• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Тарбия

Ватанпарвар бояд буд

Бузургони мо басо пурҳикмат гуфтаанд:

«Гадоӣ дар Ватани худ беҳтар аз амирӣ дар мулки бегона».

Ватан бе мо буда метавонад, лекин мо ҳаргиз бе Ватан буда наметавонем.

Барои ҳар як инсон Ватан аз оғӯши гарми модар сар мешавад. Чун мо аз Ватани худ дур мешавем, ба қадри он бештар мерасем. Афсӯс, ки на ҳар кас ҳамеша дар ёди Ватан аст, на ҳар кас Ватани худро самимона дӯст доштаву ба қадри он расида метавонад. Ҳамаи мо бояд қадри Ватан ва Модари худро донем. Ватан таърихи мо, ифтихори ҳастии мост. Дар арсаи таърих барои ҳимояи Ватан сарбозҳо, занону мардони зиёде ҷони худро фидо кардаанд. Айни ҳол барои таъмини ояндаи шукуфои Ватану миллат ҳар яки мо, ҷавонон, вазифадор ҳастем, ки хонему мутахассиси шоиста шавем.

Вақте калимаи Ватанро ба забон меорем, дар пеши назари мо кӯҳҳои баланд, манзараҳои зебо, зодгоҳ, падару модар падид меоянд. Ватандӯст бояд буду барои ободии он ҳиссагузорӣ бояд кард.

Сайёра Гадоева

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru