• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

ҲНИТ ЧИ ГУНА ҲИЗБ АСТ

Олимону муҳаққиқон навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, технологӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба ин натиҷа расидаанд, ки дар замони муосир аз ҳама беш терроризму экстремизми динӣ ҷаҳони муосирро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба ақидаи аксар сиёсатшиносон низ экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад,  реша медавонад ва он дар тамоми гўшаву канори сайёра ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, чунин падидаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои пасошуравӣ маҳз ҲНИТ роҳандозӣ ва паҳн намуд, ки ба «шарофати» онҳо миллати тоҷик ба ин падидаҳои номатлуб чун экстремизму терроризм рў ба рў  гардиданд. Солҳои 90-уми асри гузашта бо тақвият ёфтани таъсири баъзе гуруҳҳои манфиатхоҳ давлати  дунявии  тоҷикон  зери  хатар  монд, зеро татбиқи принсипи аз  давлат ҷудо будани дин, ки  дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр  ёфтааст, дар  ҷомеаи  мусулмонии  тоҷикон  имконнопазир  гардид, яъне, агар  давлат таҳти назорат  гирифтани   равандҳои  диниро суст  намояд, ҳатто ҷараёнҳои муътадили  исломӣ, дер ё  зуд,  кўшиш  менамоянд, ки   ҳокимиятро  ба дасти  худ  гиранд. Чунин кушишҳо, яъне ба даст овардани ҳокимият мақсади аъзоёни Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд, ки онҳо дар ташкили ҷангӣ шаҳрвандӣ  саҳми фаъол доштанд. Дар  сурати муваффақ гаштани онҳо ва ба сари қудрат омадани исломгароён дар саросари фазои  Осиёи  Марказӣ  эҳтимоли пайдоиши норомию ҷангу ҷидол буд. Дар он замон кишварҳои абарқудрат ва манфиатхоҳ ба Тоҷикистон ва пайравону роҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таваҷҷуҳ намуда, онҳоро ҳамаҷониба ба таври ошкору ниҳон дастгирӣ менамуданд, ки дар ин ҷо норомию ҷангро ба вуҷуд оварда ба ҳадафҳои геополитикии хеш дастёб шаванд, вале хушбахтона ба мақсадашон нарасиданд. Ин саъюу кўшиши ҲНИТ-иҳо  пеш аз ҳама, ба хотири сўистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надоштанд. Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасид, ки наҳзатиҳо дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезаданд ва фармонҳои худро аҳкоми динӣ меномиданд, вале дар асл мақсаду мароми онҳо дигар буд- ин амалӣ гардонидани ниятҳои хоҷагони хориҷии худ дар ноором намудани кишвари Тоҷикистон, ки инро таърихи начандон дур сабт намудааст.  Пас, ин амалкарди онҳо чун дигар ифротгароён аз разиливу хоинии онҳо дарак медиҳад. Имрўзҳо, мутаассифона, аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи исломӣ ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайри таҳаммул пазирӣ хос аст. Ин андеша мутлақо ғалат аст. Зеро Қуръон, ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният ва ваҳдат бунёд ёфта, зарурати сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид менамояд. Аз ин масоили овардашуда, наҳзатиҳо истифода намуда, дар қаламрави Тоҷикистон ба паҳн намудани ақидаҳои номатлуб машғул гардида, заминаи воқеъиро барои экстремизму терроризм ба миён оварданд. Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ алайҳи ин падидаи номатлуб ва ё худ вабои аср ибрози назар намуда, аз ҷумла баён доштанд, ки «террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад» ин гуфтаҳо ба анна ҳамон ҲНИТ ва роҳбарони он, ки паҳнкунандаи терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj