• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ЛАТИФАҲО

Зану шавҳар бори аввал ба истироҳат соҳили Баҳри Тоҷик мераванд.

Мард аз бонувони нимурён чашм намеканад. Завҷааш бо зарда:

-Беодобӣ накун, ту марди зандорӣ.

- Баъд чӣ? Вақте ту ҳам барои фарбеҳ нашуданат аз хӯрокхӯрӣ парҳез мекунӣ, дар тарабхона ҳатман ба таомнома дурудароз нигоҳ мекунӣ-ку?

////******////

Дарси физика. Муаллим аз Мурод мепурсад:

-Рушноии электрикӣ аз рушноии табиӣ чӣ тафовут дорад?

-Фарқаш ин ки барои равшании электрикӣ пул медиҳем, аммо равшании табиӣ ҳоло пулакӣ нашудааст.

////******////

Дарси ҷуғрофия. Муаллим аз Мурод мепурсад:

-Дар бораи канали Панама чӣ медонӣ?

-Муаллимҷон, телевизори мо ин хел каналро намегирад, аз Салим пурсед, як ҳафта пеш падараш антеннаи моҳворавӣ харид.

 

////******////

Дарси адабиёт. Муаллим аз Мурод мепурсад:

-Ту аз куҷо бо забони туркманӣ гап заданро ёд гирифтӣ?

-Муаллими забони англисиямон туркман аст.

 

////******////

Дарси кимиё. Мурод ба муаллим:

-Муаллимҷон, ман лоиқи баҳои «ду» нестам.

-Медонам, мутаассифона, аз ин баҳои пасттарро ба мо иҷозаи дар журнали синф гузоштан намедиҳанд.

////******////

Раис ба котиба:

-Рӯзи якшанбе ба чӣ кор машғулӣ?

Котиба бо нозу крашма:

- Ҳеч кор.

-Ин хел бошад, хотирасон мекунам, ки имрӯз якшанбе нест!

////******////

Раис ва корманди техникӣ ба назди котиба омада, протсессори комютери ӯро гирифта мебаранд. Котиба:

-Тинҷист, раис?

-Ҳа, тинҷӣ, компютери муҳосиб вайрон шудааст.

- Баъд ман чӣ…

Раис аз кисааш як қуттӣ қартаро гирифта, назди котиба мепартояд:

-Ана, то овардани протсессорат бо қартаҳои коғазӣ бозӣ кардан гир.

 

////******////

Дарси омодагии ҳарбӣ. Хонандаҳо усулҳои кумаки аввалини тиббиро меомӯзанд. Муаллим аз Мурод мепурсад:

-Агар бародари хӯрдият ногоҳ калидро фурӯ барад, чӣ кор мекунӣ?

-Бо тиреза ба хонаамон медароям.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru