• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Ҷавонон фаъолитяи ТЭТ ҲНИТ маҳкум менамоянд

Ҷавонони соҳибфарҳангу пуриродаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли,пешвои муазами миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон руҳу илҳом гирифта, дар мамолики дурру наздик бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда истодаанд. Ҳамзамон бо интизоми намунавӣ таҳсил намуда ,дар корҳои созандагию ободонии мамлакатамон саҳми босазо гузошта номбардори миллати худ мегарданд.Чигунае, ки шиорашон чунин аст;

«Сулҳдусти ,сулҳофарӣ, сулхпарварӣ аз беҳтарин хислатҳои инсони худогоҳ дар замири Пешвои миллат буд,мо Сулҳзода шудем»-дар воқеъ ин аст шиори ҳар як ҷавони бонангу ори кишвари азизамон дар мавриди Пешвои Миллат. Бояд тазаккур дод,ки Эмомали Раҳмон барои мо беҳтарин хушбахтиҳои мили боло аз ҳама оби чашми модаронамонро боз дошт.  Таърихи башари ва гузашти қарн ба ҳеҷ ваҷҳ фаромуш нахоҳад кард он Абармардеро, ки дар роҳи ҳақиқат ва сулҳу салоҳ умри пурбаракати худро қурбон намудааст. Яке аз ин шахсиятҳои барҷастаи асри-21 Эмомали Рамҳмон- бузургсолор ва мардумсолори миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Пушида нест,ки ин Нобиѓаи нотакрори миллат баҳри сарҷамъии миллати тоҷик аз парешонию фиребхурдаги саҳсми бассо қиммате гузоштааст.Бо гузашти ҳазор сол баъд аз давлати Сомониёни Бузург соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати миллӣ-Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон маҳз бо шарофати бевоситаи ин Абармарди замон арзи ҳастӣ намуд. Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти  кишар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои хеш ба  Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки  “Маҳз дар даврони кунунӣ терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба  амнияти ҷаҳон  ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.

Имрўзҳо амалиёти гурўҳҳои терррористӣ ҳеҷ як шахси солимақлро бетараф гузошта наметавонад. Амалҳои аблаҳонаи гурўҳҳои террористиро тамоми ҳалқиятҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум мекунанд. Амалҳои ѓайриинсони онҳо, таблиѓи зўроварӣ ва ҳатто қатли хеш, боиси бадбинию нафрати мардум шудаанд. Ҳар фарди солимфикр рафтору кирдори ифротгароёнро маҳкум мекунад. Боиси таассуф аст, ки бархе аз ҷавонон аз  мақсади  таблиѓгарон  бехабар, ба гумроҳию гумномӣ  мераванд.  Он ваҳшигарию хунрезиҳои ҷаҳолатмаобони ба ном “Давлати исломӣ” кулли мардуми шарифи  тоҷик, алалхусус ҷавононро ҳушдор месозад, ки ба муқобили амалҳои террористию экстремистӣ ва ҳар гуна ҳаракатҳои ифротгароиву мазҳабӣ муборизаи беамон бурдан лозим аст. Чунин кирдорҳову амалҳои  ношоиста ба  шаъну шарафи мардуми тамаддунофарин ношикебо ва андӯҳбор аст. Ҳол он ки дар  китоби муқаддаси мусалмон “Қуръон” омадааст:  “Мӯмин – бародари мӯмин”. Ин амалҳои номатлуб оромишу осоиш ва зиндагии  босуботи аҳли сайёраро  халалдор кардааст.

Дар даврони кунунӣ амалиётҳои терроризм ва  экстремизми байналмиллалӣ, ифротгароёни сиёсӣ ва мазҳабӣ таассуфангез буда, дар  маҷмӯъ оромиро халалдор мекунад.  Чун ҷараёни ҷаҳонишавӣ торафт идома дораду босуръат доман густурдааст, мо бояд аз мафкураи бегонапарастӣ худдорӣ намуда, ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, худогоҳӣ, сулҳу  осоиштагии ҷомеа таваҷҷӯҳи хоса  дошта бошем. Дар ин росто, пеш аз ҳама, бояд мафкураи  ҷавононро аз таъсири фарҳанги бегона ва  омилҳои ифротгаро ҳифз бояд кард, зеро ҷавонон бинобар камтаҷрибагӣ аз кишрҳои  осебпазири ҷомеа маҳсуб меёбад . Бинобар ин, бояд ояндасози миллатро бештар ба таълиму тарбияи пурсамар ва муассир ҷалб намоем, ба ин масъала ҳама ваколатдоранд.Аксар ҷавонони беандеша  ба ин роҳи шум тавассути сомонаҳои интернетӣ  мераванд. Дар бораи ин падидаи номатлуби ҷаҳонӣ терроризм дар шабакаҳои интернетӣ маълумоти зиёде ҳаст. Пас,  ҷавонон аз оқибати фоҷиабари кирдори  номатлуби худ, медонанд, вале боз ба ин  роҳ мераванд. Аз оқибати мудҳиш , худкушиҳои бемаънӣ сабақ намегиранд ва ҳаёти кўдакону пиронсолон, занону модарон, наздиккони худ ва дигаронро зери хатар мегузоранд. Охир, ҳар яки онҳо бо умед ба дунё омадаву дар дил орзуе доранд.  Бо баҳои ҷони инсонҳои бегуноҳ ҷалб кардан ба ин гурўҳҳо бераҳмию ҷаҳолат аст. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллати мо  – Эмомалӣ Раҳмон дуруст  таъкид менамоянд, ки « Терроризм  ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари  глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷонӣ ҳар як сокини сайёра аст ».

Мо ба суханони Пешвои миллат пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро маҳкум менамоем. Барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем.

Дар ин ҷода Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамояд: «Бояд пеш аз ҳама ҷавонони мо мазмуну моҳияти истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро дарк намоянд.[1]

Зеро инҳо мафҳумҳое мебошанд, ки ҳар як ҷавон дер ё зуд барои фаҳмидани мазмуни аслии онҳо мекўшанд.

Воқеан донистани ин масъалаҳои тақдирсоз, барои ҷавонон хеле муҳим аст, зеро онҳо, масъулияти бунёди ҷомеаи навинро бар дўш мегиранд, мақсаду ҳадафҳо ва роҳи пешгирифтаи моро идома медиҳанд».[2]

Сафаров Саймухтор Абдуалимович                                                                аспиранти Институти илмӣ-таҳқиқотии

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Ходими илмии институти иқтисодиёт ва

демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон

 

 


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj