!

Дар баробари муқаддасоти дигари кишвар Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун рамзи давлатдории тоҷикон муаррифӣ шудааст. Тавре аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатдории навин, хоса ба Парчами миллӣ қарзи ҳар як  шаҳрванд аст, зеро Парчам яке аз рамзиҳои  истиқлолият  ҳастии миллат дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Парчам рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор  ва нангу  номус буда, имрӯз ин рисолатро баёнгар аст. Ниёгони мо аз замони  Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки  мавҷудияти  давлати онҳоро ифода мекард.  Аввалин Парчами қадимаи  тоҷикон  дирафши Ковиён  ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат  ва ягонагии давлатдори ба ҳисоб мерафт. «Диравши Ковиён» то замони сукути  давлати Сомониён Дирафши миллӣ ва давлати ниёгони  тоҷик буд. Дар  давраи Сомониён шаклаш тағйир ёфт, дар  қисми болои  он таҷассуми  парандаи  зарин-мурғи Ҳумо ҷой дода мешуд ва дар  бахши  мураббаи он қиматтарин  сангҳо насб гардиданд.

Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишони азму ирода бо тобиши се ранг ранги сурх-озодию истиқлол, рангӣ сафед-сулҳу суббот, рангӣ сабз-ободию хуррамӣ ва дар байни он рамзми тоҷи зарин соҳибдавлатӣ бо ҳафт  ситораи  дурахшон бори дигар  аз мавҷудияти  тамаддуни  фарҳангӣ бостони тоҷикон, пайкори созандагиву  асолати миллӣ давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои  ватанхоҳию қаҳрамониҳоҳи родмардони сарзаминамон  башорат медиҳад.

Тавре шоир Ҳакназар Ғоиб фармудааст:

Рангҳои парчами мо хушҷило,

Тоҷи он мероси Кайшохӣ ба мо.

Ҳафт ахтар, ҳафт бурҷи роҳи нур,

Роҳкушои олами бахту сурур.

Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба парлумони кишвар пешниҳод намуданд. Бо нишони миллӣ эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон аз 20-уми  ноябри соли 2009  рӯзи 24-уми ноябро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  эълон гардид.

Ба  хотири боз ҳам баланд бардоштани мақоми Парчам ҳамчун рукни давлатдорӣ  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ғояи бунёди  манораи бузурги  Парчамро  пешниҳод намуда, дар давоми як сол ба анҷом расид. Дар маркази шаҳри  Душанбе 30-юми августи  соли 2011 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  пояи 165м, худи Парчам 30м ва дарозии паҳноияш 60м  баландтарин Парчам  дар ҷаҳон  парафшон  гардид ва ба китоби рекордҳои гиннес ворид шуд.

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, Парчами ҳар як кишвар рамзи сулҳу субот қудрату тавоноӣ ва заковати ҳамон кишвар аст ва он тасвири рангҳо, тоҷ ва ҳафт ситорае, ки дар парчам  таҷассум ёфтааст, мазмунҳои зиёдеро дар худ доро ҳастанд ва ҳар кас  метавонад онҳоро  вобаста ба малакаву фаҳмиши худ шарҳ диҳад.

Дар Парчам интихобшуда ва  тоҷ бо ҳафт ситора,  фикрҳои мухталиф миёни муҳаққикон мавҷуд аст,ки яке онро   ишора ба табиати зебоманзари Тоҷикистон мансуб дониста, дигаре  ҳафт ситораро,ки рақами ҳафт дар мардуми мо  хело муқадда аст,ба ҳафт зинаи камолоти умри инсон, ҳафт рӯзи ҳафта, мансуб донистаанд.

Аммо ба тарви  амиқи тасдиқшуда ранги сурх дар парчам ин мубориза ва ҷоннисоркуниҳои халқ тоҷик баҳри озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед бошад- бахту иқболи сафед, покизагӣ буда, ранги  сабз –саъю кушиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватанамон мебошад. Тасвири тоҷ дар Парчам ин нишон аз соҳибдавлати ва мустиқилияти кишвар буда, ҳафт ситора-ин  ҳафт иқлим, ҳафт ситораи бародарон, ҳафт қабати осмон, ҳафт рӯз дар назар дошта шудааст.

Парчам  бо муқаддасии худ барои андешаву фаҳмиш   даркии инсон мавод медиҳад.

Таърих гувоҳи он аст, ки миллатҳои гуногун давлатдории худро зери Парчам ҳифз ва поягузорӣ намуда, орзуву мароми худро дар ин рамзи давлатӣ нақшгузорӣ намудаанд. Парчами мо низ бо эълон доштани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар баробари дигар  давлатҳои  дунё дар назди бинои ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ- Созмони Милали Мутаҳид  партовафшон гардид, ки давлати моро ба ҷаҳониён муарифӣ намуд.

Дар ин замина моро мебояд пез аз ҳама ифтихор аз ҳастии кишвари соҳибистиқлол Тоҷикистон ва соҳиби парчами парафшонашон дошта бошем ва дар ниҳоди ҳар як фарди ҷомеа, махсусан насли наврас ва ҷавонони кишвар  эҳтиром гузоштан ба ин арзишҳои муқаддаси миллиро  таблиғу ташвиқ намоем.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj