• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Бузургонро бузургон зинда медоранд…

Имрӯз ҷаҳони муосир дар бархурди манфиатҳо, муборизаҳои геополитикии бемислу монанде дар таърих қарор дорад. Гузашта аз ин инсоният ба муаммоҳое чун терроризму экстремизм, гардиши гайриқонунии маводи мухаддир ва мушкилоти экологӣ рўбарўст. Дар қисматҳое аз олам гуруснагӣ, нарасидани оби ошомиданӣ, бемориҳои сироятӣ мушкилоте ҳастанд, ки инсоният дар ҳаллашон оҷиз мондааст. Ин ҳама дар маҷмуъ боиси мубориза ва сиёсатҳои духўра гардидааст. Ба гуфтаҳои боло меафзоем, ки дар ҳамсоякишвари мо – Афгонистон беш аз 40 сол аст, ки оташи ҷанг аланга

дорад. Ва дар ана ҳамин ҷаҳони пуртазод, олами бархурдҳо кишвари соҳибистиқлоли мо – Тоҷикистони азиз қарор дорад. Тоҷикистоне, ки дар ибтидои соҳибистиқлолии хеш пешпо хўрд, гирифтори муборизаҳои бемаънӣ гашт. Бо вуҷуди бохтҳову мусибатҳои овардааш ин ҷанги шаҳрвандӣ барои мардуми мо як сабақи таърихиву бебаҳо дод: Дар ғами Тоҷикистон ба ҷуз Тоҷик, ба ҷуз мардуми худаш, ба ҷуз фарзонафарзандонаш касе нест. Яъне ин сарзамин, ин кишварро касе мисли худи мо дўст намедорад, касе мисли роҳбарияти Давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар фикри он нест. Ободиву осоиши ин сарзамин ба худи мо иртибот дорад. Агар мо соҳибмаърифат, худогоҳу худшинос бошем, касе наметавонад, осоишу суботи кишвари моро халалдор созад, теша ба решаи мо занад. Яке аз омилҳои ваҳдатсоз ин донистани таърихи миллат аст. Ва ин нуктаро борҳо Сарвари мамлакат зимни вохўриву мулоқотҳояшон бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа таъкид мекунанд. Мо бояд донем, ки гузаштагони мо кистанд, ба мо чиро мерос гузоштаанд ва мо - меросбарони онҳо кистему ба ояндагон чиро мегузорем. Донистани ин ба худшиносиву худогоҳии мо вобаста аст. Ва дар ин самт бояд иқрор кард, ки ҳеҷ замоне мисли имрўз шароите мусоид набуд. Ин шароити мусоидро барои мо истиқлолият фароҳам овард.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид зикр кардаанд: “Тавре олимони ҷомеашинос хулоса мекунанд, дар асри пуртазоди мо минбаъд унсури калидии ҳувият ва истиқлол на идеологияҳои сохта ва равандҳои маҳдуди мафкуравӣ, балки тамаддун ва гуфтугўи тамаддунҳо хоҳад буд. Бешак, умумияти фарҳангӣ аз ҳар навъ иттиҳоди идеологӣ бартар аст ва маҳз тамаддун ва посдории арзишҳои волои инсонӣ метавонад башариятро аз буҳрон ва касодии маънавӣ раҳоӣ бахшад. Ба ин хотир, баргузории солгарди бузургони илму адаб ва сиёсату фарҳанги миллӣ, қадрдонӣ ва ҳифзи мероси адабиву фарҳангӣ аз рукнҳои асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони соҳибихтиёр ба шумор меравад”.

Маҳз истиқлолият аст, ки мо торафт бештар ба гузаштаи пурифтихори худ рўй меорем, аз сабақи он баҳра мегирем. Фақат як нигоҳи иҷмолие ба солҳои истиқлолият кофист, ки мо ба чунин андеша расем. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ мо як силсила маъракаву ҷашнҳои муҳими илмиву адабӣ ва фарҳангиро бо иштироки донишмандон ва муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ дар сатҳи баланд баргузор намуда тавонистем. То соҳибистиқлолӣ мо ҳатто наметавонистем, аз баъзе ҷашнҳову шахсиятҳои илмиву фарҳангиамон ном барем, чӣ расад ба таҷлили онҳо.

Зимни суханронии худ пешвои муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 600-олагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дуруст қайд карданд, ки «Яке аз афзалиятҳои барҷастаи замони истиқлолият ин аст, ки имрўз мо имкони бештару беҳтари қадршиносӣ кардан ва ҳамзамон бо ин, муаррифӣ намудани фарзандони фарзонаи миллати соҳибтамаддунамонро ба ҷаҳониён дар ихтиёр дорем.»

Таҷлили ҷашни бошукўҳи 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700-солагии китоби «Авасто», ҳазораи «Шоҳнома», 1310-солагии Имоми Аъзам, 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кўлоб, бузургдошти Борбади Марвазӣ, устод Рўдакӣ, Абўалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Мавлавии Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Камолиддин Беҳзод, Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, устод Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва гайра аз ҳамин зумраанд. Ҷашни 3000-солагии Ҳисори Шодмон дар пеш аст. Ҳар яке аз ин ҷашну маъракаҳо дар роҳи худшиносиву ходогоҳӣ, соҳибмаърифатии ҷомеаи мо саҳифаи наве гардидаву мегарданд.

Дар соли равон дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашни Мавлоно Ҷомӣ ин як навъ эҳтиром ба таърих, адабиёт ва фарҳанги миллат буда, дар айни замон дар рўҳияи худшиносӣ ва арзишҳои олии башарӣ тарбия намудани насли нав аст.

Абдураҳмони Ҷомӣ тули умри дарозу пурбаракати худ барои наслҳои оянда осори пурарзиши илмию адабӣ мерос гузоштааст. Мавлоно ба масъалаҳои тарбиявию ахлоқӣ диққат дода, таъкид менамояд, ки ҷавононро аз кўдакӣ бояд тарбия кард, ба роҳи рост ҳидоят намуд, зеро ба ақидаи шоир, ҷавонон ҳам ба мисли ниҳоланд. Агар ин ниҳолҳо аз хурдӣ тарбияи хуб ёбанд, ҳосили аъло медиҳанд ва ҷавонон низ чун ба камол мерасанд, корҳои нек ва судбахш хоҳанд намуд.

Чаро мо ин ҷо аз осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷомӣ танҳо сари тарбияи ҷавонону наврасон таваҷҷўҳ кардем? Зеро маҳз ҷавонон имрўз бештар гирифтори бархурдҳои ақидавию мазҳабӣ мегарданд. Ва қурбонии бештаре низ ҷавонон мегарданд. Бубинед, ки дар сафи ҳаракати зиддиисломии Давлати исломии Ироқу Шом аксаран ҷавононанд. Мутаассифона, дар сафи ин гуна ҷавонони роҳгумзада ҷавонони тоҷик низ дучор мешаванд. Ин ҳаракат ягон робитае ба дини мо, мазҳаби мо надорад. Ин ҳаракат рахнаандозе дар дини мову ҷомеаи мост. Чанд сол пеш Ҷаноби Олӣ зикр карда буданд, ки террорист миллату мазҳаб надорад. Ин сухани Сарвари мо як навъ ҷавоб ҳам ба онҳое буд, ки дар симои террорист  мусулмонро медиданду   ҳам ба онҳое, ки дар симои террорист муборизи роҳи ҳақиқату шаҳидро медиданд. Аз ин рў ҷавонони тоҷикро ҳушёриву зиракӣ мебояд, то ба доми ҳар гуна қаллобони сиёсии зери парчами дин амалкунанда наафтанд. Дини мубини ислом динест, таҳаммулпазиру инсонпарвар. Мутаассифона, касифоне онро чун дастгоҳи муборизаҳои сиёсии худ истифода бурдан мехоҳанд. Мехоҳанд ислом дар хидмати онҳо қарор дошта бошад. Шинохти ин касифон душвор аст. Зеро бо шиорҳои зебои адолату ҳақиқат мақсадҳои нопоки худро рўйпўш мекунанд.

Дар самти дуруст роҳнамоӣ кардани ҷавонон аз авлавиятҳои маорифи мо, тамоми ҷомеаи мост. Барои ин мо бояд ҳама яктану якҷон бошем. Ва аз шароите, ки истиқлолият бароямон фароҳам овардааст, барои худшиносиву худогоҳӣ ва ваҳдати миллӣ, барои пешрафти Ватани азизамон босамар истифода барем.

Сангин Гулов,

Абдумўъмин Қутбиддинов,

устодони факултети журналистикаи ДМТ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj