• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Моҳияти иртиҷоии идеологияи ифротии салафия.

Бояд ёдовар шуд, ки дар мазмуну моҳияти ҳамаи  Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиаташ ба мақомоти давлатӣ, ҳамчунин дар  мулоқотҳояш бо аҳли зиё ва ҷавонон дар робита бо ҳимоя намудани шаҳрвандон, бахусус ҷавонон аз ҳаракатҳои ифротгарою террористӣ ва мазҳабу равияҳои бегона, ба хотири ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ ва эҷоди суботу амнияти ҷомеа ва рушди давлати миллӣ борҳо таъкид гардидааст. Бар ҳамин асос  яке аз чунин ҳаракатҳои ифротгаро дар заминаи эътиқодҳои динӣ, ки имрўз аз ҷониби бегонагон ба

кишвари азизамон Тоҷикистон эҳсос мешавад, ки интиқол меёбад ва дар оянда имконияти вайрон  кардани сатҳи идеалогии динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию ҷомеавӣ ва суботу амнияти миллиро дорад, ин ҳаракат ҳамон ҳаракати салафияи ҷиҳодӣ мебошад, ки дар ҷаҳони ислом имрўз ҳамчун як равияи тундгарою родиколист шинохта шуда ва чунин равияҳои ифротгаро бо руҳияи миллати ботамаддун, бо собиқаи деринаи фарҳангӣ ва дорои  хусусияти хирадгароию мантиқ меҳварӣ дар зидияти  комил мебошад. Ин равия   дар нимҷазираи Арабистон, дар асоси мазҳаби  ҳанбалӣ дар доираи дидгоҳои хоссаи  Ибни Таймия (1263-1328) тавасути Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб (1703-1791) асосгузорӣ шуда, ки ибтидо бо номи ваҳҳобият шўҳрат ёфта ва баъдан пайравони Абдулваҳҳоб  номи «салафия»-ро барои худ интихоб  карданд.  Дар ҳақиқат ҳомиёни асосии фикрию иқтисодии ин равия ҷосусони абарқудратҳои ғарбӣ мебошанд, ки аз тариқи тақвият кардани андешаҳои ифротии ибни Таймия ва бо иғфол кардани Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, ки ӯро намояндаи ин равия қарор доданд ҳадафҳои худро амалӣ кардаанд. Ҳамфер намояндаи махсуси хадамоти ҷосусии Вазорати мустаъмироти Британия мегуяд: “Дар соли 1710 мелодӣ Вазорати мустаъмироти Британия маро маъмури ҷосусӣ ба кишварҳои исломӣ барои ҷамъоварии маълумоти кофӣ ба манзури ҷустуҷўйи роҳҳои дарҳам шикастани дини ислом дар кишварҳои мусалмоннишин таъин намуд”.Ҳамфер дар идомаи суханонаш мегуяд: “Эътибори молии кофӣ дар ҳайати ҷосусии мо барои аз байн бурдани ойини ислом қарор дода буданд”.(Салафия: нигоҳи муосири илми- сиёсӣ ё ради афкор ва аҳдофи ғаразноки Албонӣ, Абдуллоҳи Муҳаққиқи Ҳанафӣ, саҳ 365,Душанбе 2013).

 

Бо вуҷуди ин, ки   мазҳаби ҳанбалия хусусияти арабгароӣ  дошта бошад ҳам ва  ба ҳамин ҷурм низ хусусияти таҳаммулнопазирӣ дорад, лекин такфир  ва ҷиҳодро ба яке аз шартҳои асосии мусулмонӣ табдил надодааст. Вале  салафияи ҷиҳодӣ бошад дар асоси андешаҳои ибни Таймия ва Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, имрўз аз ҳанбалия хеле дуртар рафта, такфирро(кофир хонданро)ҳамчун як принсипи исломӣ, бахусус мазҳабӣ табдил дода, ҷиҳодро низ  яке аз шартҳои мусалмонӣ номида аст.

Хатарноктарин чизе, ки ибни Таймия назария пардоз  ва бунёнгузори фикри ваҳҳобият(салафия) дар оғози даъваташон  матраҳ карданд,  ин буд, ки мусалмононро ба куфру  ширк муттаҳам карда  расман эълон карданд, ки ҳар кас дар канори қабри пайғамбар(с.с.)  ё яке аз афроди солиҳ биёяд ва аз онон ҳоҷат бихоҳад мушрик аст. Пас воҷиб аст чунин шахсеро водор ба тавба кунанд ва агар тавба накард бояд кушта шавад.

Айнан ҳамин  афкори ибни Таймияро Ҳамфер барои эҷоди ихтилоф дар миёни ҷомеаи мусулмонон дар дастури кории худашон қарор дода мегуяд: “Яке аз душвориҳо зиёрати муслимин аз мақбараҳо ва қабрҳои бузургон ва соҳибдилон аст. Бо далелҳое собит кунем, ки зиёрат ва аҳамият додан ба қабрҳо ва тазъини онҳо бидъат ва хилофи шариат аст. Ва собит бикунем, ки дар замони Пайёмбар(с.с.) ин тарзи фотво вуҷуд надоштааст. Бояд тадриҷан мардумро аз зиёрат дур сохт. Бояд дар оилаҳо нуфуз кард ва робитаи падару фарзандонро то бад он ҳад тира сохт, ки дигар зери бори насиҳат ва тарбияти бузурургони худ нараванд дар ин сурат мо метавонем ҷавонони мусулмонро аз ҳавзаи нуфузи ақоиди динӣ(ва фарҳангияшон)хориҷ созем”.(Салафия: нигоҳи муосири илмӣ- сиёсӣ ё ради афкор ва аҳдофи ғаразноки Албонӣ, Абдуллоҳи Муҳаққиқи Ҳанафӣ, саҳ.367, Душанбе 2013). Дар ҳақиқат дар афкори ибни Таймия як руҳияи экстремистӣ ва ифротгароӣ хобида аст, ки қудраталабони бегона мехоҳанд бо тақвият кардани чунин андешаҳо фарҳангу тамаддуни миллатҳоро аз байн бурда то ба ҳадафҳои худашон бирасанд. Вале ин гуна рафтор  на бо дин, балки на  бо ақлу  мантиқ созгори дошта  бо услубу рафторҳои иҷтимоии мо ҳамхонӣ надораду  бо руҳияи озодандешӣ дар зиддият мебошад, балки дар сурати ворид шудани чунин идеология ба ҷомеаи мо мушкилоти сиёсию диниро ба бор меоварад.

Вақте ки ибни Таймия андешаҳои худро ошкор кард аз тарафи донишмандони аҳли суннат ва ҷамоат мавриди эътироз қарор гирифта ба монанди ибни Ҳайари Асқалонӣ, ибни Батута ва дигарон ўро ҳамчун як шахсияти ифротию мутаъасиб хондаанд. (”Унвон ул маъд фи торихи Нақд”, саҳ. 9”)Дар воқеъ пешвоёни аҳли суннат ва муъосирини вай аз Шофеъиҳо, Моликиҳо, ва Ҳанафиҳо бар фасоди афкору  ақволи ў тасреҳ  карда,  суханони ўро бе  арзиш дониста ва ўро  фарди бидъатгузор, гумроҳ, гумроҳгар ва ғайри муътадил хондаанд. Ҳамчунин Муҳаммад ибни Абдулваҳҳобро устодон ва дигар донишмандон ҳатто падар ва бародараш сарзаниш карда, мардумро бо  пайравӣ кардан аз андешаҳои ў манъ кардаанд. Ҳол чунин бошад, ки худи арабҳо аз афкори бе мантиқи инҳо безорӣ меҷуянд, мусаллам аст, ки ингуна афкори ифротӣ дар миёни ҷомеаи мо ҳеҷ гуна мақому арзише надорад зеро мардуми бофарҳанги тоҷик соҳиби як тамаддуни бособиқае аст, ки пуштибонаи ақлонию хирадгароӣ дорад. Ҳарҷо ки ақлгароӣ ва мантиқ меҳварӣ бошад онҷо озодандешӣ ва озодихоҳӣ вуҷуд дорад. Вале мутаасифона афкори диние, ки дар асоси андешаҳои  салафия  дида мешавад, баробар аст бо ҷумуди фикрӣ(яъне аз байн рафтани қувваи таҳлил) вақте ки ҷомеа ба хусус ҷавонон ба чунин идеология рў оварданд дар натиҷа таъасубгароию ҷоҳилӣҳо ҷои андешаю тафаккуро ишғол карда ва ин сабаби ақибмондагӣ, бефарҳангию бесаводӣ хоҳад шуд ва дар ниҳоят роҳи ҷабргароиҳои озодандеширо хоҳад гирифт.

Дар асл ҳадафи асосии ин равия аз тариқи истифодаҳои сиёсӣ аз ислом бо ҳадафи ба даст овардани ҳокимият ва аз нав зинда кардани ҳамон Хилофати араб мебошад, ки баъдан ин ҳаракатро давлатҳои абарқудрати Ѓарб барои пароканда кардани империяи туркони усмонӣ истифода карданд. Вақте ки  Оли Саъуд барои тамоми Арабистонро ба зери нуфузи худ даровардан мубориза кард, абарқудратҳои  Ѓарбӣ онро  барои манфиатҳои сиёсии худашон дастгирӣ намуданд. Ва ниҳоят, соли 1920 давлати Арабистони Саъудӣ таъсис ёфт, ки идеологияи расмии он мазҳаби ваҳҳобия(салафия)  гардид. Ҳамин тариқ зинда кардани давлати миллии араб дар сатҳи идеология ва  дар шакли эҳёи исломи ибтидоӣ бо номи ваҳҳобият  ё худ ҳамон салафия сурат гирифта аст, ки миллати тоҷик бо таваҷҷўҳ ба он фарҳангу тамаддун ва истиқлолияту озодие, ки доранд аз чунин ақидаҳои ифротгаро мубарро буда ва онро ҳаргиз намепазиранд. Ё  ба иборати дигар, пазируфтани чунин идеология баробар аст бо ҷумуди фикрӣ ва ҷумуди фикрӣ, яъне барканор задани озодандешию хирадгароӣ, ки дар асоси ин ду мафҳум- озодандешию  хирадгароӣ ҷомеаи мо то ба имрўз тамаддуну фарҳанги худро нигоҳ дошта ва асолати худро ҳифз кардаанд.

Салафиҳо бо андешаҳои ғайри инсонии худ дар тули таърих ҷиноятҳои ваҳшиёнаеро анҷом додаанд. Масалан ибни Бишр Усмон ибни Абдуллоҳ таърихнависи оли Саъуд дар бораи оғози даъвати ваҳҳобият дар мантақаи Наҷд ва куштори мардуми бегуноҳ ба иттиҳоми ширк менависад: “Абдулазиз ҳамроҳи гурўҳе бар қасди ҷиҳод алайҳи аҳли мантақаи Содиқ ҳаракат  кард ва онҳоро муҳосира карда бисёре аз дарахтонро аз замин канд ва теъдоде аз мардони онҳоро ба қатл расонд,  сипас ба қасди ҷиҳод  ба мантақаҳои Хурӣ, Дулам, Наъҷон, Сармадон ҳаракат карда мардуми бегуноҳи онҳоро кушту  мағозаҳояшонро  ғорат карда бурданд”. Дар мавсими Ҳаҷ теъдоди зиёде аз ҳоҷиёни кишварҳои монанди ҳоҷиёни Яманӣ, ҳоҷиёни Мисрӣ ва Эрониро  ба таври ваҳшиёна ба қатл расонданд. Доктор  Мунири Айлонӣ менависад, ки 1200  ваҳҳобӣ бо фармони Саъуд фарзанди Абдулазиз вориди Ироқ шуда 3 ҳазор нафаро ба қатл расонданд ва молу мулки онҳоро ба ғорат бурданд. Зайни Деҳлон яке дигар аз донишмандон мегуяд агар бихоҳам ҳамаи ҷиноятҳои салафиҳоро бинависам дафтарҳо пур хоҳад шуд. (Ваҳҳобият аз манзари ақл ва шаръ, доктор Саид Муҳаммад Ҳусейни Қазвинӣ, муасисаи таҳқиқотии Валии Аср.,Теҳрон, с.96.)

Агар аз таърихи пайдоиши салафият сарфи назар кунем ва ба ҳодисаҳои ахире, ки имрўз дар дунёи араб ба вуҷуд омада аст, диққат намоем, боз ҳам андешаҳои ифротии ибни Таймия,  М. Абдулваҳҳоб ва саид Қутбро дар қолабҳои гуруҳҳои гуногун мушоҳида хоҳем кард. Қобили зикр аст, ки дар тамоми минтақаҳое, ки дар ҳоли ҳозир таҳти тасарруфи ДОИШ дар Сирия ва Ироқ аст, ибораҳои аз суханони ибни Таймия навишта шуда аст. Монанди: “қивому дин би китобин яҳди ва бисайфин янсур”( яъне пойдории дин ба Қуръони ҳидоятгар ва ба шамшере аст, ки он динро ёрӣ мекунад.) ва ҳамчунин “ДОИШ” барои нишон додани тафаккуроти салафии худ китоби “Навоқизулислом”-и М. Абдулваҳҳобро ба дару девори онҷо часпонда ба вайрон кардани қабрҳои донишмандони динӣ пардохта ва ба пайравӣ аз Саид Қутб ҷиҳоди бо аслиҳаро асли асосии худ медонанд. Имрўз  кори салафиҳои такфирӣ дақиқан ҳамон коре аст, ки ҳудуди 200 сол пеш оли Саъуд ба фатвоҳои М. Абдулваҳҳоб анҷом дода буд.(ДОИШ, таҳлил ва баррасии таърих ва афкор, Муҳаммади Иброҳимнажод)

Мақсадам аз зикри ин ҳодисаҳо  дар ин аст, ки асоси ин мушкилотро идеологияи ифротгароёнаи ибни Таймия, М. Абдулваҳҳоб ва дар ниҳоят  Саиди Қутб ба бор оварда аст. Зеро дар дарачаи аввал ин андешаю афкор аст, ки дар зеҳни инсон нақш мебандад ва баъд дар амалияи ў ҷо мешавад. Муборизаи асосии аҳли илму маърифат бояд бо ингуна андешаҳо бошад. Агар замоне империализми Ѓарб бо воситаи идеологияи салафия(ваҳҳобия) хилофати исломиро (Салтанати турк)-ро аз байн бурда бошад, имрўзҳо бошад ин империализм дар симои ИМА, давлатҳои Ѓарб ва сионизми байналмиллалӣ мехоҳанд бо салафизми навбаромад умуман Исломро ҳамчун дин дар ҷаҳон аз байн баранд. Акнун худ мулоҳиза намоед, ки ҷавононе, ки имрўз ба таъсири салафия афтодаанд ба чи доме афтодаанд ва онҳо дар бозиҳои имрўзаи сиёсатмадарони ҷаҳонӣ бозичаи кадом қувваҳо буда асолати исломии хешро чи гуна фурухта истодаанд. Ё бо ибораи дигар “вақте, ки бо пули ҷуҳуд исломӣ исломиро мекушад, оё ин ҷиҳод аст!”

Гуфтани ҳастам, ки яке аз роҳҳои пешгирӣ аз чунин тафаккурот дар ин аст, ки бо ироаи як идеологияи диние, ки бо хусусияти эътидолгароӣ ва таҳамулпазир ба ҷавонон метавонад натиҷаи мусбате дошта бошад. Имрўз чун асри иттилоот ва раду бадал шудани ахбори олам аст пас дар дараҷаи аввал бояд дар фикри ҷавонон буда заминаи касбии таълимро ҳам дар ҷиҳати омухтани донишҳои илмиву техникӣ ва ҳам омухтани идеологияи динӣ – мазҳабиро албата бо меҳварияти асосҳои илм яъне мантиқ ва фалсафа фароҳам кард. Зеро агар сатҳи дониши ҷавонон ба дараҷаи муносиб нарасад дар натиҷа афкору андешаҳои бегона, ки бо фарҳангу тамаддун ва озодандешии миллӣ созгорӣ надорад фикри ҷавони тоҷикро ба худ ҷалб хоҳад кард. Агар ҷавонони мо ба фарҳангу арзишҳои миллиямон аз нуқтаи назари фаҳмиши ифротгароёна муносибат кунанд, пояҳои ҳуввият, худшиносӣ ва асолати  миллии мо вайрон мегардад. Бинобар ин, роҳ додани идеологияи  салафия ба ҷомеаи тоҷик дар ибтидо таҳдиди мазҳабӣ-фарҳангиро ба миён оварда, минбаъд аз паи он метавонад таҳдиди сиёсиро низ ба бор орад. Беҳуда нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо ҷавонон,  дар робита бо пайдо шудани равияҳои динии ѓайрисуннатӣ ва ба онҳо шомил гардии ҷавононро яке аз мушкилиҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии Тоҷикистон ҳисобида, пешгирӣ кардан аз онро яке  аз вазифаҳои муҳими мақомотҳои дахлдори давлатӣ, аҳли зиё ва шахсони баору номуси миллат ва дар ниҳоят вазифаи ҳар шаҳрванд дониста аст.(Эмомалӣ Раҳмон. Ҷавонон захираи тиллоии миллату давлатанд. Рўзн. «Ҷумҳурият». №72-73. 25 маи 2013.)

 

 

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj