• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

АРЗИШҲОИ БАШАРӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ

Арзиш мафҳумест, ки дар илми таълиму тарбияти инсон – педагогика рукнҳои махсуси муқарраргардидаи иҷтимоиро дар худ фаро мегирад, ки он дар шаклҳои мусбату нек, зебову савоб, равою ҳақ, қобили қабули умум гардида, дар ҳаёти инсон нақши худро мегузорад. Арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ мутааллиқ ба тамоми инсоният ва халқҳо буда, сарвати маънавии ҷомеаро ташкил менамоянд.

 

Бузургтарин арзиши инсонӣ маънавиёт аст. Устод Маҳмадулло Лутфуллоев бар он ақидаанд, ки арзишҳои умумибашарӣ чунинанд: инсон ва ҳуқуқҳои он; сулҳу оромӣ ва осоиштагию ҳамдигарфаҳмӣ; замин ва чор унсури он (хок, об, бод, оташ); ватани ягона ва муқаддас; оила, касбу кор; илму дониш; фарҳанг ва муҳаббат.

Ба андешаи мо, муҳаббат ба Ватану ватандорӣ, лафзи модарӣ ва забони миллӣ, шаъну шараф, шарму ҳаё, нангу номус, иззату нафс, риоя намудани одоби муошират, таҳаммулпазирӣ, сулҳхоҳиву сулҳдӯстӣ, иҷрои амали савобу накукорӣ ва ғайраҳо маҷмӯи сифатҳои шахсию меъёрҳои ахлоқиро ифода менамоянд, ки дар таркиби арзишҳои умумибашарӣ мавқеи хоса доранд. Ин арзишҳо ҷузъи таркибӣ ва ҷудонашавандаи фарҳангу арзиши умумибашарӣ буда, ҷабҳаҳои инсонгароӣ доранд. Инсон ва бузургии ӯ волотарин арзиши умумибашарист.

Ҳуввияти миллӣ, ё худ, шинохти миллӣ, ки бо тарзи фикрронӣ, андешаву амалҳо, ҷаҳонбинӣ, фаҳмишу ақидаҳо, рафтору амал, гуфтору пиндор ҳар як халқро шинохтаи ҷаҳон мегардонад, маҷмӯи арзишҳои миллию умумиҷаҳониро роҳандозӣ менамояд. Ҳуввияти миллӣ, фарҳангу тамаддуни миллӣ ба воситаи анъана, расму оин, маросиму таомул, одату амалҳои расмӣ аз насл ба насл дода мешаванд ва онҳо нақши тарбиявӣ доранд.

Таҳлили тадқиқотҳои илмии соҳаҳои психология, педагогика, этнопедагогика, фарҳангшиносӣ, мардумшиносӣ (этнография ва этнология) нишон медиҳад, ки анъана, расму оин, ҷашну маросимҳо дар тарбия ва ташаккули шахсияти бачаҳо ва шаклгирии ҳуввияти миллӣ нақши муҳим доранд. Риоя ва иҷро намудани маҷмӯи муайяни анъана, расму оин, ҷашну маросимҳои хонаводагӣ ва миллӣ оид ба таваллуди фарзанд (гаҳворабандон, мӯйсаргирон, чиллагурезон), таҷлили зодрӯз, хатнасур, дафну азодорӣ, маросими ҳаҷ ва ҷойи баргузории ҷашну маросимҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба низом дароварда шудааст.

Бояд қайд кард, ки яке аз арзишҳои маънавӣ, ифодагари фарҳангу тамаддуни ҳар як халқ, аз ҷумла, тоҷикон забон аст, ки омӯзиши он аз муҳаббати модарон дар шакли сурудҳои алла, шеъру таронаҳои навозишию дӯстдорӣ оғоз мегардад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «мо чеҳраи хоси миллӣ, забони ширини волои шоирона, таърих, адабиёт ва фарҳанги ғановатманд, мазҳаби таҳамулгаро, расму оини миллӣ, хулоса, аз муҳити хонавода то шаҳрдориву давлатдорӣ тамоми арзишҳои миллиро дорем ва бояд бо онҳо ифтихор намоем».

Яке аз анъанаҳои қадимаи тоҷикон аз гаҳвора то охири умр аз худ намудани забони модарӣ аст. Модарон дар суруди «алла» бештар бо оҳанги махсус орзую нияти неки худро нисбат ба фарзанд ифода менамоянд ва ҳангоми муоширату ҳаёти ҳаррӯза лафзи худро меомӯзонанд. Маҳз овозу оҳанги суруди модар диққати кӯдакро ба худ ҷалб менамояд. Кӯдакон аввалин овозу калима, баъдтар ибораву ҷумлаҳоро дар гуфтори худ истифода мебаранд ва оҳиста – оҳиста, тӯли давраи томактабӣ забони модарии худро ёд мегиранд, боигарӣ, нозукӣ ва сохтори забонро ба таври амалӣ аз худ менамоянд.

Тарбияи инсонгароӣ ва инсондӯстӣ дар назария ва амалияи тарбияти халқи тоҷик мавқеи хоса дорад. Он ҳамчун арзишҳои умумиинсонӣ ҷойгаҳи густурдаи худро соҳиб шудааст. Тарбия ва шаклгирии инсонгароӣ дар одату анъана, расму оин ва муоширату муносибати одамон роҳандозӣ мегардад. Худи мафҳуми тарбия кардан, ғамхорӣ ва парвариш намудан, муҳофизат кардан, меҳрубониву дӯстдорӣ зоҳир сохтан ифодагари инсонгароӣ нисбат ба насли наврас, дирӯзу имрӯз ва фардои неки халқу миллат аст.

Ҷавонмардиву инсонгароӣ дар мардуми тоҷик одамгарӣ, одамият, накукорӣ, некрафторӣ, хайрандешӣ ва дигар хислатҳои неки инсониро муттаҳид карда, соҳиби чунин сифатҳо гардидан яке аз нишонаҳои инсон дониста мешавад. Волидону устодон ба фарзанд, шогирд муроҷиат карда мегӯянд: Одам шав! Чунин муроҷиату дархости онҳо ба маънои иҷрои қоида ва меъёрҳои ахлоқӣ, сифатҳои хуби ахлоқию олами бойи маънавӣ, дарёфти мавқеи худ мебошад.

Анъанаи қадиму муҳими имрӯзи тоҷикон тарбияи ҳиссиёт ва амалҳои ватандӯстиву ватанхоҳӣ, ифтихори миллию худогоҳии миллӣ аст. Махсусан, дар даҳсолаҳои охир тарбияи ватандӯстӣ вобаста ба тағйироту дигаргуниҳои иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангии ҷомеа зарурати махсус пайдо кард. Таъмин намудани якпорчагии Тоҷикистон, ҳифзи ҳудуду сарҳадҳои он, ҳифзу афзун гардонидани сарватҳои моддию маънавӣ, сулҳу ваҳдат аз ҳар як шаҳрванд ҳиссиёту амали ватандӯстиро талаб менамояд. Дар иҷрои ин вазифаи муқаддас волидону омӯзгорон аз мероси классикони адабиёти форсу тоҷик, зарбулмасалу мақолҳо, адабиёти муосир, намунаи ҷавонмардиву қавииродагии фарзандони фарзонаи халқ ва дигар роҳу усулҳои таъсиррасонӣ ба шуур, ҳиссиёт ва рафтори бачаҳо истифода мебаранд.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияи падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (2011) баҳри болоравии фарҳангу тамаддуни тарбиявӣ таъсири ҷиддӣ расонид. Дар фаъолияти таълиму тарбиявии хонавода ва таълимгоҳ (кӯдакистон, мактаби таҳсилоти асосӣ ва миёна, мактаби олии тахассусӣ ва таҳсилоти миёнаи асосӣ) масъулияту ҷавобгарӣ зиёд гардид. Вақти он расидааст, ки волидайн ба пешгирӣ намудани амалҳои номатлуби фарзандон диққати ҷиддӣ диҳанд, то ки дар оянда онҳо ба чанголи ҷинояткорон наафтанд. Волидону мураббиён бояд ба ташвиқу тарғиби амалҳои хайру савоб, дастовардҳои хуби хонаводагӣ диққати махсус дода, устувории оиларо таъмин намоянд ва дар солимгардонии маънавию камолоти ҷисмонии фарзандон саҳми босазои хешро гузоранд.

Б.МАҶИДОВА, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, А. ҒАФФОРОВ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj