• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

ТАҲАММУЛ , ТОҚАТПАЗИРӢ ВА ҲАДДИ ОН.

Дар Консепсияи миллии тарбия дар ҶумҳурииТоҷикистон, ки бо ибтикор ва саъю эҳтимоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўйи кор омада, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, №94 тасдиқ гардидааст, тарбияи таҳаммул ва тоқатпазирӣ аз унсурҳои таркибӣ ва мазмуни тарбияи миллӣ маҳсуб дониста шудааст.

Таҳаммул ва тоқатпазирӣ аз ҳурмату эҳтироми шахс нисбат ба ақидаи дигарон сарчашма мегирад. Ба сухани дигарон, аз ҷумла мунаққидони хеш бо таҳаммул гўшдода тавонистан ва муносибати башардўстона ба дигарон доштан, аз ҷумлаи сифатҳои мусбии шахси тарбиятдида мебошанд. Сифатҳои мазкур метавонанд ҳамчун авомили асосии пешгирӣ намудани низоъҳои эҳтимолии байни шаҳрвандон ба амал оянда хизмат кунанд.

Аз ҷониби дигар, тоқатпазирӣ воситаи боэътимод ва муассири муоширати байни аҳли ҷомеа ва нишонаи фарҳанги баланди инсонист.

Оре, унсури номбурда метавонад яке аз рукнҳои суботи устувори авзои сиёсии ҷомеа гардад, ба шарте, ки бо назардошти авзои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ҳадду ҳудуди муайяну воқеъбинонаи худро соҳиб шуда тавонад. Сухан аз боби то чӣ андоза ботаҳаммулу тоқатпазир будан нисбат ба баъзе падидаҳои номатлуби имрўзаи ҷомеаи Тоҷикистони навин –ифротгароӣ ва ифротгароии динӣ меравад.

Аслан мафҳуми арабии «ифрот» маънои аз ҳадду эътидол гузаштану зиёдаравӣ карданро дорад. Аз ин рў, ифротгаро шахсест, ки дар гуфтору рафтори хеш аз ҳадду ҳудудҳои меъёрҳои дар ҷомеа муқарраргардида берун пой мегузорад ва ба дигарон низ ин рафторро талқин мекунад.

Бе муболиѓа, дар айни замон намуди  хатарҳои ин падидаи ифротгароии динӣ мебошад, зеро ки он дар раванди гузариш аз таблиѓот ба амал метавонад ба тундгароии динӣ мубаддал гардад.

Табиист, ки дар ин ҳолат инсони бо фаросату солим фикр набояд нисбат ба чунин ашхос, ки воқеиятро дидан наметавонанд ё чашми дидани надоранд, аз мавқеи таҳаммулпазирию тоқатпазирӣ кор гирад, зеро ки чунин тарзи муносибат метавонад шахсро ба ботлоқи бетафовутӣ ва бетарафӣ партояд. Охир, чӣ тавр метавон гуфтор ва рафтори шахсеро таҳаммул кард, ки ў ба арзишҳои фарҳанги миллӣ, аз қабили сару либос, санъати сурудхониву мусиқӣ ва рақси миллӣ ва расмуоинҳои ниёгонамон ҳисси бадбинӣ дорад.

Ба хотири он ки падару модар, хоҳару бародар, хешу пайвандон, дўстону ҳамкорон, устодон мисли ў ақида надоранд, онҳоро маҳкум карда ва ошкоро таҳдид мекунад. Барои ба дигарон таҳмил намудани фаҳмиши худ аз истифодаи зўроварӣ ва хушунату бераҳмӣ худдорӣ намекунад.

Бетарафӣ дар ин маврид ҳам гуноҳу ҳам хиёнат ба кори пос доштану кардани арзишҳои миллӣ мебошад.

Ба қавли соҳиб сухан:

Тараҳҳум бар паланги тездандон,

Ситамгорӣ бувад бар гўсфандон.

Бо назардошти вазъи имрўзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, алал хусус раванди пуртаззоди ҷаҳонишавӣ рисолатимо, омўзгорон, дар таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ташаккули эҳсоси ватанпарастиву ҳифзи осори фарҳангии моддӣ ва маънавии миллӣ хеле бузургаст. Дар ин ҷодаҳар як омўзгор бо истифода аз сатҳи донишу маърифати касбӣ ва таҷрибаи хеш мехоҳад шогирдонашро ба шоҳроҳи инсони комил гардидан ҳидоят кунад.

Ба андешаи ман, роҳи наздиктарини расидан ба ҳадафи волои омўзгории хеш: тарбият намудану ба ҷомеа пешкаш гардонидани насли соҳиб ақлу бофаросат ва воқеан ҳам ватандўсту ватанпараст ин аз рўзҳои нахустини сабақдиҳӣ дар заминаи меҳру шафқати самимӣ роҳ ёфан ба дили шогирдон мебошад.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj