• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Каримон ҷон фидои дӯст карданд.

Таърихи куҳанбунёди адабиёти тоҷик, ки аз адабиётҳои қадимтарин ва ғанитарини дунё маҳсуб меёбад, дар тамаддуни умумиинсонӣ мақоми бузургро ишғол менамояд.Ҳанӯз пеш аз солшумории мелодӣ вақте ниёгони мо пайраи дини Зардушт буданд, амалҳои некро пазируфтаву корҳои бадро  маҳкум мекарданд.Онҳо барои инсонҳо  “Пиндори нек- кирдори нек”-ро ташвиқ менамуданд,ки ин шиорро марому ҳадаф ва  амали хеш қарор дода  буданд.

Илова бар ин  Абулқосими  Фирдасӣ дар асари безаволаш “Шоҳнома” мафҳумҳои ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, инсонпарвариро тарғиб намудааст ва мо бояд чунин бошем; абёт:

 

Биё то ҷаҳонро ба бад наспарем,

Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.

Бимонад ҳаме неку бад пойдор,

Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор

Вазифаи мо аз он иборат иборат аст, ки насли ҷавонро дар рӯҳияи ақли солиму созанда тарбия намуда, ба омӯзиши илму дониш роҳнамун намоем, ки он муҳимтарин ҳадафи мост. Моҳияти соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 низ маҳз дар ҳамин нуктаҳост.

Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти  кишар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои хеш ба  Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки  “Маҳз дар даврони кунунӣ терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба  амнияти ҷаҳон  ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.

Ба андешаи бештаре  аз рӯшанфикрон, муқовимату мубориза алайҳи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, оқибатҳои  фоҷиабори  гаравидану шомилшаии ҷавонон  ба ҳар гуна ҷараёнҳои тундгароёнаи ифротгаройро фаҳмонидан ва корҳои тарбиявиро бештару пуртаъсир гузаронидан лозим аст, то онҳо эҳсос карда, аз роҳи бад баргарданд.

Он ваҳшигарию хунрезиҳои ҷаҳолатмаобони ба ном “Давлати исломӣ” кулли мардуми шарифи  тоҷик, алалхусус ҷавононро ҳушдор месозад, ки ба муқобили амалҳои террористию экстремистӣ ва ҳар гуна ҳаракатҳои ифротгароиву мазҳабӣ муборизаи беамон бурдан лозим аст. Чунин кирдорҳову амалҳои  ношоиста ба  шаъну шарафи мардуми тамаддунофарин ношикебо ва андӯҳбор аст. Ҳол он ки дар  китоби муқаддаси мусалмон “Қуръон” омадааст:  “Мӯмин – бародари мӯмин”. Ин амалҳои номатлуб оромишу осоиш ва зиндагии  босуботи аҳли сайёраро  халалдор кардааст.

Дар даврони кунунӣ амалиётҳои терроризм ва  экстремизми байналмиллалӣ, ифротгароёни сиёсӣ ва мазҳабӣ таассуфангез буда, дар  маҷмӯъ оромиро халалдор мекунад.  Чун ҷараёни ҷаҳонишавӣ торафт идома дораду босуръат доман густурдааст, мо бояд аз мафкураи бегонапарастӣ худдорӣ намуда, ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, худогоҳӣ, сулҳу  осоиштагии ҷомеа таваҷҷӯҳи хоса  дошта бошем. Дар ин росто, пеш аз ҳама, бояд мафкураи  ҷавононро аз таъсири фарҳанги бегона ва  омилҳои ифротгаро ҳифз бояд кард, зеро ҷавонон бинобар камтаҷрибагӣ аз кишрҳои  осебпазири ҷомеа маҳсуб меёбад . Бинобар ин, бояд ояндасози миллатро бештар ба таълиму тарбияи пурсамар ва муассир ҷалб намоем, ба ин масъала ҳама ваколатдоранд. Ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ,инсонгароӣ, одамият, некию ободкорӣ ва созандагӣ пешаи  мардуми башардӯсти мост, ба ақидаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ:

Каримон ҷон фидои дӯст карданд,

Бадӣ бигзор мо худ мардумонем.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj