• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Тарбия

Пайомадҳои вобастагӣ ба интернет

Аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори аҳолии дигар давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дастрасӣ ба Интернет доранд. Интернет чун насли нисбатан навини воситаи коркарди ахбору маълумотҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ба худ ҳамто надорад. Бале, замоне буд, ки одамон орзу мекарданд, то бо хешовандони дуру наздики худ ҳамеша дар иртибот бошанд. Дере нагузашта, аниқтараш, дар миёнаҳои асри XX ин орзуи деринтизори онҳо амалӣ гашт.

Воситаи ҷадиди алоқа байни одамон пайдо шуд, ки онро Интернет номиданд. Барои алоқа ва додугирифти ахбор дигар мушкилӣ намонд. Лекин ҳар чиро ҳудуду чорчӯбаест, ки бо баромадан аз он кас ҳатман зарар хоҳад дид.

Имрӯзҳо кӯдакон, наврасон ва ҷавонон аз чорчӯбаи истифодаи компютер берун баромада, ба ҳар гуна бемориҳои ҷисмию равонӣ мубтало мешаванд. Моҳияти асосии Интернетро намедонанду вақти зиёди худро бо бозӣ дар Интернет, шиносоӣ бо ҷинси муқобил ва тамошои филмҳои фаҳш мегузаронанд. Бозиҳои компютерӣ ва шабакаҳои Интернетӣ қобилияти ба худ вобаста ва мутеъ кардани одамро доранд. Муддати тӯлонӣ истифода бурдани бозиҳои компютерӣ ва шабакаҳои интернетӣ дар мо вобастагии психикиро ба вуҷуд меорад. Вобастагии психикӣ аз бозиҳои компютерӣ ва шабакаҳои интернетӣ монанд ба нашъамандист. Бинобар ин, ҳангоме ки ба вобастагии интернетӣ ё бозиҳои шабакавӣ мубтало мешавем, аз шахсони нашъаманд ягон фарқияте пайдо намекунем.

Шахсоне, ки Интернетро барои кори муфиди худ истифода мебаранд, онҳо аз ҷумлаи истифодабарандагони системанок шуморида мешаванд. Чунки ин қабил одамон танҳо дар ҳамон ҳолате ба Интернет ворид мешаванд, ки дар рафти фаъолияти кории худ ба он эҳтиёҷ пайдо кунанд. Дар қиёс бо ин гуна шахсон боз шахсоне ҳастанд, ки Интернетро аз ҳад зиёд истифода мебаранд. Чунин истифодабариро “истифодаи ихтилолӣ (патологӣ)-и Интернет” меноманд.

Инсон аз Интернет вобастагии физиологӣ пайдо намекунад, лекин ин ҷо вобастагии психологиро аз Интернет бараъло мушоҳида кардан мумкин аст.

Пас аз 5-6 моҳи истифодаи давомноки Интернет дар одамон вобастагии психологиро мушоҳида кардан мумкин аст, ки ин оқибат онҳоро ба бемории музмин (хроникӣ) бурда мерасонад. Ин гурӯҳ минбаъд вақти зиёдашонро дар сари компютер мегузаронанд. Онҳо ба ҷамъият дигар коре надоранд, ба худ овораанд. Агар ин ҳолатро пешгирӣ карда натавонем, қисми зиёди кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба ин беморӣ мубтало мегарданд. Яке аз нишонаҳои ин беморӣ дар он аст, ки одамон бо майли том ба Интернет дохил шуда, бо мушкилии зиёд аз он берун мебароянд.

6 типпи асосии Интернет-вобастагӣ вуҷуд дорад:

1.Веб-серфинги безоркунанда (ахбори аз ҳад зиёд) – сайри беохир дар Интернет барои дарёфти ахбори нав.

2.Майл барои муоширати виртуалӣ ва шиносоии виртуалӣ –ҳаҷми васеи мактубҳо, иштироки доимӣ дар чатҳо, веб-маҷлисҳо, доштани шиносҳо ва дӯстони зиёд дар Интернет.

3.Вобастагӣ аз бозӣ – рағбати барзиёд ба бозиҳои шабакавии компютерӣ.

4.Талаботи молиявӣ (иқтисодӣ) – бозӣ кардан ба воситаи Интернет дар бозиҳои шавқангез, хариди беҳуда аз Интернет-мағозаҳо ё иштироки доимӣ дар Интернет-музоядаҳо.

5.Рағбати тамошои филмҳо ба воситаи Интернет.

6.Вобастагии кибершаҳвонӣ – майли аз андоза берун барои ворид шудан ба сомонаҳои шаҳватангез ва машғул шудан ба киберсекс.

Аломатҳои умумии вобастагии компютерӣ, хусусиятҳои психологӣ ва ҷисмонӣ нишонаҳои байни ҳам алоқаи зич дошта мебошад. Доктор М.Орзак нишонаҳои психологӣ ва ҷисмонии Интернет-вобастагиро аз ҳам ҷудо мекунад.

Нишонаҳои психологӣ:

*    Ҳиссиёти мусбат ё ҳолати кайфият (эйфория) аз истифодаи компютер.

*    Имконнопазирии қатъ намудани истифодаи компютер.

*    Афзоиш додани миқдори вақт барои истифодаи компютер.

*    Зоҳир намудани бетаваҷҷуҳӣ нисбат ба оила ва дӯстон.

*    Гирифторӣ ба ҳиссиёти ғамгинӣ (депрессия), хашмгинӣ бе истифодаи компютер.

*    Фиреб намудани ҳамкорон ва аъзои оила вобаста ба фаъолияти худ.

*    Мушкилот дар ҷойи кор ва ё дарс.

Нишонаҳои ҷисмонӣ:

*    Кам гардидани нури чашмон.

*    Дарди сар.

*    Дарди миён.

*    Хӯрокхӯрии бемеъёр.

*    Беэътиборӣ нисбат ба гигиенаи шахсӣ.

*    Вайроншавии реҷаи хоб ва танзми он.

Бо вуҷуди гирифторӣ ба ин ҳама мушкилоти ҷисмонию психикӣ шахсони вобаста кор бо Интернетро қатъ намекунанд. Зеро шахсони ба Интернет–вобастагӣ мубталошуда ҳаёташонро бе Интернет тасаввур карда наметавонанд.

Муҳаққиқон омилҳои ба ташаккулёбии Интернет-вобастагӣ мусоидаткунандаро чунин тақсимбандӣ намудаанд:

1.Норасоии муошират дар ҷаҳони воқеӣ. Қисми зиёди шахсони ба Интернет-вобастагӣ мубталошуда дар Интернет ба хотири муошират“менишинанд”, зеро аксар вақт муоширати виртуалӣ бо муоширати воқеӣ баробар карда мешавад.

2.Эҳсоси амният ва бехатарӣ дар шабака. Тибқи тадқиқот чунин хусусиятҳои шабака ба Интернет-вобастагӣ одамонро ҷалб мекунад: махфият, дастрасӣ, бехатарӣ ва қулай будани истифодаи он.

3.Имконияти фирор аз воқеият. Имрӯзҳо тасдиқ намудан мумкин аст, ки Интернет ба яке аз намудҳои “сипар” аз воқеият табдил шудааст, зеро инсониятро аз робитаи мустақим доштан бо ҳаёти воқеӣ ва муошират бо одамони воқеӣ ҳифз мекунад.

4.“Вампиризми иттилоотӣ”. Азбаски Интернет дастрасии номаҳдудро ба иттилоот дорад, метавонад инсонро ба “вампиризми иттилоотӣ”кашад. Албатта, на ҳама ба Интернет-вобастагӣ гирифтор мешаванд. Ба чунин рафтор одатан шахсони моил ба типҳои махсуси шахсӣ, хусусан, майл ба вобастагиҳои гуногун дошта шомил мешаванд.

Хулоса, масъалаи таъсири Интернет ба шахс хеле мураккаб ва беҳудуд аст. Бо назар намудан ба адабиёти илмӣ мо бо зуҳуроти “шабакамандӣ” (сетемания) шинос гардидем, аммо имрӯз зуҳури дигаре, ки дар худ аломатҳои гуногуни вобастагиро дорад, “вобастагӣ аз бозӣ” (играмания) мебошад. Гирифтории кӯдакону наврасон маҳз ба ҳамин навъи аломатҳо бештар ба мушоҳида мерасад. Онҳо метавонанд ҷиддан худро ба қаҳрамони фазогӣ монанд намуда, аз натиҷаҳои нокомии бозии ин қаҳрамонҳо таассуроти хешро баён намоянд. Дар дунёи воқеӣ низ “қотилон”, “азобдиҳандагон”, “золимон” мавҷуданд, аммо мушкилот дар он ифода меёбад, ки мутаассифона, имрӯзҳо сифатҳои чунин шахсиятҳоро дар бозиҳои компютерӣ ҳам ҷойгир намудаанд. Аз ин хотир волидонро мебояд ба рафтори фарзандони хеш пайваста назорат баранд, чунки таъсири зиёновари чунин бозиҳо ба рӯҳияи кӯдакону наврасон аз эҳтимол дур набуда, он метавонад боиси дар ҷамъият пайдо шудани ашхоси рафторҳои зидди иҷтимоӣ дошта гардад.

Ҳангоми баррасии масъалаи мазкур ба мо маълум гардид, ки проблемаи Интернет - вобастагӣ айни замон ниҳоят актуалӣ гардидааст. Яке аз тарафҳои манфии ин масъала аз вақт маҳрум сохтани одамон буда, шахс ҳангоми вақтгузаронӣ дар назди Интернет ё бозиҳои шабакавӣ дарк намекунад, ки то чӣ андоза ба он дода шудааст, аммо вақт гузашта истодааст. Робитаи фазоӣ дар Интернет наметавонад муоширати табиию мутақобиларо ба миён гузорад. Имрӯзҳо мо ҳолатҳоеро мушоҳида менамоем, ки ҳамсинфон дар дохили як бинои ҳамсоя ва ҳатто дохили мактаб ҷараёни муоширатро ба воситаи Интернет ба роҳ мемонанд.

Мо ба хулосае омадем, ки Интернет метавонад дар як вақт ҳам дӯст ва ҳам душмани ошкоро бошад, яъне метавонад дар ҳолати ногувор ёрӣ диҳад, аммо боз якчанд проблемаи дигарро низ зам намояд, аз ҷумла, метавонад ба ёфтани ҳамфикрон мадад кунад ва ҳамзамон ба ҷудоии байни одамон ҳам боис гардад.

 

Ш.Маҳмудов

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru