• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Тарбияи хуби ҷавонон-вазифаи волидон

Мардуми соҳибтамаддуни мо ба таълиму тарбияи  фарзанд аҳамияти махсус зоҳир карда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ пайваста талош меварзанд. Маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушду нумӯи ҷомеа, мустаҳкамии қудрати мамлакат ва побарҷойии арзишҳои миллиамон ба шумор меравад.

Мутаассифона, имрӯз баъзе падару модарон барои ба таълиму тарбия  фаро гирифтани фарзандони худ монеъ мешаванд ва нисбат ба ҳаёту зиндаагии онҳо беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд. Ҳамин сабаб буд, ки дар ҷомеаи мо чанд сол қабл амалҳои номатлуб (ҳуқуқвайронкунию ҷинояткорӣ) бештар аз ҷониби наврасону ҷавонон содир мегардиданд. Барои бартарафсозии мушкилиҳои дар ин самт ҷойдошта, ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ тарбият намудан ва ба хотири боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои милливу умумибашарӣ, риояи меъёрҳои одобу ахлоқи ҳамида, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва ба роҳи рост ҳидоят намудани фарзандонамон 2-юми августи соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид. Ин қонун ҷиҳати беҳдоши ҳаёти кӯдакон, коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни онҳо ва тақвияти масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд боз ҳам зиёдтар мегардонад.

Мазмуни асосии лоиҳаи қонунро уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ташкил медиҳад ва ин уҳдадориҳо аз он иборат мебошанд, ки падару модар ва омӯзгорон бояд тамоми донишу малакаи худро барои тарбияи дурусти фарзандон равона намоянд, тамоми восита ва шароитро муҳайё созанд, ки фарзандон бештар ба донишандӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунар машғул шаванд. Падару модар вазифадоранд, ки тибқи арзишҳои миллӣ ба фарзандони худ номи нек гузоранд, барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии онҳо ғамхорӣ намоянд ва фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, эҳтироми падару модар ва риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намуда, барои онҳо шароити хуби таълиму тадрисро фароҳам оваранд, чунки дар ҳама давру замонҳо илмомӯзию маърифатпарварӣ аз омилҳои тақдирсози миллату давлатҳо ба шумор меравад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 6 бобу 17 модда иборат буда, дар банди 1-уми моддаи 12-уми он омадааст, ки омӯзгорон, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро танзим мекунанд, уҳдадоранд, ки барои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи кӯдакон тадбирҳо андешанд. Дар ҷомеаи имрӯзаи кишварамон сатҳи оворагардию ҳуқуқвайронкунӣ ва содир гардидани  ҷиноятҳо аз ҷониби ҷавонону наврасон нисбат ба солҳои гузашта  хеле паст шудааст ва падару модарон низ  барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандон тамоми чораҳои заруриро андешида, барои маърифатнок намудани онҳо шароити зарурӣ фароҳам меоваранд. Бо вуҷуди ин, барои боз ҳам коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни насли ҷавони ҷомеа ва ба ҳаёти осудаву арзанда роҳнамоӣ кардани онҳо аз мақомоти дахлдор ва пеш аз ҳама, аз падару модар масъулияти бештар тақозо мегардад. Зеро имрӯзҳо баъзан ба назар мерасанд оилаҳои ҷавоне, ки бо сабаби надоштани таҷрибаи кофии оиладорӣ ва дониши мукаммал барҳам мехӯранд. Дар ин росто волидон вазифадоранд, ки шаъну шарафи инсонии фарзандонро эҳтиром намуда, ба муомилаи бераҳмона нисбат ба онҳо роҳ надиҳанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» на танҳо бо мақсади масъул гардонидани падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд қабул гардидааст, балки ба фарзандони болиғу қобили меҳнат вазифаҳои махсусро вогузор кардааст. Аз ҷумла, дар моддаи даҳи боби сеюми қонуни мазкур оварда шудааст, ки фарзандони болиғу қобили меҳнат вазифадор карда шуданд, ки падару модари худро нигоҳубин намуда, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намоянд. Дар ҳолати иҷро накардани уҳдадориҳои мазкур фарзанди болиғу қобили меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Ҳар як падару модарро  зарур аст, ки ин вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрандии худро хуб дарк намуда, фарзандонашонро ба роҳи дуруст, анҷоми амалҳои тақдирсоз, омӯзиши илму ҳунар ва азхуднамоии техникаву технологияҳои муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватани азизамон - Тоҷикистон, ҳидоят кунанд, то дар оянда аз фарзандони содиқу номбардори миллиати худ ифтихор намоянд.

Давлатёр Валиев, донишҷӯи соли 4-уми факултаи филологияи тоҷик

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj