• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Ҷавонон раҳгумзада нашаванд

Ҷавонон қувваи бузургеанд. Ҳар миллату давлат кӯшиш ба харҷ медиҳад, то  ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва ҳамчунин, дар ҳоли омодабош барои дифоъ аз давлату миллат тарбия бинмояд. Ҷавононе ба мисли Суҳробу Сиёвуш дар таърихи мо манбаи ибратпазириянд, ки барои дифои манфиатҳои миллату давлати хеш ҳамеша омода буданд ва мубориза мебурданд.

Жанна д-Арк барои истиқлолияти ватанаш ҷонашро фидо кард. Гурӯҳе аз ҷавонон дар Аврупо ва Осиё инқилобҳои азим ба вуҷуд оварда буданд. Дар Амрико маҳз ҷавонон дар интихоби раиси ҷумҳури худ аз ҳама бештар фаъоланд. Таърих собит мекунад, ки ҷавонон неруи созанда ва бунёдкор ҳастанд.

 

Дар ҷомеаи имрӯза дар пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, неруи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонанд ба хубӣ таъмин созанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, неруи созанда ва ояндаи миллатанд».

Мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро дар Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон доштанд. Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат рӯҳу тавони тоза гирифта, ба Модар-Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд.

Ҳаргиз роҳ набояд дод, ки гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизи моро ғуборолуд созанд.

Мо, ҷавонон, бояд рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунем, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзем, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя намоем. Мувофиқи омори расмӣ ҳоло бештар аз нисфи аҳолии ҷумҳурӣ ва инчунин, муҳоҷирони меҳнатииТоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Агар ҷавонон дониши босифат нагиранд ва ҷойи кори муносибе барои татбиқи илми худ дар Ватан пайдо карда натавонанд, аз зиндагӣ дилсард шуданашон мумкин аст. Бале, дар ҳаёти ҷавонони мо мушкилиҳо низ ҳастанд. Масалан, устодони мактабу донишгоҳҳо маоши ночиз мегиранд ва ин ба сифати фаъолияти онҳо бетаъсир буда наметавонад ва дар натиҷа аксари ҷавонон саводи хеле кам мегиранд. Чун қисме аз ҷавонон ба худ кори мувофиқе ёфта наметавонанд, бекор мемонанд ё ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯй меоваранд, ки ин ҳолат таъсири манфие ба мафкура ва рушди қобилият ба онон мегузорад. Пайдо кардани кори мувофиқе шарти асосии муваффақиятҳои ҳар як узви ҷомеа ва омили рушди миллат аст.

Гарчанде ҷавонон қувваи бузурганд, вале ин қувва танҳо дар ягонагӣ ва ҳамроҳ будан тавоност. Аз ин рӯ, моро мебояд, ки боз ҳам ҳамкориву ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро ба хотири беҳбудии вазъи ҷавонони имрӯз, ки фардои миллат аз онҳо вобастагӣ дорад, тақвият бидиҳем. Таълиму тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳанпарварӣ, илму фарҳангдӯстӣ ва арзишҳои демократӣ дорои аҳамияти барҷаста аст.

Содиқҷон Шарифов, донишҷӯи факултаи биология

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj