• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Аз гурӯҳҳои ифротгаро дур бояд буд

Пешвои муаззами миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боварӣ ва эътимоди хоса нисбат ба ҷавонони Тоҷикистон доштанашонро дар ҳар суханронии хеш иброз медоранд. Аз ҷумла, аз ҷониби Пешвои миллат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид: «Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад». Барои ҷавонон тамоми шароитҳои муфид баҳри таҳсили илм дар дохили кишвар ва берун аз он ва омӯхтани касбу кор бо ғамхориҳою дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат фароҳам оварда шудааст.

Имрӯзҳо бархӯрди тамаддунҳо, ба вуқӯъ пайвастани низоъҳо дар дохили давлатҳо ва байни гурӯҳҳои манфиатҷӯ, рақобат ва бархӯрдҳои сиёсию иқтисодӣ, ҷангҳои итилоотӣ ва инчунин, гурӯҳҳои номатлубу ифротгаро ҷаҳони муосирро ба мушкилии сангин дучор овардаанд. Аз ин бармеояд, ки барои пойдор мондани давлати азизамон мо-ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва боору номусро мебояд ҳамқадами замон бошем. Илму техникаи муосирро биомӯзем, эҷодкор, ихтироъкор, донандаи забонҳои хориҷӣ ва дорои ахлоқи намунавӣ бошем ва дар пешрафти кишвари азизамон саҳми арзанда гузорем, то ин ки ояндасози ин Ватан бошем. Шукронаи даврони истиқлол, ки дар фазои сулҳу суботи кишвар озодонаю оромона зиндагонӣ мекунем.

Истиқлолият орзуи ҳазорсолаи миллати тоҷик буд. Он ба осонӣ ба мардуми тоҷик муяссар нагардидааст. Миллати тоҷик солҳои ҷанги шаҳрвандӣ имтиҳони мудҳишеро аз сар гузаронид. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон 9-уми сентябри 1991 истиқлолият ба даст овард. Аммо аз тарафи бадхоҳони ин миллат дар дохили кишвар даргириҳо ба вуқӯъ пайвастанд. Дар миёни мардум парокандагию зиддият ба миён омад. Ҷанги дохилӣ миллату давлатро ба хатари нестшавӣ мувоҷеҳ сохт. Дар ин миён Сарвари миллатдӯсту ватанпараст, ҷасуру қавиирода, сулҳҷӯю сулҳхоҳе ба миён омад, ки Тоҷикистонро аз вартаи сангину вазнин бароварда, миллатро сарҷамъ намуд ва садди роҳи нестшавии ин давлату миллат гардид. Ин марди некхоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз бо талоши ватандӯстона ва заковату дурандешии Сарвари давлатамон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва ҳуҷҷати таърихӣ-Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ба даст овардани ваҳдати миллӣ яке аз беҳтарин дастовардҳои даврони истиқлол ба ҳисоб меравад.

Ҷавонони имрӯзаи мо аз ҷавонони пешин ба куллӣ фарқ доранд ва хеле фаъоланд. Хушбахтона, ҷавонони имрӯз дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, варзишию оммавӣ ва корҳои созандагию бунёдсозӣ саҳми барҷаста доранд. Ҳимояи марзу буми Ватани азизамон асосан бар дӯши ин неруи созанда вогузор шудааст.

Дар замони муосир гурӯҳҳои номатлубу ифротгаро ба воситаи сӯйистифода аз дин идеалогияи бардурӯғи худро бо роҳҳои суҳбат ё тавассути шабакаи интернет бо забонҳои гуногун паҳн намуда, ақлу шуури баъзе аз ҷавонони нохудогоҳу бехабар аз илмҳои динию дунявӣ ва дорои мафкураи пасти сиёсиро тира мекунанд. Иродаи ин гуна ҷавононро бо идеологияи сунъии бардурӯғ суст карда, онҳоро ба сафи худ шомил менамоянд ва ҳамчун силоҳ барои куштору қатл ва даҳшатафканӣ истифода мебаранд. Пас, барои зери ҳадафҳои идеологияҳои гуногуни бардурӯғ қарор нагирифтан ва дар раванди зиддиятҳои идеологӣ шикаст нахӯрдан, мо-ҷавонони боору номуси диёрро мебояд, зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша бомасъулияту ҳушёр бошем. Ҳисси худогоҳию хештаншиносии миллӣ метавонад садди роҳи бегонапарастӣ ва гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои номатлуб гардад. Мо, ҷавонони тоҷик, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор бошем ва кишвари азизамон-Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намуда, парчамашро ҳамеша баланд нигоҳ дорем.

Мо Ватанро аз дилу ҷон посбонӣ мекунем,

Аз Паёми Сарвари худ пуштибонӣ мекунем.

Нақшаҳои душманонро ҳар куҷо барҳам занем,

Зиракиро мо шиори зиндагонӣ мекунем.

Мо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, хислатҳои миллатдӯстию ватанпарваронаашонро сармашқи кори худ қарор медиҳем ва ҳамеша пайрави Пешвои миллат мемонем.

Шамсиддини Раҷабалӣ, донишҷӯи факултаи забонҳои романӣ-германӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj