• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Шуъбаи тайёрӣ моро донишҷӯ кард

Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ зерсохтори Парки технологии назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҳсуб ёфта, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тайёрии таҳсилоти умумии наврасону ҷавонон ва тайёр намудани онҳо барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар асоси худмаблағгузорӣ аз соли 2008 инҷониб фаъолият менамояд. Марказ довталабонро аз рӯи кластерҳои ихтисосҳои табиӣ ва техникӣ, иқтисод ва география, филология, педагогика ва санъат, ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ, тиббӣ, биология ва варзиш омода мекунад.

Муҳлати таҳсил дар шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ аз 3 то 6 моҳ буда, шуъба бо шунавандагон рӯзе то 4 соат машғулият мегузаронад ва баъди хатм шаҳодатнома (сертификат) медиҳад.

Тибқи иттилои мудири шуъбаи мазкур Абдуҷаббор Қурбонов, соли гузашта ҳамагӣ 125 довталаб ба курсҳои тайёрӣ аз рӯи ҳамаи кластерҳо ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки аз онҳо 121 ё 97%-ашон ба ҷойҳои буҷавӣ ва шартномавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил шуданд. Ҳоло бошад, беш аз 100 нафар дар курсҳои шуъба таҳсил менамоянд. Чанде қабл дар ҷаласаи васеи истеҳсолӣ вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти солонаи донишгоҳ ректор, академик Носирҷон Салимӣ аз фаъолияти шуъбаи мазкур ситоиш намуд.

Доир ба фаъолияти шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ бо чанде аз дастпарварони ин даргоҳ, ки бомуваффақият шомили макотиби олӣ гардида, ба номи пуршарафи донишҷӯӣ сазовор шудаанд, суҳбати судманде биоростем. Ҳамсуҳбатони мо Саидшоҳ Бачакалонов ва Самариддин Каримов, донишҷӯёни соли 1-уми факултаи ҳуқуқшиносӣ, Шуҳрат Шодмонов, донишҷӯи соли 1-уми факултаи филологияи руси ДСТР, Шамшод Абдулҳақов ва Сомони Зайдулло донишҷӯёни соли 1-уми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Зумрад Ҷумъаева, донишҷӯи соли 1-уми Донишкадаи давлатии идоракунии назди Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Изатулло Бобоев, донишҷӯи соли 1-уми Донишгоҳи тиббӣ, Гулнора Юлдошова, донишҷӯи соли 2-юми факултаи забони англисӣ, Фароғат Шарифзода, донишҷӯи соли 1-уми факултаи забонҳои романӣ-германӣ, Гулҷаҳон Муродзода ва Азиза Муродова, донишҷӯёни соли 1-уми факултаи психология, таҳсилоти томактабӣ ва фарогири ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҳастанд.

Шаҳло: - Шуъбаи тайёрӣ барои дохил шуданатон ба макотиби олӣ чӣ нақш дошт?

Гулнора: - Чун ман ӯзбекзабонам ва мактаби миёнаи ноҳияи Дӯстиро бо забони ӯзбекӣ хатм намудаам, аз сабаби надонистани забони тоҷикӣ, соли аввал натавонистам донишҷӯ шавам. Чун аз мавҷудияти ин шуъба воқиф гаштам ва нархи он ҳам дастрас буд, омада дар курси тайёрӣ хондам. Ин ҷо дар баробари дигар фанҳо, пеш аз ҳама, забони тоҷикиро омӯхтам ва соли дуюм ба ихтисоси дилхоҳи худ-факултаи забони англисии Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шудам.

Иззатулло: - Соли аввал тариқи ММТ ба факултаи химияи ҳамин донишгоҳ дохил шудам. Чун аз шуъбаи тайёрӣ хабар ёфтам, омада дарс гирифтам ва соли 2-юм аз сари нав имтиҳон супорида дар Донишгоҳи тиббӣ донишҷӯ шудам.

Шамшод: - Ман дар синфи 11 таҳсил мекардам ва дар баробари ин, ба курси шашмоҳаи тайёрӣ омада таълим гирифтам. Зеро яқин медонистам, бо донише, ки дар мактаби миёна доштам, ба ихтисоси ҳуқуқшиносӣ шомил шуда наметавонам.

Самариддин: - Дуруст қайд кардед, воқеан ҳам, дар ин курс пурра барномаи мактабиро аз сари нав, яъне, аз синфи 5 то 11 такроран ба таври васеъ омӯхтем ва саволҳо низ дар ММТ доир ба он чизе, ки хонда будем, омад.

Азиза: - Мо мавзӯъҳоро васеъ намеомӯхтем, зеро дар курси семоҳаи тайёрӣ мехондам ва вақтамон маҳдуд буд, танҳо чизҳои даркорӣ ва асосиро азхуд мекардем. Дигаронро намедонам, агар ин курсро намегузаштам, ҳеҷ бовар надоштам, ки ба донишгоҳ дохил шавам. Ба қавле, шуъбаи тайёрӣ маро донишҷӯ кард.

Шаҳло: - Хуб, ба ҳар шахс методи дарсии ҳар омӯзгор писанд аст. Кадом омӯзгорон дар ин ҷо дарси беҳтар гузаштанд ё усули таълимашон хуб буд?

Саидшоҳ: - Вақте шумо ин саволро додед, ба хотирам, пеш аз ҳама, омӯзгори таърихи халқи тоҷик Насим Зарифов омад. Устод дониши хуб дорад, дарсҳояш бисёр вақт ба таври мубоҳисавӣ ва таъсирнок мегузаранд, ки дониши гирифтаи довталаб ба зудӣ фаромӯш намешавад, яъне, ҳар чизи гуфтаашро бо мисолҳои амиқу дақиқ шарҳ дода, онро дар пеши назар ҷилвагар менамуд.

Шамшод: - Дар баробари устод Н.Зарифов муаллими математика Раҷабалӣ Норов ҳам, устоди арзандаанд. Зеро математика хеле душвор аст ва дар мактаб бе гирифтани дарси иловагӣ онро пурра аз худ кардан мушкил мебошад. Устод бисёр кӯшиш мекарданд, ки мо ин фанро омӯзем ва якҷоя мисолу масъала ва ҳар гуна тестро ҳал намоем.

Гулҷаҳон: - Ман бошам, аз дарсҳои омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Мирзо Исматуллоев бисёртар баҳра бурдаам. Ӯ бештар ба мо шеър мехонд ва чунон қироат мекард, ки ба дунёи зебои шеър пурра ворид мешудем ва дар натиҷа шавқу завқамон ба фанни ӯ дучанд мегашт.

Фароғат: - Ман аз мудири шуъбаи тайёрӣ А.Қурбонов бисёр миннатдорам, дар баробари он ки дарсҳоро ҷиддӣ назорат мекард, аз фанни ҳуқуқ дарс мегуфт. Дарси устод мароқангез буд, аз проектор ва техникаи ҳозиразамон васеъ истифода бурда, дарсро ба талаботи имрӯза мувофиқ мегардонд. Ҳар шахс бояд фанни ҳуқуқро хуб омӯзад, то нагузорад, ки дигарон ҳуқуқҳои ӯро поймол намоянд.

Гулнора: - Омӯзгори таърихи халқи тоҷик Матлуба Ганҷаковаро ҳам зикр бояд кард. Методи хуби дарс гузаштан дошт, ҳар дарс мо тестбозӣ мекардем ва 20-тоӣ тест азёд менамудем.

Шаҳло: - Ба таври мушаххас ва васеъ чиро омӯхтед ва ба ин шуъба чи пешниҳод доред?

Фароғат: -Як чизи муҳим, ки ҳоло ба хотирам омад, ин аст, ки дар мактаби миёна аз забони англисӣ дар хусуси феълҳои модалӣ маълумоте надоштам. Дар ин ҷо муаллима Мунира Каримова ин мавзӯъро пурра ба мо омӯзонд.

Сомон: - Дуруст гуфтед, ман аз устод А.Қурбонов доир ба санадҳои муҳими таърихӣ, ки дар мактаби миёна маълумоти кам дода шудааст, 100 моддаи Конститутсияро пурра азхуд кардам. Ҳамчунин, доир ба мафҳумҳои геометрӣ, санҷидани паралеллограмм, секунҷа ва амсоли инҳоро омӯхтам, ки дар вақти имтиҳонсупорӣ мушкили маро осон карданд.

Саидшоҳ: - Аз барномаи мактабии синфи 5 то имрӯз, баъзе мавзӯъҳо фаромӯш шуда буд, пурра такрор кардем ва хуллас, ҳамаи мавзӯъҳоро васеъ омӯхтем.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки шуъбаи тайёрӣ дар омода сохтани довталабон барои дохил шудан ба муассисаҳои олии касбӣ нақши бориз дорад.

Бояд тазаккур дод, ки машғулиятҳои таълимии курсҳои шашмоҳаи тайёрӣ бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 1-уми ноябр оғоз гардида, ба довталабон омӯзгорони собиқадори донишгоҳ дарс гуфта истодаанд. Хоҳишмандон ҳанӯз имконият доранд, ки дониши хешро тавсеа бахшида, дар назди дӯстону хешон бо сари баланд ба номи донишҷӯи мактаби олӣ сазовор гарданд.

Ш.Хушдилова, хабарнигори ҷамоатии “Омӯзгори ҷавон”

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj