• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Идеология

ТАҲАММУЛГАРОӢ АФЗАЛИЯТМАНД АСТ

Масъалаи терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ дар ҷомеаи имрӯза яке аз мушкилиҳои тамоми давлатҳои ҷаҳон мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба созмонҳои ифротӣ тамоми тадбирҳо андешида мешаванд.

Амалҳои ифротгароёна сабабгори нооромӣ ва таназзули миллат, аз фарҳангу забон ва муқаддасҳои миллӣ давлат мешаванд.

 

Экстремизм ва миллатгароӣ ва амалҳои дигари номатлуб кӯшиши тафриқаандозӣ, даҳшатафканӣ байни мардум мебошанд.

 

Экстремизми динӣ, қатъиян эътироф накардани ғояҳои динии дигар, муносибат ва рафтори хашин нисбат ба пайравони мазҳабҳои дигар, кӯшиши решакан, бартараф намудан ва то ба ҳалокат расонидани намояндагони динҳои дигар мебошад.

Экстремизми зиддиҷаҳонишавӣ назари радикалӣ ва рафтори бераҳмона нисбат ба ташкилотҳои ба фазои ҷаҳонишавии иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таъсиркунанда мебошад. Ифротгароён дар ҳаракатҳои зидди ҷаҳонишавӣ бо ташкили бетартибиҳои оммавӣ, истифодаи зӯроварии бевосита дар мубориза бо ширкатҳои трансмиллӣ, ниҳодҳои байналмилалии иқтисодӣ ва сиёсии характери ҷаҳонишавӣ дошта, иштирок мекунанд.

Экстремизми ахлоқӣ таҳаммулнопазирии шадид ба навъи муайяни меъёрҳои ахлоқӣ ва қоидаҳои рафторӣ, роҳ додан ба зӯроварӣ барои таблиғи маҷмӯи талаботи маънавӣ, накукорӣ ва аҳкоми динӣ аст.

Экстремизм аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» валотинии «eхtrеmus» гирифташуда маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои зишту тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон-дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён оянд.

Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба мушоҳида мерасад.

Экстремизм эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад.

Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоеанд, ки дар дунёи имрӯза серистеъмол шудаанд ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошанд. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Сиёсати динии давлати абадқудрати Шӯравӣ, ки замоне ҷумҳурии мо низ як ҷузъи таркибии он буд, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд. Таъбири (тезиси) машҳури К.Маркс «Дин барои мардум афюн аст» шиор ва моҳияту мақсади муносибат ба дин қарор дода шуда буд.

Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илм ҳеч вақт душмани дину имон набудааст, балки бар зидди хурофот, кӯҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод ҳарф задаст. Ягон мутафаккир ё донишманди асил бар зидди дин набаромадааст, танҳо хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.

Яке аз омилҳои тезутунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои Ғарб маҳз ҳамин сиёсати риёкорона, муғризона, дурӯягӣ ва мунофиқона аст, ки он боиси пайдо шудан ва густариши мухолифат байни пайравони дини ислом ва масеҳият, тамаддуни Шарқу Ғарб ва дар айни замон тавлиди ҷараёнҳои тундрав (экстремистӣ) дар дину мазҳабҳои ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ гардида.

Ин амали зиштро собиқ муншии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун шадидан маҳкум намуда, таъкид карда буд, ки «чунин аъмол зидди кӯшишҳои СММ ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ дар роҳи муваффақ шудан ба таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми фарҳангу адёни ҷаҳонӣ аст. Рафтори номақбули чанд нафар бадкеш набояд мухолифатро байни динҳо эҷод кунад».

Баъди суқути давлати абадқудрати Шӯравӣ ва ба вуҷуд омадани давлатҳои соҳибихтиёр, аз байн рафтани идеологияи ҳукмрони атеистӣ муносибат ба дину диндорӣ дар ҷумҳуриҳои тозаистиқлоли собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон комилан тағйир ёфт. Акнун мардум ба мероси гузаштагони худ ва анъанаҳои диниашон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва эътибори махсус медиҳанд.

Гуногунандешӣ ва таҳаммулпазирӣ таҳкурсии ғоявии эътиқоди динии шаҳрвандони кишвар гардидааст. Сиёсати давлат бар зидди дин нигаронида нашуда, баръакс ба ҳимояву нигаҳдории фарҳанги миллӣ ва дин ба ҳайси як рукни муҳими сиёсати фарҳангӣ ва иҷтимоӣ нигаронида шудааст. Барои мусалмонони кишвар, ки аксарияти мутлақи сокинони ҷумҳурии моро ташкил медиҳанд, тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст, то ниёзҳои эътиқодии худро ба таври озод амалӣ созанд. Дар натиҷаи тағйири муносибати давлат ба дин ва созмонҳои динӣ, ташаккул ёфтани вазъи нави динии ҷумҳурӣ имрӯз сатҳи диндории мардум хеле боло рафтааст.

Уламои дин ва зиёиёни тоҷик бояд ҳамфикр бошанд, манфиатҳои умумимиллӣ, умумидавлатиро аз ғаразҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ, мазҳабӣ, шахсӣ боло гузошта, ҷомеаро ба ихтилоф, ҷудоӣ ва хатару нооромӣ мувоҷеҳ насозанд.

Абдулҳафиз Расулов, сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj