• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

ҶАВОНОН ВА ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ.

«Мехоҳам махсус хотирнишон намоям, ки маҳз ба шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик расмияти сиёсӣ пайдо кард».

Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон

Қонуни хосаи табиату таърих ва фалсафаи ҳаёт ин аст, ки новобаста аз хоҳишу иродаи ҳеҷ як шахс ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани музаффариятҳои инсонӣ ба дасти ҷавонон мегузарад. ҳамин аст, ки дар ҷаҳони пуртазоди муосир мубориза барои мафкураи ҷавонон торафт пурзўр мегардад.

 

Насли калонсоли ҷомеаи имрўз бо истифода аз фарҳангу тамаддуни оламшумули офаридаи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар ҳамаи давраҳои таърихӣ ва хизмати миллати тоҷик ба тамаддуни башарият тавонистанд дубора истиқлолият ба даст оварда, замини аҷдодии худро пас аз ҳазорсолаҳо ба ихтиёри худ дароварда, худро соҳибватан ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон намоянд. Аҷдодони миллати мо дар офариниши тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузошта, таъриху фарҳанг ва адабиёту санъати миллатро поягузорӣ намуда, намунаи беҳтарини давлатдорию давлатсозиро ба мо ва ҷаҳониён ба мерос гузоштанд. Насли калонсоли ҷомеаи имрўзи мо бошад бо истифода аз ин мероси гаронбаҳо ва хизматҳои шоёни фарзандони фарҳангсолори миллат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дарки масъулияти хештаншиносӣ бо матонату қаҳрамонӣ Истиқлолият ба даст оварданд. Яъне бо ин онҳо рисолат ва қарзи фарзандии худро дар назди таърих ва миллат иҷро намуданд. Пас рисолат ва вазифаи мо насли ҷавони имрўзи Тоҷикистон аз чӣ иборат аст. Мо онро дарк мекунем? Албатта рисолати мо таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини абадияти Истиқлолияти давлатӣ, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, муттаҳидӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, рушду инкишоф бахшидани иқтидори истеҳсолии кишвар ва муаррифию нигоҳ доштани мавқеъи он дар арсаи байнлмилалӣ мебошад. Мо ҷавонон бояд хуб дарк кунем, ки мо ихтиёр дар даст дорем. Мо ҷавонон ҳаққи маънавӣ надорем, ки лаҳзае фориѓ аз андешаи соҳибдавлатӣ бошем. Дар ҷаҳони имрўз равандҳои сиёсӣ хеле ҳассосу тезу тунданд, ки дар як лаҳза метавонанд ихтиёр ва озодии моро халалдор созанд. Таърих гувоҳ ва далели раднопазир аст, ки ҳеҷ як халқу миллат сарзамин ва давлати дигар миллатро обод накардааст. Сарзамини зарзамини мо тули зиёда аз ҳазор сол дар ихтиёри дигарон буд. Баъди ин фосилаи тулонию дарози таърихии бедавлатӣ мо қисме аз тамаддуни аҷдодиамонро аз даст додем. «Таҷрибаи давлатдории халқҳои олам собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он маҳз ба истиқлолияти давлатӣ ҳамчун кафолати муҳимтарини бақои миллату давлат вобастагии мустақим дорад. Зеро ноил шудан ба истиқлолият ва дар ин асос бунёд намудани давлатдории мустақили миллӣ ба халқҳои ҷаҳон имкон фароҳам меорад, ки соҳиби ҳаққи табииву таърихии худ бошанд».[1] Хушбахтона миллати сарбаланди мо баъд аз фосилаи муайяни таърихӣ ин ҳаққи табииву таърихии аз дастдодаи худро дубора бо ҷонфидоиҳои фарзандони бошарафу ҷасур ва фарзонааш ба даст овард. Вале дар он фосилаи таърихие, ки миллати мо аз ин неъмат маҳрум буд ҳазорон нафар олимону шоирон, файласуфону, табибон, фарҳангшиносону нуҷумшиносон ва ҷавонони ѓаюру далери модари тоҷик паси пардаи сиёҳи зулмоти душманон монда, ба қатл расиданд. Ин падидаи нопок зарбаи шадид ба ҳастии миллати мо гардид. Аз ин рў, имрўз, ки ин неъмат боз насиби мо гардидааст мо ҷавононро зарур аст, ки онро бо тамоми ҳастии худ дифо намоем.

Истиқлолияти Ватан мояи ифтихору саодати мо буда, сароѓози эҳёи тозаи кишвар аст ва дар замири ҳар як ҷавон эҳтиром ба фарҳанг ва хоки поки аҷдодиро, ки амонат дар дасти мо ворисон аст, зиёд намуд. Мо ҷавонон бояд хуб дарк кунем, ки истиқлолият ҳамчун рукни бунёдии озодӣ, ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замон ва ҷузъи таркибии ҳастӣ ва ҳувияти миллии мо боқӣ хоҳад монд.

Инсон мавҷуди қобилу тавоно ва андешаманду бунёдгар аст. Вақте ба таърих назар мекунем, мебинем, ки рушду тараққиёти ҷаҳон ва инсонҳо ба ҳамон даврае рост меояд, ки дар дунё ѓуломдорӣ аз байн рафт ва одамон озоду мустақил шуданд. Ин далели он аст, ки ҷавҳари асосии рушду камоли инсон ин озодии ў аст. Ҳамзамон озод будан маънои онро дорад, ки инсон қобилияти ҷисмонӣ ва маънавию ақлонии идора кардани худро дорад ва дар ин баробар метавонад ҳастии худро нигоҳ дораду бунёд созад. Вақте инсон озоду соҳибихтиёр аст ва озодона ташаккул меёбад ў соҳибиқтидор мегардад ва метавонад манфиатҳои худро бо тамом ҳимоят кунад ва дар ҳифзи шаъну шараф, номусу сиришти худ пайваста устуворона истодагарӣ намояд. Ҳангоме, ки инсон ѓуломи дигарон аст ў шахсият шуда наметавонад, чунки ихтиёр дар даст надорад ва комилҳуқуқ нест, ҳамзамон ҷисману рўҳан аз ҷониби дигарон идора карда мешавад. Ҳамчунин ў шахсият ва субъекти ҷомеаи инсонӣ буда наметавонад. Соҳибистиқлолиии миллат низ ҳамин мазмунро дорад. Яъне миллат вақте соҳиби давлати худ нест ва ё соҳибистиқлол нест ў наметавонад рушд кунад, чунки ихтиёр надорад аз манфиатҳои миллии худ ҳифз кунад. Дар ин баробар шинохти миллат низ ҳамчун субъекти байналмилалӣ аз байн меравад ва дар муносибатҳои байналмилалӣ аз номи ў дигарон сухан мегуянд ва тақдири ўро дигарон ба таври худ ва хостаи худ ҳал менамоянд. Ин омил боиси аз байн рафтани хотираи фарҳангӣ ва таърихии миллат мегардад, ки дер ё зуд худи миллат низ аз байн меравад. Ҳангоме, ки миллат ихтиёр надорад, яъне соҳибистиқлол нест, ў зертобеи дигар миллату давлатҳо мегардад. Дар ин ҳолат миллатро дигарон ба нафъ ва амалӣ намудани ҳадафҳои худ истифода менамоянд. Ин маънои онро дорад, ки вақте шахс ва ё миллатро дигарон истифода мебаранд ў субъект нест, балки ба монанди ашёест, ки ниёзҳои дигаронро қонеъ мегардонад. Яъне истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад. Ин нуқта гувоҳи он аст, ки роҳи ягонаи ҳифзи шарафу номус ва дар маҷмўъ сиришту ҳастии мо ин ҳифзу гиромидошти истиқлолиятӣ давлатӣ мебошад.

Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирўзиҳо ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортар аст. Ин шаҳодати он аст, ки насли гузашта ва имрўзи кишвар бо ҷонбозиҳо ва заҳматҳои зиёд Истиқлолият ба даст оварда тақдири миллатро ба дўши худ гирифтанд ва давлату миллатро ба шоҳроҳи бунёдкорию созандагӣ ва музафариятҳои ҳаётӣ ҳидоят намуданд. Аммо вазифаи душвору пуршараф таҳким, ҳимоя ва таъмини абадияти пойдории давлати соҳибистиқлол аст, ки ба зиммаи насли ҷавон аст ва ин масъулиятро бояд дарк кард. Насли ҷавон ҳақу ҳуқуқи хато кардан ва аз худ дур кардани масъулиятро надоранд, чунки барои ба даст овардани ин неъмат фарзандони фарзонаи миллат ҷонбозиҳо намудаанд, садҳо модарони тоҷик ашки ҳасрат рехтаанд, садҳо нафари дигар ба туҳмати душманону бадхоҳон ва нотавонбинони миллат гирифтор гардида, умри худро дур аз оилаю фарзандон ва волидайну наздикон дар зиндонҳо сипарӣ намудаанд, ки инро хуб бояд дарк кард.

Дар ин росто, қабл аз ҳама мо ҷавонон дарк бояд кунем, ки истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати мо дар масири даҳ асри охир мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини мо мебошад, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш менависад, яъне низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян менамояд.

Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати мо мебошад.

Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати мо гардиши куллӣ ва оѓози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо ҷавонон иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияту пурифтихори таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгў ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.

«Мусаллам аст, ки дарки амиқи моҳияти истиқлолияту озодӣ барои пойдории давлат ва бақои миллат аҳамияти фавқулода дорад. Зеро маҳз ин неъмати бузурги худодод барои ҳар яки мову шумо имкон фароҳам овард, ки номаи тақдири худро бо дасти худамон нависем ва ба хотири фардои ободу осудаи худ ва фарзандонамон заҳмат кашем. Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ҳамаи камиву костиҳо ва мушкилоти зиндагӣ дар муқоиса бо неъмати истиқлолу озодӣ ҳеҷанд. Зеро миллате, ки истиқлолу озодӣ дорад ва ихтиёри давлатдорӣ дар дасти худаш аст, имконият ҳам дорад, ки масъалаву мушкилоти зиндагиро худаш ҳаллу фасл намояд».

Истиқлолият дар баробари ин, ки омолу орзуи деринаи халқи мост, инчунин лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти мо ҷавонон барои расидан ба қадри гузашта ва кору фаъолияти созанда барои имрўзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад.

Ҳисси баланди масъулият дар назди гузашта ва имрўзу ояндаи Ватан ва миллат ҳар яки мо ҷавононро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишвари азизамон бо тамоми ҳастӣ талош варзем, содиқонаву аҳлона заҳмат кашем, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон доим зираку ҳушёр бошем, то қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор адо намоем.

«Ҷавонони саодатманди тоҷик ҳамеша бояд дар хотир дошта бошанд, ки халқи озодихоҳи тоҷик асрҳои аср барои ба даст овардани истиқлолияти Ватани азизамон талошу ҷоннисориҳо кардааст ва акнун ҳифзу нигоҳдории ин неъмати бузург, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи бевосита ва муқаддаси онҳо мебошад».[2]

Муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият – ин дастоварди бузург ва неъмати беҳамтои миллӣ вазифаи муҳимтарин ва рисолати ҷонии ҳар як ҷавони худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси Тоҷикистон аст.

Расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории мустақилона, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси гарми ватандориву ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ – ҳама дар маҷмўъ моро ба сўи хушбахтиҳои бепоёне мебарад, ки аз шаҳди он наслҳои оянда низ ба таври комил комгор мегарданд.

Истиқлолият ва зарурати таҳкими дастовардҳои он мо ҷавононро водор месозад, ки хотираи таърихии худро эҳё намуда, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллиро ба таври дақиқ омўхта давлати худро рушд диҳем ва миллатамонро ба зиндагии шоистаю арзанда расонем.

Таърихи пурифтихори миллати сарбаландамон нишони он аст, ки андешаи истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, талоши расидан ба давлатдории мустақили миллӣ ва орзуву ормони озодандешӣ дар зеҳни миллати истиқлолхоҳи мо ва фарзандони некному хирадманди он дар тўли садсолаҳо зинда буд ва маҳз ҳамин андеша моро имрўз ба ин шоистагию комгорӣ расонид. Ҳеҷ як фарди ҷомеа, махсусан мо ҷавонон ҳуқуқи маънавии бемасъулиятӣ ва фориѓболӣ дар роҳи пойдорию абадияти ин дастоварди миллӣ надорем.

Дарки моҳияти истиқлолият ва қадру манзалати давлатдории миллӣ, ки омилҳои муҳими ҳастии миллат ва бақои давлатдорӣ мебошад, барои мо ҷавонон рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи муқаддаси фарзандист.

Раҷабов Дилшод – Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи

дониҷўёни ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ,

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj