• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

ТАҲРИФИ ҲАҚИҚАТ

(андешае чанд роҷеъ ба истифодаи Кабирӣ дар сиёсати Эрон ва баъзе кишварҳои Ғарб)

Гузашти айём ва раванди рўзгор моро ҳамарўза ба ҳалли масъалаҳои нав ба нав дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт рў ба рў месозад. Маъракаҳои васеи эҳёву ободгардонии шаҳру навоҳӣ, бунёди корхонаҷоти гуногун, неругоҳҳову пулҳову  роҳҳо, иншооти фарҳангӣ, минҷумла масоҷид тавассути сиёсати оқилонаи роҳбарони давлату ҳукумати Тоҷикистон идома дорад. Тоҷикистон давлати демократӣ мебошад ва тибқи талаботи қонунгузорӣ аҳзоби сиёсӣ низ бояд дар чаҳорчўбаи қонун бояд фаъолият намоянд. Муҳим аст, ки ҳама иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ барои

некўаҳволии мардум барномаҳои худро пешниҳод кунанд ва дар пешрафти ҳаёти мардуми Тоҷикистон ҳиссагузор бошанд. Иқтисодиёти Тоҷикистонро баланд бардоранд. На ин ки як гурўҳ барои манфиати сиёсӣ ва гурўҳии худ аз номи ислом сўистифода кунад. Мутаассифона, ҳоло ҳам баъзе гурўҳҳои муғриз бо сўистифода аз номи дин одамонро гўл мезананд ва бо даъватҳои ботил ва бардурўғи худ мехоҳанд ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд. Ҳар ҳизбу созмон бо нияти ташаккул ва пешравии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин хидмат ба Ватану миллат ва дар асоси садоқату посдории муқаддасоти миллӣ ташкил мешавад, вале дар асл созмондиҳандагони онҳо ба хотири ба даст овардани манфиатҳои хеш ва ба даст овардани ҳокимият дар сар орзуву ҳавасҳои осмониро мепарваранд. Бархе аз онҳо ба гуфтаҳояшон содиқ мемонанд ва қисмати дигари онҳо, ки ба дасти бегонагон идора ва маблағгузорӣ мешаванд, дар андак замон чеҳраи аслии онҳо кушода ва нияти шумашон бармало мегардад.

 

Яке аз ин гуна ҳизбҳое, ки ҳарчанд террористию экстремистӣ аз ҷониби суд эълон шуда, фаъолияташ батамом манъ шудааст, вале баъзе намояндагонаш то кунун дар кишварҳои ғарбӣ худро ҳомии адолату сарафкандаи зулм нишон дода истодааст, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст. Ҳарчанд кирдори нопок ва ғайриқонунии ин ҳизб кайҳо ошкор шуда, дар ҷинояти ғасби ҳокимият даст доштани он ба ҳукми исбот расида бошад ҳам, то кунун дар бархе шабакаҳои иҷтимоӣ хабари дар ин ё он давлатҳои ғарбӣ садо баланд кардани раиси он Муҳиддин Кабирӣ ба мушоҳида мерасад.

Аз ҷониби намояндагони расмии Ҷумҳурии исломии Эрон, махсусан раҳбари олии рўҳонии он Хоманаӣ ба ҳузур пазируфта шудани Кабирӣ ва расонаӣ шудани ин гуфтугў дар миқёси байналмилалӣ ва пеш аз ҳама дар худи Тоҷикистон вокунишҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Суоле хеле мантиқӣ ба арсаи тафаккур меояд, ки чаро маҳз Эрон ба оламиён нишон дод, ки ба Кабирӣ таваҷҷуҳ дорад? Дар ҳамон замоне, ки мулоқоти Хоманаӣ бо Кабирӣ сурат мегирифт ва Кабирӣ ба анҷумани эронӣ роҷеъ ба ваҳдати муслимин даъват шуда буд, дар Интерпол аллакай оид ба дастгир шудани ў аз ҷониби Тоҷикистон дархост шуда буд. Яъне ҷониби олимақоми Эрон хуб медонист, ки Ҳукумати Тоҷикистон Кабириро  ҳамчун шахсияти ҷиноятпеша эътироф кардааст ва ў бояд дар назди қонун посухгўи амалҳои хеш бошад. Бо вуҷуди ин, дар Эрон бо Кабирӣ муносибати хеле боэҳтиромона карданд ва бо чунин «эҳтиромгузориашон» намунаи хеле дағали беэҳтиромӣ ба мақомоти расмии Тоҷикистон зоҳир намуданд.

Чунонки ҳамагон медонем, байни Тоҷикистону Эрон аз давраи оғози истиқлолияти Тоҷикистон муносибатҳо хеле боэҳтиромона ва барои ҳарду кишвар судманд ҷараён доштанд ва ин муносибатҳо назокате низ доштанд: мо ҳамеша мегўему мепиндорем, ки як сарзамини таърихӣ, фарҳанги муштарак ва як дини умумӣ бо номи ислом дорем. Ҳофизу Саъдӣ ва Фирдавсии бузургворро аҷдоди умумии хеш мепиндорем…

То ба дирўз тамоми дастгоҳҳои таблиғотии кишвари мо мардумро талқин менамуданд, ки дар таъсиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон кишвари Эрон нақше надорад, инкор мекардем, ки Эрон пуштибони ин ҳизб аст, ҳеҷ амале зидди сулҳу суботи Тоҷикистон намекунад, мухолифони ваҳдат ва осудагии кишвари моро намепазирад. Аммо ҳаводиси ахир тамоми андеша ва интизориҳои моро аз кишвари Эрон ба боди фано дод. Зеро дастгирии Кабирӣ аз ҷониби Эрон маънои дастгирии душманони кишвари моро дорад. Ин сиёсат комилан зидди манофеи Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр буд ва ҳаст. Чунин амалкарди Эрон боз ҳам суханони Ҳофизро ба ёд меоранд, ки фармуда:

Мо зи ёрон чашми ёрӣ доштем,

Худ ғалат буд, он чӣ мепиндоштем…

Имрўз ҲНИТ гурўҳест, ки худро пушту паноҳи ҳуқуқи башар ва ғамхори мардум меҳисобад. ҲНИТ аз ҳамин гуна фитнакороне ҳастанд, ки осудагии мардум ва зиндагии амни онҳо барояшон арзише надорад. Онҳо танҳо дар паи манфиатҳои худашон ҳастанд. Онҳо коре мекунанд, ки ҳамин равиши зиндагӣ тағйир дода шавад. Боз аз нав Ҳизби наҳзати исломӣ рўи кор биёяд, гурўҳҳои зиёди зиёнкор фаъолияти озод дошта бошанд, мубориза барои мансабу вазифа мисли солҳои 90-ум идома ёбад. Таҳти мафҳуми ҳуқуқи башар онҳо танҳо манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гурўҳии худро мефаҳманд ва аз ин болотар чизеро дида наметавонанд. Аз ҷумла дар пойтахти Полша – шаҳри Варшава, дар ҷаласаи солонаи Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо – САҲА баргузор намудани намоиши эътирозӣ маънои онро дорад, ки ин созмони ҳуқуқи башар онҳоро дубора рўи саҳнаи сиёсат биёрад.

Душманони миллати тоҷик хуб медонанд, ки натанҳо сиришти одамӣ, балки ғаризаи ҳайвонот низ ҳамин аст, ки аввал зери пояшро тоза карда, сипас осуда ва роҳат мехобад. Хоҷагони хориҷӣ ба ин иктифо накарда, зархаридҳои тоҷики хешро ба минбарҳои баланди ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бароварда истодаанд, ки садояшон баландтару фиғони бемантиқашон гўшхароштар бошад, то битавонанд бо истифода аз ресмону танобҳои ин созмонҳо дар ҷомеаи сулҳофару сулҳдўсти Тоҷикистон монеаҳо эҷод кунанд. Хоҷагони ғараздор аз ҳақиқати кор фаромўш кардаанд, ки имрўз миллати тоҷик, бахусус ҷавонон бо ташаббуси давлату ҳукумати Тоҷикистон миллати ҳушёру ҳамешабедор шудаанд ва намегузоранд, ки дигар ягон фитнаву иғвои мухолифин самар диҳад. Ё ба қавле «ғавғои сагон кам накунад ризқи гадоро…»

Ҳоло ҷониби Эрон ҳамин ақидаро тавассути пуштибонии аёну ноаёни хеш аз Кабирӣ нишон дода истодааст, ки гуиё дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдори мазлумини роҳи ислом аст ва масъаларо тавре шарҳ медиҳанд, ки ҳар нафаре, ки ҷиҳати таалуқоташ ба ислом зулм дида бошад, Эрон новобаста аз муносибаташ бо ин кишвар он ҷабрдидаҳоро зери сояи марҳамати хеш мегирад. Аммо дар муносибат бо Кабирӣ масъала ранги тамоман дигар дорад. Кабирӣ на ранҷу азиятдида, балки барои миллату кишвараш хиёнат кардааст ва ба ҳеҷ ваҷҳ ўро ба категорияи «мазлумин» дохил кардан мумкин нест. Ба ёд биёрем, ки яке аз олимони соҳаи ҳаста – қаблан сокини Эрон чандин солҳо дар Амрико ба сар мебурд ва баъди бозгаштанаш ба Эрон танҳо бо ҷурми он ки дар Амрико буд, қатл карда шуд. Бубинед, як шахсияти олим танҳо ба ҷурми дар кишвари барои Эрон гўиё душман зиндагӣ карданаш ҳукми қатл гирифт. Яъне ҷониби Эрон дар масъалаи ташхиси ҷинояткорони худиву бегона ҳамоно қолабҳои дугонаро истифода мебарад. Яку якбора сард шудани муносибатҳои Эрону Тоҷикистон аз пушти Кабирӣ ҳамин маъноро медиҳад, ки Эрон дар масъалаи фаъолияти ҲНИТ бетараф набудааст, бархилофи ҳама андешаҳои пешина.

Андешаи дигар ин аст, ки солҳои сол мо ба Эрон ҳамчун кишваре, ки бо мо фарҳангу маънавияти муштарак дорад, менигаристем. Анқариб тамоми кишварҳои аврупоӣ бо он ки Эрон барномаи ҳастаӣ пиёда мекунад, додугирифт намекарданд, санксияҳои кишварҳои гуногун иқтисоди Эронро ба танг оварда буд. Тоҷикистон бархилофи ин ҳама муносибатҳои хушунатомези аксар кишварҳои ҷаҳон нисбат ба Эрон муносибатҳои худро дар ҳама соҳаҳо бо Эрон густариш дод. Чандин шартномаҳои ҳамкорӣ баста шуданд. Ҷониби Эрон низ якчанд лоиҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла бунёди нақби «Истиқлол»-ро дар Тоҷикистон амалӣ кард. Ташрифи шахсиятҳои воломақоми ҳарду ҷониб ба таври мунтазам сурат мегирифтанд. Аҳли фарҳанг ва илму маданияти Тоҷикистон дар ҳама чорабиниҳо ва ҷашнвораҳои Эрон ширкат мекарданд. Эрон тавассути муносибатҳои гарм ва бародарвори Тоҷикистон ба минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун яке аз бозингарони сиёсӣ ворид шуд. Дар ҳама ҷаласаҳои Созмони ҳамкории Шанхай Тоҷикистон аз иқдомоти Эрон пуштибонӣ мекард. Ин гуна мисолҳоро зиёд овардан мумкин аст. Яъне дар маҷмўъ, муносибатҳо то пайдо шудани Кабирӣ дар саҳнаи сиёсати Эрон хеле хуб, самимӣ ва дилгармона буд. Ҳарчанд таърихро баргардонидан имкон надорад, вале бо вуҷуд, Эрон ҳаққи маънавӣ надошт, ки Кабириро пазироӣ кунад ва ба ҷаласаи расмии анҷумани ваҳдати муслимин даъваташ намояд. Мебоист аз мавқеи расмии давлати Тоҷикистон кор мегирифт. Барои манфиати як ҳизби террористӣ ва экстремистӣ шуда, манфиати миллат ва давлати Тоҷикистонро сарфи назар намекард…

Аммо чизе, ки гузашт, дигар барнамегардад. Ҳоло, ки кор аз кор гузаштааст, дар фикри оянда бояд буд. Оё дубора муносибатҳои мову Эрон гарм ва сардиҳо аз байн мерафта бошанд? Ин суол дар сари ҳама чарх мезанад, дар матбуот низ гуфтугў аз ин мавзўъ зиёд аст. Гумони ғолиб ин аст, ки беҳшавии муносибатҳои мову Эрон аз худи эрониҳо, мавқеи расмии онҳо дар масъалаҳои манфиати миллии Тоҷикистон вобастагӣ дорад. Онҳо бояд ба дарки ин масъала оянд, ки ҲНИТ ва раҳбари он Кабирӣ хилофи ҳама қонунҳои Тоҷикистон амал кардаанд ва бояд муҷозот шаванд. Шояд эътирофи ҳамин ҳақиқат ва гусастани ҳама муносибатҳо бо намояндагони ин ҳизби аз фаъолият манъшуда дубора муносибатҳои Тоҷикистону Эронро барқарор намояд.

Масъалаи дигар – муносибати духўраи баъзе созмонҳои ба ном ҳимоятгари ҳуқуқи башар нисбат ба Кабирӣ аст. Интерпол низ гўиё аз хатти кашидаи онҳо берун намеояд. Вагарна, кайҳо тибқи дархости Тоҷикистон ин ҷинояткорро боздошт намуда, ба ватанаш месупорид. Аслан, бо стандартҳои дугона амал кардани созмонҳои ғарбӣ чизи наве нест. Дунёи Ғарб гўиё бо терроризму экстремизм набард эълон кардааст, аммо дар масъалаи ташхиси ин қабил ҷинояткорон то ҳол сиёсати дуҷонибаро ба кор мебарад. Сарфи назар кардани мавқеи расмии Тоҷикистон нисбат ба Кабирӣ барои онҳо ҳамчун воситаи фишор овардан ба ҳукуматҳои миллӣ истифода мешавад. Ин навъи сиёсат асрҳои аср дар Ғарб маъмул буд ва бо вуҷуди даҳҳо маротиба тағйир хўрдани тарзи ҳаёт дар олам то кунун идома меёбад. Истифода бурдани «карта»-и Кабирӣ дар маҳфилҳои ғарбӣ табиист, ки манфиати геополитикии баъзе кишварҳоеро дорад, ки дар нисбати Тоҷикистон бо назардошти муносиботи он бо Федератсияи Россия ва узвият дар баъзе созмонҳои сиёсии минтақавӣ хушбин нестанд ва тавассути ин шахсият исбот кардан мехоҳанд, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ташвишовар аст. Хулоса, шахсияти Кабирӣ ва баромадҳои ў, иштирокаш дар маҳфилҳои баъзе кишварҳо як навъ василае ё абзори сиёсатҳои калон дар сатҳи байналмилалӣ шудааст. Аммо дер ё зуд ин васила куҳна мешавад ё асолати худро аз даст медиҳад. Дер ё зуд ҷомеаи байналмилалӣ ба фаҳми дурусти воқеиятҳо мерасад ва мўй аз хамир ҷудо карда хоҳад шуд. Посухи ин ҳама баррасиҳо дар исломи мубин вуҷуд дорад. Худованд фармудааст: «Ва Худоро аз он чи ситамкорон мекунанд, бехабар мапиндор. Ҷуз ин нест, ки онҳоро барои рўзе мавқуф медорад, ки дар он чашмҳо хира шаванд».

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj