• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Мушкилоти ҷавонон ва роҳҳои ҳалли он дар ҷомеа

Вақтҳои охир масоили ҷавонон дар ҷомеа зиёд шудааст. Дар баробари мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, бекорӣ ва камбудиҳои ҷавонӣ ақидаҳои ифротӣ ва ғояҳои иртиҷоии «хориҷӣ» низ мафкураи ҷавонони моро табоҳ менамоянд. Ба ин амр як қатор омилҳо мусоидат менамоянд, ки баррасӣ намудани онҳо аз аҳамият холӣ нест.  Яке аз мушкилоти асосии ҷавонон дар ҷомеаи муосир ин поён рафтани меъёрҳои ахлоқӣ ба шумор меравад. Вақте ки муомилаи ҷавонон пур аз алфози фаҳшу қабеҳ бошад, вақте сухани дуруғ як меъёри муқаррарӣ бошад, вақте ки ришва одати маъмулӣ ба шумор равад, вақте ки дар назди сомонаҳои иҷтимоии вақти зиёд ва қиммати ҷавонон сарф шавад, пас вақти задани бонги хатар фаро расидааст. Дар замоне, ки тағйиротҳои бунёдӣ ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, ҷаҳонишавӣ хатари омезиши фарҳангҳо ва аз байн бурдани асолати миллиро таҳдид месозад, ягона умеди наҷоти миллат ҷавонони бофарҳанг ва баномус мегарданд.

Хатари дигаре, ки ба ҷомеа алалхусус ба ҷавонон таҳдид месозад ин густариши фаъолияти ҷараёнҳои ифротӣ ва иртиҷоӣ мебошад. Созмонҳои ифротӣ аз қабили «Ҳизб ут-Таҳрир», «Ансоруллоҳ», «Ҷунд-ул-лоҳ» ва «Ал- қоида» фаъолияти тахрибкоронаашонро бо шиорҳои исломӣ рупуш намуда, ҳадафи шикасти сохти конститутсионӣ дар кишварҳои минтақаро доранд. Хатари таҳдиди онҳо бо ғояи таъсиси Хилофати ягона, аз байн бурдани режимҳои давлатии мавҷуда, бо даъват ба ҷиҳод ва амалҳои зуроварӣ алоқаманд мебошад.

Барои ҷалби ҷавонон ҷараёнҳои мазкур аз тамоми василаҳо истифода менамоянд. Дар баробари ҳавасманд намудани ҷавонони ноогоҳ, ҷалби ҷавонон ба марказҳои махсуси таълимии динӣ, «кўмак»-ҳои молиявӣ, тарғиби ғояи мубориза алайҳи бединон ва соҳибмазҳабон татбиқ мегарданд. Иқдоми ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти баргардонидани толибилмоне, ки дар макотиби динии хориҷӣ таҳсил менамоянд, яке аз чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ маҳсуб мегардад. Мутобиқи дастури Сарвари кишвар сафоратҳои ҶТ дар хориҷа ба баргардонидани донишҷўёни кишвар пардохта, дар маҷмуъ тақрибан 3000 шаҳрвандони ҷумҳуриро баргардониданд. Возеҳ аст, ки дар сурати таъхир густариши ақоиди ифротӣ дар кишвар суръати баландро касб менамуд.

Фаъолияти густурдаи ҷараёни «Салафия» низ ба пояи ваҳдати мазҳабии аҳолии кишвар зарба зада, ақоиди иртиҷоиро дар мафкураи ҷавонон паҳн месозад. Онҳо аз риояи аркони исломи ноб ҳарф зада, пеш аз ҳама ваҳдати мусулмононро барҳам мезананд. Ғояи зарурат надоштани мазҳаб барои пайравони огоҳ маҳз ин ҳадафро пайгирӣ месозад. Аз ин рў пайравони Салафия мазоҳиби дигарро хоҳ суннӣ бошад, хоҳ шиа эътироф намесозанд. Танҳо тайи ду соли аввали фаъолият (солҳои 2007-2008) равияи мазкур зиёда аз 20 ҳазор нафарро (тибқи маълумоти расонаҳои ғайрирасмӣ) ба доми худ кашида, ба пояҳои амнияти мазҳабӣ, иҷтимоӣ ва равонии ҷомеа зарба мезанад. Мардуми кишвар, ки бо арзишҳои таҳаммулпазирӣ шуҳрат доранд, дар рў ба рўи хатари муассир бо пардаи динӣ қарор гирифтанд. Бо назардошти хатари ин ҷараён Суди олии Тоҷикистон 8 январи соли 2009 равияи «Салафия» - ро ба рўихати гуруҳҳои динӣ-ифротии фаъолияташон мамнуъ дар кишвар ворид намуд.

Боиси таъкид аст, ки яке аз омилҳои гароиши ҷавонон сатҳи пасти маърифати зеҳнӣ, надонистани арзишҳои ватандорӣ ва унсурҳои асосии динӣ ба шумор меравад. Ҳамзамон сатҳи баланди бекорӣ, сатҳи пасти иҷтимоӣ ва шароитҳои зиндагӣ, сарҳад бо Афғонистон ба ташаккули иртиҷоият миёни наврасон мусоидат месозад.

Аслан ақидаҳои иртиҷоӣ ва усулҳои фишору зуроварӣ аз замони ҷанги шаҳрвандӣ миёни аҳолӣ роиҷ гаштанд. Айни замон зиёда аз нисфи аҳолии кишварро насли ҷавон ва наврас ташкил медиҳад. Ҷавонон дар заминаи равобити баъди ҷангӣ ташаккул ёфта, тарзи муносибат ва усулҳои зўроварии рафторро шоҳид буданд. Аз ин рў барои расидан ба ҳадаф аз усулҳои зўроварӣ истифода менамоянд.

Мушкилоти дигаре, ки дар зеҳни ҷавонон ҷой гирифтааст, ин қиммати гарони манзили зист, хизматрасонии тиббӣ ва таҳсил, миқдори ками ҷойҳои кори арзанда ва бо маоши хуб ба шумор меравад.

Дар чунин шароити ҳассос чи кор бояд кард, то нерўи муқтадири ҷавонон ба самти созандагӣ ва рушд равона гардад. Тавре маълум рушди кишвар на танҳо бо муваффақиятҳои иқтисодӣ, балки бо сиҳатии маънавии миллат муайян мегардад. Таърихан яке аз арзишҳои суннатии мардуми мо фарҳанги ғанист, ки бо таърихи миллат ва унсурҳои ислом ташаккул ёфта, ҷомеаи моро ҷузъи тамаддуни исломӣ мегардонад. Аз ин рў масъалаи тарбияи ҷавонон дар руҳияи меъёрҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ ва динӣ яке аз масоили муҳим дар кишвар ба шумор меравад.

Маҳз таҳкими ватандўстӣ яке аз роҳҳои эҳёи ҷомеа ва кишвари Тоҷикистон мегардад. Ватандўстӣ бунёди сохтори иҷтимоии кишвар буда, асоси маънавӣ – ахлоқии ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Айни замон дар ҷомеа зарурати фаъолшавии фаъолияти муштараки созмонҳои давлатӣ, динӣ ва ҷамъиятӣ дар самти тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандўстӣ ва ахлоқи ҳамида фаро расидааст. Ҳар як шаҳрванд бо шарофати худшиносӣ метавонад ба татбиқи идеологияи давлатӣ, ки барои ҷомеа муҳим мебошад, мусоидат созад.

Имрўз вазифаи асосии ҳар як инсон ва аҳолии Тоҷикистони мустақил ин доштани тасаввуроти возеҳ оиди аҳамияти таърихии ғояҳои ватандўстӣ ва дўстии халқҳои Ватани худ ба шумор меравад. Масъалаи мазкур ба хусус дар шароити Тоҷикистон, ки дар он намояндагони 80 миллату халқиятҳо зиндагӣ менамоянд, аҳамияти хосса дорад.

Вазъи ҳозираи  кишвар тақозо менамояд, ки миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри дарки амиқи моҳият ва мундариҷаи ватандўстӣ бо мақсади табдили ин ғояҳо ба афкори ҳар як шаҳрванд ҷоннок гардад.

Ҳалли ин масъала аз фаъолияти мунтазами  ғоявии мақомотҳои давлатӣ, аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятиву динӣ вобаста мебошад.

Имрўз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро мебояд оиди аҳамияти таърихии ватандўстӣ дониста, арзишҳои онро риоя намояд. Барои расидан ба ин ҳадаф дар Тоҷикистон тамоми имкониятҳо мавҷуданд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj