• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Об  ҳастии инсон ва ҷомеъа

Аз қадимулайём об чун манбаи ҳайёт ва ҳастии тамоми олами наб ба ҳисоб меравад. Чор унсур дар ҳайёт муқаддасанд: об, хок, оташ ва бод, ки нахустини онҳо об аст. Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯй, сохтани манзил, тозагии кхонаву кӯчаҳо, обери заминҳо, ки асоси зиндагии мардум маҳсуб меёбад, истифода мебаранд.

Инсон бо роҳҳои обӣ заврақу киштӣ меронад. Об турбинаҳоро ба ҳаркат дароварда, ҷараёни барқ ҳосил мекунад. Бо қувваи оби зиёд чархи осёб, дастакҳои обҷувоз ҳаракат мекунанд. Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Аз ин рӯ обро ҳамчун ҳастии олами наботот меҳисобанд.

Дар ҳақиқат об манбаи асосии ҳастии мавҷудоди олам ба шумор рафта, захираи бузургест, ки ҷаҳону зиндагониро таровату сарсабзӣ мебахшад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби захираҳои бойи оби мебошад, дар тулии зиёда аз 40 соли гармшавии иқлим садҳо пиряхҳои бузургро аз даст додааст. Имрӯзҳо мо тавассути оинаи нилгун мебинем, ки зиёда 2 млн одамони сайёра аз норасогии об азият мекашанд.

Ҳар як шаҳрванди солимфикр вазифадор аст, ки ин неъмати бузурги табийиро чу насоси ҳастӣ, чароци равшандиҳанда созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намояд, тозаву озода нигоҳ дорад ва нагузорад, ки оби руду дарёҳо ифлос гардад.

Зӣ ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,

Набояд фикандан дар он сангу хок.

Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шуморидани он қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки манбаи нуру рӯшноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист.

Имрӯзҳо диққати ҷомеаро ҳалли мушкилоти оби тоза ба худ ҷалб намудааст. Боиси сарфарозист, ки иқдоми наву наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ пайдо намуд ва Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028-ро қабул намуд.

Ин омил, боз як нишонаи муҳими он аст, ки ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва минтақавии ҷаҳони имрӯза оид ба об яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати мост ва ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами мо ба хотири саодати сокинони тамоми сайёра ва дастрасии онҳо ба оби тозаи нӯшиданӣ равона гардидааст.

Чи тарве, ки дар боло зикр гардид бе об ягон қадам пеш монда намешавад. Як ҳолатро бояд ёдовар шуд, ки НОБ-и Роцун албатта бо об сохта мешавад. Агар ин нерӯгоҳ сохта шавад, чи қадар заминҳо обёрӣ гардида, боз як қатор корхонаҳои азими саноатӣ дар асоси тавлиди нерӯи барқ сохта ба истифода дода мешавад, ки дар натиҷа ҳазорҳо ҷойҳои кори нав бунёд гардида, ба пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ манфиатҳо ба даст меорад.

«Муртазо Пирмаҳмадов-нафақахӯри соҳаи маориф)

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj