• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН

Бақои миллат ва пешравии давлат аз роҳбари олимпарвар ва илмдӯст вобаста аст. Боиси хушбахтии халқи бузурги тоҷик аст, ки чунин роҳбарро дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ раҳмон пайдо кардааст. Дар тӯли фаъолияти сиёсии худ Пешвои миллат дастггирии илм ва махсусан олимони ҷавонро дар авлавияти сиёсати худ қарор додаанд.

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.12.2016 Пешвои миллат вазифаи насли ояндасози мамлакатро дар бобати донишомӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосиру дар бозори меҳнат рақобатпазир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ муайян намуда, қайд карданд: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо даст удили гарм ва нерӯи бунёдкорона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».

Ба насли замони истиқлол изҳори боварӣ шудааст, ки назар ба наслҳои пешина ба савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ дорад. Шукри истиқлол менамоем, ки барои ҷавонон имрӯз тамоми дарҳо бозанд. Шукргузорӣ аз он менамоем, ки ҳамарӯза аз баракати роҳнамоӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат бархӯрдор гардида, дастуру ҳидоятҳояшонро дар амри ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватанамон ва мустаҳкамии сулҳу ваҳдати миллӣ сармашқи кори худ қарор медиҳем.

Фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи ҷавонон, ҷалби онҳо ба маҳфилҳои илмию озмунҳои фаннӣ, дастгирӣ ёфтани соҳибистеъдодҳо, навҷӯиву навоварӣ, ихтироъкориву кашшофӣ, ташаккули нерӯи зеҳнии дорои ҷанбаи эҷодӣ, илмӣ ва навҷӯӣ, муҳайё сохтани фазои мусоиди иҷтимоӣ ва амсоли онҳо тадбирҳое мебошанд, ки Сарвари муаззами давлатамон дар назди ҷавонон гузоштаанд. Бо ин роҳ Пешвои миллат пайваста ба тарбияи ҷавонон, ки падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ педагогӣ буда, барои танзими ҳаёти ҷавонон ва пешрафти ҷомеа хизмат менамояд, таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Дар ҳама кишварҳо имконияти дониши босифат гирифтан ва кори хуб ёфтан барои ҷавонон фарқ мекунад ва дар ҷамъияти имрӯзаи мо чунин имкониятҳои зарурӣ барои ҷавонон муҳайё карда шудааст.

Бо иштироки Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии ҷавонони лаёқатманд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба кишварҳои хориҷӣ фиристода мешаванд, фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» тавассути муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмиллалӣ ташкил дода шуд. Муассисаи мазкур ҳар сол ҷавононро вобаста ба эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ барои соҳибихтисос гардидан ва ё коромӯзию такмили ихтисос ба муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷи кишвар мефиристонад.

Ҳамчунин ҷиҳати таъмини шаффофияти қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ»-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Барои таҳсили ҷавонони лаёқатманд аз оилаҳои камбизоат ва дастгирии онҳо як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.

Давлати соҳибистиқлол бе кадрҳои баландихтисос ва дар бозори меҳнат рақобатпазир рушд карда наметавонад. Аз ҳамин сабаб Пешвои миллат дар он ақидаанд, ки таълиму тарбияи насли ҷавон вазифаи муҳиму масъулиятнок аст. Руҳияи тарбияи ҷавонон аз сифатҳои иҷтимоӣ-сиёсии онҳо вобаста аст. Девори устувори истиқрори қасри миллиро ҷавонон бояд бардоранд. Рӯ ба илм овардану ҳисси хештаншиносии миллиро дар худ бедор кардан аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва муҳими ҷавонони саодатманди диёр маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, илму дониш, маърифати тавоноии саодатманд бояд ба меъёрҳои башарӣ мувофиқат кунад. Барои ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ кардани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, пешрафти техникаю технологии нав, қабл аз ҳама дониши васеъ зарур аст.

Асри ХХI дар ҳаёти ҷамъият марҳилаи тозаи бозёфтҳо ва тараққиёти илмию техникӣ ба ҳисоб меравад. Чунки тавассути илм инсон дар худ одамиятро ташаккул дода, ба дараҷаҳои баланди эҷодкорию озодандешӣ расида, ба субъекти бошуури фаъол ва комилан раванди таърихӣ табдил меёбад. Бо ин мақсад қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номгӯ самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» аз 4 декабри соли 2014, №765 ба тавсиб расонида шуд, ки дар он 110 равияи тадқиқотии афзалиятнок пешбинӣ гардидааст. Аз тарафи дигар вазъияти имрӯзаи Тоҷикистон тақозо менамояд, ки мо бояд мақоми илмро баланд бардошта, ҷаҳонбинии илмиро ташаккул диҳем. Танҳо дар ҷараёни рушди ҳамаҷонибаи ҷаҳонбинии илмӣ, худшиносии фарҳангию таърихӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ инсон метавонад ба ваҳдати миллӣ расида, сулҳу суботва дӯстиро дар ҷомеа таъмин намояд.

Яке аз мушкилии асосии ҷавонони имрӯза ин паст шудани ахлоқи онҳо, ба инобат нагирифтани дастовардҳо ва кашфиётҳои илмӣ-назариявӣ дар муносибат ба илм ва донишмандон мебошад. Мушоҳида ва таҳлили вазъи имрӯзаи муассисаҳои илмӣ ва корхонаю ташкилотҳо метавонанд шоҳиди асосии ин талафотҳо ва аз байн рафтани олимони насли ҷавон мебошад.

Аз таҳлилҳо бармеоянд, ки солҳои охир гаравидани ҷавонон ба илм ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷамъиятии муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олӣ кам вас уст мебошанд. Нафароне, ки имрӯз илми тоҷикро муаррифӣ менамоянд, нафароне мебошанд, ки синну солашо ба ҷое расидаанд. Чунин ҳолат масъалаи пиршавии кадрҳои илмӣ ва майли кам доштани ҷавонон ба илмро нишон медиҳад. Чунин раванд масъалаи пиршавии кадрҳои илмӣ ва хавфи аз байн рафтани насли миёнаи олимонро дар ҷумҳурӣ ба миён овардааст.

Пешравии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз илм вобастагӣ дорад. Мутобиқи маълумотҳои оморӣ 70% аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Лекин имрӯз ҷавонон нисбати охир хеле кам ба корҳои илмӣ машғул шуда истодаанд. Бинобар ин дар нигоҳдории иқтидори илмии мамлакат ва аз байн бурдани пиршавии олимон ҷавонон  нақши мебозанд. Ҳамагон хуб дар хотир дорем, ки солҳои 90-уми садаи гузашта аз сабаби ҷанги шаҳрвандӣ як давраи мушкилот ва карахтӣ нисбати илм дида мешуд. Имрӯз бошад, бо дастгирии ҳукумати кишвар маблағгузорӣ барои иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ аз ҳисоби буҷети давлат сол ба сол зиёд шуда истодааст. Агар солҳои 2000-ум маблағгузорӣ барои соҳаи илм 1 млн. 155 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, пас соли 2014 ин нишондиҳанда ба 38 млн. сомонӣ расонида шуд. Аз ин хотир барои он, ки истиқлолияти Тоҷикистон пойдору устувор гарда два давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хоси худро ёфта, дар сафи кишварҳои тараққикарда ҷой гирад, бояд ҷавонон ба илм рӯй биоранд ва ҷойи олимоне, ки синну солашон ба ҷойи майяне расидаанд, пурра намуда, нерӯи илмии мамлакатро ғанӣ гардонанд. Самараи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат аст, ки имрӯз дар ДМИТ, ки худ зодаи замони истиқлолият аст, зиёда аз 25 нафар устодони ҷавони унвондор кору фаъоляит мекунанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз мушкилиҳои асосии олимони ҷавон ин набудани шӯроҳои диссертатсионӣ ва монеаҳои зиёди бюрократии онҳо аст. Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат баҳри бартараф кардани ин мушкилӣ Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар назди КОА-и Тоҷикистон то ҳолати майи соли 2017 аллакай 5 шӯрои дифоъ дар риштаҳои ҳуқуқшиносӣ, забонҳои хориҷӣ, иқтисодиёт, физика ва химия таъсис ёфтаанд. Таъсис ёфтани ин шӯроҳо агар аз як тараф шумораи олимони ҷавонро зиёд кунад, аз тарафи дигар ба чоп шудани маводҳои илмӣ дар риштаҳое, ки солҳои пешин маводи илмӣ тамоман набуд, мусоидат хоҳад кард. Умедворем, ки бо таъсисёбии КОА шумораи олимони ҷавони ДМИТ ва умуман ватани маҳбубамон на ин ки ба фоиз, балки ба маротиб зиёд хоҳад шуд.

Дар зеҳни миллати тоҷик илмдӯстӣ аз азал вуҷуд дошт ва ҷавонони имрӯза онро чун пештара аз нав эҳё намуда, илми тоҷикро яке аз парчамбардорони илми муосири ҷаҳонӣ мегардонанд. Зеро ҷаҳониён саҳми олимони машҳури тоҷик ба мисли Абубакри Розӣ, Ибни Сино, Умари Хайём ва дигаронро, ки дар соҳаҳои гуногуни илмҳои табиӣ саҳми беназире гузоштаанд, хуб медонанд. Муҳимаш он аст, ки ҷавонони имрӯза бо илми муосири худ барои зиндагии осудаю хушҳолонаи оянда заминаи устувор, азму иродаи созандагӣ, ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу осоиштагиро ба вуҷуд оварданд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj