• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

ИФРОТГАРОӢ, ОҚИБАТҲОИ НОМУСОИД ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти комил Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди бархурди геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ гардида, гурўҳҳои огоҳу ноогоҳро боистифода аз ҳассосиятҳои динию маҳаллӣ тавассути сармоягузорӣ ва тақсими аслиҳа ба майдонҳо кашида, кишварро ба гирдоби фалокату буҳрон дучор намуданд. Боло гирифтани хираду ақли солими фарзандони бонангу номус ва миллатдўсту соҳибхиради ин кишвар дар як муддати начандон тулонӣ ба ҳамаи ин нооромиҳо ҳусни хотима бахшида шуд. Гарчанде аз замони имзои созишномаи Ваҳдати миллӣ (27 июни соли 1997) 18 - сол сипарӣ шуда, тайи ин солҳо мардуми шарифи Тоҷикистон ҳаёти орому осоишта ба сар мебарад, вале ҳанўз ҳам гурўҳҳое мавҷуданд, ки тамоюли каҷрафторӣ дошта, мехоҳанд кишвари азизи моро дубора ба гирдоби фалокат кашида, онро ба вартаи ҳалокат баранд. Мутаассифона, солҳои охир гурўҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрави ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҷомеаи Тоҷикистонро хеле ба ташвиш андохтаанд. Ҳизбу ҳаракатҳои гумроҳи такфир ва ғайримуқаллидони ифроту аз камомўзишиву камдонишӣ (алалхусус донишҳои динӣ), надоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва динӣ, нодуруст истифода намудани шабакаҳои иттилоотӣ (интернет), нодида гирифтани самараи истиқлолият, сулҳу субот ва оромии ҷомеа, бепарвоӣ ва бетарафии бархе аз аъзоёни ҷомеа, алалхусус ҷавонон истифода намуда дар байни онҳо тарғиботу ташвиқот намуда, мақсадҳои ғаразноки худро пиёда кардан мехоҳанд. Заминаҳои асосии ифротгароӣ бедонишӣ ва таассуб маҳсуб меёбанд. Нодонӣ ҳамеша дар пайи худ ҷаҳолату бозмондагӣ ва рў овардан ба хурофотро ба бор оварда сабабгори пайдо гардидани чунин зуҳуроти номатлуби ҷомеа, чун экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм мегардад. Ин нуқтаҳои калидиро ташкилот ва ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ (ифротгароӣ) ба хубӣ дарк намуда, онро барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки  гурўҳҳои худ кайҳо боз истифода мебаранд. Бо истифода аз ин омилҳо онҳо аз рафторҳои ноҷавонмардонаи худ шарм накарда, арзишҳои олии давлату миллатро нодида гирифта, тавассути роҳҳо ва воситаҳои гуногун ҷиҳати барангехтани тухми низоъ дар миёни мардум, даъват ба нооромӣ, бенизомию бетартибӣ, дигаркунии сохти конститутсионии давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, кинаю адоват, нафрату бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва таҳдид ба суботу оромии ҷомеаву давлат, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудани варақаҳои таблиғотӣ, дастгирию кўмакҳои моддӣ, фаро гирифтани ҷавонон ба таҳсили ройгон ё аз ҳисоби худ фиристондан барои таҳсил ба давлатҳои дигар ва ҳазорҳо тарзу усулҳо ақидаҳои ғаразноки худро тарғиботу ташвиқот менамоянд. Пеш аз он ки мо ба муҳтавои мафҳуми “экстремизм” (ифротгароӣ) бирасем, муҳим он аст, ки мазмуни онро равшан намоем. Дар ҳар давру замон олимон, муҳаққиқон, ҳуқуқшиносон, сиёсатмадорон, ходимони илм ва дини мамлакатҳои гуногун кўшиш ба харҷ додаанд, ки ба маънои экстремизм равшанӣ андозанд. Экстремизм аз калимаи лотинӣ (“Extremusm”) гирифта шуда маънояш пайравӣ ба назария ва чорабиниҳои ифротӣ (хусусан дар сиёсат), тарафдори ақидаи қатъӣ ва ифротӣ, ифротталабӣ мебошад. Ин вожа дар забони англисӣ чунин омадааст: “Экстремизм аз калимаи “Extremism” гирифта шуда, маънояш каноргирӣ, дар канор будан, ниҳоӣ, назари ниҳоӣ доштан, алалхусус назари ниҳоӣ доштанро нисбати сиёсат мефаҳмонад”. Ҳамчунин дар як зумра луғатҳои дигар истилоҳи экстремизм ба маънои ғоя, идеология, ниҳоӣ, назари ниҳоӣ ва ҳаракат нисбати сиёсат шарҳ дода мешавад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” аз 8 декабри соли 2003 мафҳуми экстремизм ба таври зайл шарҳ дода шудааст: “Мутобиқи моддаи 3 қонуни мазкур “Экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар даъват, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад”. Ҳамчунин дар забони тоҷикӣ вожаи экстремизм ба истилоҳи “Ирфотгароӣ” нисбат дода шудааст. Ирфотгароӣ аз решаи калимаи арабии “фарт” гирифта шуда маънояш аз ҳад (андоза) гузаштан дар коре, аз ҳадди эътидол гузаштан (гузаронидан), дар коре зиёдаравӣ кардан мебошад. Аммо худи калимаи экстремизм низ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифодаи васеъ қарор дода шудааст.

Умуман экстремизм (ифротгароӣ)-ро ба ду намуд ҷудо намудан мумкин аст:

- экстремизми сиёсӣ – экстремизме мебошад, ки дар соҳаи сиёсии ҳаёти давлат ва ҷомеа ба миён меояд;

- экстремизми динӣ – экстремизме мебошад, ки дар дин ба вуҷуд меояд. Экстремизми динӣ дар аксар мамолики шарқи мусулмонӣ васеъ густариш ёфта он дар аксар маврид ҳамчун василаи фишор ва пиёда намудани манфиату хоҳишҳои давлатҳои абарқудрат дар ин манотиқ ба кор бурда мешавад. Вобаста ба ин ки ҳассосияти динӣ дар ҷомеаҳои аксаран бошандагонаш мусулмон баланд аст, ҳамин вижаро қудратҳои ҷаҳонӣ барои пиёда намудани манфиатҳояшон мавриди истифода қарор дода, кўшиш ба харҷ медиҳанд то ин омилро ҳамеша ба нафи худ истифода намоянд. Сармоягузорӣ ва қароргоҳи аксар ҳизбу ҳаракатҳое, ки хислати ифротгароиву террористӣ доранд, дар хориҷ аз кишвар мавриди назар сурат мегирад. Дар чунин вазъияти ҳассос масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки якпорчагӣ ва истиқлолияти Тоҷикистони азизамонро аз чунин паёмадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем. Зеро замони мо замони ниҳоят мураккаб буда ба ҳамаи мо возеҳ аст, ки зуҳури фаъоли нерўҳои тахрибкор, замони таблиғ ва паҳн намудани ғояҳои тундгароӣ, густариши хатарҳои экстремизму терроризм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, коҳиши маънавии ҷомеа ва падидаҳои дигари номатлуб мебошад. Мутаассифона, бархе аз ҷавонон пойбанди расму оинҳои ҳурофотӣ гардида тўъмаи гурўҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав гардидаанд. Ин гурўҳҳои нолоиқи ҷомеа аз бедонишӣ ва таассуби динии ҷавонони камхабар аз омезаҳои исломӣ истифода намуда, ба боварии онҳо даромада онҳоро ба манфиати гурўҳҳои худ ба кор мебанданд. Бадбахтона, мо имрўзҳо ба гўши худ мешунавем, ки садҳо нафар ҷавонони тоҷик дар доми фиреби ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ афтода ба давлати ба ном исломии Ироқу Шом ба ҷанг рафта, худро фидоиёни роҳи ҳақ пиндоштаанд. Ҷараёнҳои такфирӣ ва бемазҳаби иғвоангези Салафия, Ҳизби наҳзати ислом, Ан – Нусраҳ, Ҳизбу таҳрир, Ҳаракати исломии Ўзбекистон, Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ, Бака – Ҳарам, Ал Қоида, Толибони Афғонистон ва Толибони таҳрикии Покистон, Ансоруллоҳ ва ғайра маҳз аз зумраи ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ мебошанд. Дар чунин вазъияти пурталотум ҷавононро зарур аст, ки дар мубориза бар зидди экстремизм аз тамоми имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла пешгирӣ намудани ҳаракатҳои экстремистӣ, монеъ шудан ба паҳн намудани варақаҳое, ки характери таблиғоти экстремистӣ доранд, тарбия намудани ҷомеаи солим, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, худшиносии миллӣ ва ғайра самаранок истифода намуда дар баробари мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ нақши босазо гузоранд. Хулоса, барои комилан несту нобуд сохтани идеологияи иртиҷойии бемазҳабони гумроҳи такфирӣ ва ғайримуқаллидони ифротӣ тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла олимону донишмандон, омўзгорону зиёиёни кишвар, алалхусус роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин уламои исломии суннатии кишвар бояд фаъол бошанд. Бедории миллӣ ва худшиносии мазҳабӣ беҳтарин зарбаи сангин ва миёншикан дар камари ҳаракатҳои экстремистӣ мебошад.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj