• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Ватан сарзамини меҳр аст, ки фароварди орзуву омолҳои неки моро ғалаёни туғён он ҷост ва, албатта, он ҳам, аз ишқи поки инсонӣ маншаъ мегирад ва дар дидгоҳи мо бо ҳар қатра обу хоки муқаддаси Ватан бузургӣ касб мекунад. Муқаддас аз он аст, ки ҳавояш навозишгари рўҳ асту обу хокаш ангезаи вуҷуд, ки дар фаросўи ёдҳо арзани вафо мекорад, ба мисле ки асрҳо қабл аз ин устоди шуаро Абўабдуллоҳ Рўдакӣ фармуда буд:

Бўйи ҷўйи Мулиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме…

Ҳақ бар ҷониби устод Рўдакист. Дўстдоштатарин ёди ҳар як фард бо меҳри Ватан пайванд аст ва ҳар куҷо, ки ҳастем, бо номи Ватан аз фарози ёдҳое, ки ҳастии моро рўҳ мебахшад, рушд мекунем.

Аслан, ҳеҷ як инсон  наметавонад худро, ҳатто як лаҳзае бе ёди Ватан тасаввур кунад. Ватандорӣ ҳам шоҳроҳи номусу нанг аст ва инсон, ки исми хос аст, ҳар зуҳуроте, ки пайваста дар муҳити  ў рух медиҳад,  асари ҳастии ўст. Бешак, таъсири инсон ба муҳити худ бояд бо ҳисси баланди худшиносӣ ҳукмфармо гардад. Ин омилест, ки инсонро барои ояндабин будан вазифадор мекунад.

Бо пешрафти илму техника ва ҷаҳонишавӣ аксаран дар фаҳмиши ҷавонон низ ҳисси ватандўстӣ мароми дигарро мегирад, аммо ин табодулоти фикрию зеҳнӣ ҳеҷ гоҳ наметавонад барои ҳифзи шарафу муқаддасоти миллӣ дар ҷомеаи солим халал ворид созад. Чун ҷомеаи мо низ дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ қарор дорад, пайравии ҷавонон ба ҳар гуна мафкураҳои носолим дар амну суботи мамлакат нигаронкунанда ба назар мерасад.

Кадом омилҳое метавонад барангезандаи ин гуна зуҳурот дар ҷомеа гарданд? Таҷрибаи ками рўзгор ва надоштани дониши сиёсӣ аввалин заминаҳои ба вуҷуд омадани ҳар гуна ҳизбу ҳаракат ва падидаҳои номатлуб дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аммо, аз ҷониби дигар, шўру ғурури ҷавонӣ ҳам дар сар задани ин гуна зуҳурот сабаб шуда метавонад, чунки ҷавонӣ худ мисоли оташест, ки агар дар он ҳикмату маърифат ба ҳадди лозима бошад, ин оташ гармибахшу нурафкан мегардад, дар акси ҳол оташ метавонад дар як нафас ҳамаро хокистар кунад ва равшаниро ба зулмот бадал кунад. Ба ин маънӣ Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ фармудаанд:

Оташ арчи сурхрўй аст аз шарар,

Ту зи феъли ў сияҳкорӣ нигар.

Иддаои Ғаззолӣ аз қавли «Ҷавонӣ ҳамшираи девонагист ва пирӣ ҷуфти фарзонагӣ» шаҳодати ин гуфтор аст. Танҳо илму маърифат, ки дар натиҷаи мутолиаи пайваста ба инсон муяссар мешавад, сурати аслии ишқу садоқатро ба Ватану атрофиён бедор мекунад. Шахси соҳибилм метавонад, назокати ҳар арзишеро, ки дар зиндагӣ қоил аст, сазовор бошад ва ҳаёти осудаю хушеро ба сар дошта бошад. Аз  ҷониби дигар, шахси соҳибилм худогоҳу ояндабин аст ва оламу атрофро аз рўйи тасаввуроти худ, яъне дар фазои донишҳои пайдокардааш баҳо медиҳад, на аз рўйи мушоҳидаву гуфтаҳои дигарон. Ҳатто  паёмбари ислом Муҳаммад(с) чунин гуфта, ки «аз наҳв биомўзед, бад-он қадр, ки сухан рост гўед ва ҳар чӣ бархонед, рост бархонед», ки хулосаи мантиқии андешаи солими ҳар қавму миллат дар мавриди донишандўзӣ аст. Дар муайян намудани мартабаи шахси хирадманд Муҳаммад Ғаззолӣ ҳатто мавқеи душмани бохирадро аз дўсти нодон авлотар дониста, дар «Насиҳат-ул-мулук» овардааст, ки: «Нўшервон Бузургмеҳрро гуфт: «Киро хостӣ, ки хиради ў бештар будӣ?»  Гуфт: «Душмани хешро». Гуфт: «Чаро?» Гуфт: «Аз баҳри он ки то аз бадӣ эмин будӣ», ки баёнгари матлаби «Аз дўсти нодон душмани доно беҳ» аст.

Ва Мавлоно ҳам дар ишора ба ин нукта мегўяд:

Гуфт пайғамбар: «Адоват аз хирад

Беҳтар аз меҳре, ки аз ҷоҳил расад».

Илму маърифат калиди ҳама  корҳост ва шахс танҳо дар натиҷаи омўхтан метавонад ба камолоти ақл бирасад ва дари худшиносиро барои хеш боз намояд. Нуктае ҳаст аз Ғаззолӣ, ки гуфта: «Ва ҳар чиз, ки бисёр гардад, хор гардад, магар хирад, ки ҳарчанд бештар бошад, худованди ў азизтар бувад. Хирадманд ҳаргиз ғамгин набошад, зеро ҳаргиз коре накунад, ки аз он ғамгин шавад ва ғаме нахўрад, ки он набояд хўрдан» ва ин бори дигар собит менамояд, ки танҳо тавассути донишу маърифат инсон метавонад ба қуллаҳои баланди кору зиндагӣ бирасад, яъне:

Хотами мулки Сулаймон аст илм,

Ҷумла олам сурату ҷон аст илм.

Пас, ба андешаи Мавлонои Рум, агар Ватан моро ба ҷои ҷон бошад, аз ин бармеояд, ки бо ҳарорати ҷонсўзи орзуву ормонҳо мо бояд ҷойгоҳи ўро бо маърифат мунаввар созем, то зиндагии мо аз он нуру зиё гирад, яъне бо маърифат рўшан сохтани хонаи Ватан як ҳушдории дигарест дар худшиносии мо, ки ваҳдати ду мақомро дар як ниҳод устувор месозад. Аз ин нигоҳ, зиндагӣ худ бархоста аз ваҳдат аст, ба маъние, ки дар он Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ишора намудааст:

Зиндагонӣ оштии зиддҳост,

Марг он, к-андар миёнаш ҷанг хост.

Инсон дар ҳамгироӣ бо кучактарин ҷузъиёти ҳаётӣ, ки бо бархурди ақл тафаҳҳус мешавад, метавонад аз худшиносӣ дарак диҳад, чунки боризтарин сифати инсонӣ, ки мояи ҷудоии ў аз тамоми мавҷудот мегардад, қудрати тафаккур ва ҷанбаи андешаварзии ўст. Воқеан, агар фаъолияти инсон дар зиндагӣ аз як зистан иборат бошад, пас ў гиёҳеро аз табиат мемонад ва агар зиндагии инсон дар мантиқи одии ифода эҳсоси ў фаҳмида шавад, пас, ҷонвареро аз табиат мемонад. Пас  зиндагии инсон ба унвони фаъолияти он ҷузъи рўҳи одамиро мемонад, ки баҳравар аз ақл аст.  Нақши ин ҷузъ ҳам итоат аз ақл аст ва молик будани ақлу тафаккур ва анҷом додани амалҳои худ мувофиқи ақл мебошад:

Гўштпора(й) одамӣ, бо ақлу ҷон,

Мешикофад кўҳро бо баҳру кон.

Пушти санаҳои сабтшудаи таърих, агар мо ба суроғи ин маъние, ки Ҷалолиддини Балхӣ зиёда аз ҳаштсад сол қабл гуфта буд, биравем, имрўз бо назари тааҷҷуб ҳақиқати онро метавонем пайдо кунем. Охир, Худованд танҳо ба инсон қудрату тавони андешаи волоро додаву сарриштаи гираҳкушои ҳама мушкилотро ба ў ато фармудааст.

Акнун дар раванди навовариҳои илмӣ ва фаннию техникӣ мо метавонем, ҳама аносири идеяҳои бузургро дар фаъолияти  инсон ба мушоҳида гирем. Бунёди сохтмонҳои азими аср, аз қабили нақбҳо, роҳу пулҳои аҳамияти бузурги байналмилалидошта, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ мераҳонанд, метавонад рушду инкишофи минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии мамлакатамонро таъмин намояд. Бинои як қатор Нерўгоҳҳои барқии обӣ дар кишвари азизамон низ аз ҳамин ибтикороти бузург ба шумор меравад.

Дастовардҳои бузурге, ки дар ҷодаи илму техника, пеш аз ҳама, рушди маънавии ҷавонон ба чашм мерасад, башорати самараҳои даврони истиқлол буда,  ҳар як ҷавони соҳибватанро водор менамояд, беш аз пеш дар устувории таҳкими пояҳои давлатдорӣ нақши худро гузорад, гузашта аз ин, барои пойдории сулҳу суботи мамлакат пайваста кўшиш намояд.

Албатта, бо ҳар як зуҳуроти нангине, ки дар ҳаёти мо ба  вуқўъ мепайвандад, набояд бо диди таҳқир нигарист, аммо низ набояд ба он чашм пўшид, чунки муҳофизону соҳибони ин Ватан мову шумоем. Бавижа, аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ, ки нисбати ҷавонон зоҳир мегардад, ҳаминро метавон гуфт, ки дар роҳи сарнавишти давлати тоҷикон нақши бориз доштани ҷавонон аз сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Президенти кишвар дарак медиҳад ва ҳисси ифтихору худшиносиро нисбат ба ин Ватану миллат дар ниҳоди мо боз ҳам дучанд менамояд. Дар баробари ин ҳама арзишҳои волои фарҳангӣ, Ватани маҳбуби моро дар тамоми мамолики ҷаҳон мешиносанду эътироф мекунанд ва далели он иштироки Президенти кишвари мо дар конгрессу симпозиумҳои байналмилалӣ  мебошад, ки ҳар як пешниҳоде, ки аз ҷониби роҳбари давлати тоҷикон мешавад, ба хубӣ ва ҷонибдории зиёд пазируфта мешавад ва ин роҳест, ки мамлакати моро миёни мамолики ҷаҳон бештару пештар номвар мекунад. Албатта, ҳар касе, ки  васфи Тоҷикистони зебоманзару дилраборо мешунавад, ҳатман орзуи диданашро дар дил мапарварад. Худ бубинед, солҳои охир чӣ қадар сафи сайёҳон ба кишвари мо афзудааст. Онҳо аз Руссия, Олмону Фаронса, Инглистону Амрико, Эрон, Афғонистону Ҳиндустон ва дигар мамолики ҷаҳон танҳо барои ошно шудан бо фарҳангу тамаддун ва дидани зебоиҳои Тоҷикистони азиз меоянд. Ин ҳама неъмати бебаҳои истиқлол аст ва мо бояд тавонем миллати тоҷикро ҳамчун миллати сулҳофарину нусратшиор ва бунёдкору ватандўст ба ҷаҳониён муррифӣ намоем.

Аз ин рў, дар ҳифзи арзишҳои миллии кишвар мо набояд беэътиноӣ зоҳир намоем, чунки бузургии ин давлату сарзамин аз бузургии фарзандони фарзонаи ўст.

Нависандаи фаронсавӣ Виктор Гюго аз даричаи нигоҳи худ ба ин масоил мепардозад: «Дар ҷаҳон халқи кам вуҷуд надорад…Бузургии халқро бо шумораи аҳолиаш намесанҷанд, ба мисле ки шахси бузургро бо қадаш чен намекунанд». Пас бигзор Ватани азизи мо-Тоҷикистонро ҳамон гунае бишносанд, ки шарари меҳри мардумаш мисли гармои офтобаш рўҳбахш бошаду дар он худшиносии ҳар як фарди бономусу нанги он ҳувайдо бошад.

Агар мо бо чашми хирад бингарем, сулҳу ваҳдат барои миллати тоҷик бо роҳи осон муяссар нашудааст. Барои ба ин ганҷҳои бебаҳо сазовор шудан мардуми шарафманди Тоҷикистон бо роҳбарию роҳнамоии Сарвари давлатамон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор кардани сохти конститутсионии кишвар ва аз байн бурдани низоъҳои шаҳрвандӣ  хизматҳои шоиставу арзанда кардаанд. Ин дар ҳолест, ки дар баъзе мамолики ҷаҳон (аз қабили давлати ҳамсоя - Афғонистон)  солҳои тўлонист, ки байни гурўҳҳои ҷудоихоҳ ва неруҳои ҳукуматӣ мухолифат вуҷуд дошта, то ҳол ҳалли роҳи онро наёфта истодаанд.

Аммо, мутаасифона, имрўз дар ҷомеаи мо низ баъзе ашхоси сабукандеш дар барангехтани низоъҳои дохилӣ худро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо зада, барои ноором сохтами вазъи кунунии ҷомеа талош меварзанд ва гўё он лаҳзаҳои пурдаҳшати ба сари миллати мо омадаро аз ёд бурда бошанд, ки дубора дар ин вартаи ҳалокат худро меафкананд, ки ин мояи ношукриву носипосӣ ба халқу Ватани хеш аст.

Худованд дар Қуръон шукр кардан бар ин ҷаҳонро беҳтар аз ҳама некиҳо фармудааст:  «Лаин шакартум лаазиданнакум ва лаин кафартум инна азоби лашадид», яъне «агар бад- ин, ки шуморо бидодам, шукр кунед, неъмату некӣ биафзоям ва агар носипосӣ кунед, неъмататон бигардонам ва азоби ман сахт аст».

Ба ин маънӣ Мавлоно фармудааст:

Шукри қудрат қудратат афзун кунад,

Ҷабр, неъмат аз кафат берун кунад.

Имрўз  аз имконоте, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дониш андўхтану соҳибилм шудани мо фароҳам овардааст, истифода накунем, носипосӣ зоҳир намудани мо нисбат ба ин неъмати бузург аст. Шукри беҳад, ки имрўз Худованд саодати фархундаро дар масири Ватандорӣ ба мо насиб гардонидаву  Тоҷикистони азизро ҳамчун як давлати соҳибтамаддуну дунявӣ дар миёни давлатҳои дигар соҳиби обрўву эътибори хосса гардонидааст. Фикр мекунам аз ин дида барои мо неъмати бузурге вуҷуд дошта наметавонад.

Бояд гуфт, ки худшиносӣ аввалин заминаи ҳар навъ ибтикороти бузург аст, ки сарчашмаи он маърифат мебошад.

Ҳар касеро бозсозӣ боядо,

Гар насозӣ худшиносӣ н-оядо.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj